Намоиши китоб. Кӯдакон-ояндасози ҷомеаи навин

КитобКӯдакон арзишмандтарин сармояҳои инсонии ҳар кишвар ба шумор  мераванд,  зеро  дар сохтани ояндаи ҳар ҷомеа  нақши муассире хоҳанд дошт. Кӯдакон бидуни шак ояндаи инсониятанд. Ин аст, ки таваҷҷуҳ ба онҳо сол ба сол меафзояд ва ҷомеаи байналмилалӣ рӯзеро барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо муайян кардааст, ки он 1-уми июн аст.

Бино ба омори расмии СММ аз соли 1950 шумори умумии бачаҳои то синни 15-сола дар олам аз 0,87 миллиард то  1,96 миллиард дар соли 2018 расидааст.

Ё худ соли 2022 эълон шуда буд, ки аз 7 миллиарду 954 нафар аҳолии рӯи Замин 25 дарсади онҳо бачаҳои то 14-сола мебошанд.

Рӯзи 28 майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон як ҳамоиши ҷолибу диданӣ баргузор шуд, ки ташаббускори он шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон буд.

Бахшида ба ин рӯз шуъбаи тарғиб ва барномаҳи фарҳангии Китобхонаи миллӣ намоиши китоб ташкил кард, ки хоҳишмандон онро метавонанд дар ошёнаи панҷуми бинои Китобхона тамошо кунанд.

Дар намоиши китоб беҳтарин китобҳо барои бачаҳо аз муаллифони дохиливу хориҷӣ гирд оварда шудаанд.

 Нилуфар ИҒБОЛОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ