Намоиши наққошиҳои рассомони тоҷик дар шаҳри Тошканд

27-юми майи соли 2022 бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон дар толори «Хонаи аксҳои Тошканд» намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон баргузор гашт. Ташаббускори ин чорабинӣ Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон, Академияи рассомии Ўзбекистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва Академияи мусаввирии Тоҷикистон буд.

  

Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидзода ба сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, ки  дар намоишгоҳ мусаввараҳои рассомони машҳури тоҷик Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, Анваршо Сайфудинов, Зокир Собиров, Зиёратшо Довутов, Ахмед Юсупов, Олим Рабизода, Наргис Ҳамидова, Аҳтам Сафаров, Бахтиёр Одиназода, Носирбек Нарзибеков, Акмал Миршакар, Мизроб Холов ва дигарон ба маърази тамошо  гузошта шуд

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ  намояндагони вазорату идораҳои кишвари ҳамсоя, ходимони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ўзбекистон, донишҷўёни тоҷик, рассомони маъруф, ҳамватанони муқими Ўзбекистон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

 Ҳамзамон ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи рассомони Тоҷикистону Ўзбекистон Ёддошти тафоҳум миёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Иттифоқи эҷодии рассомони Ўзбекистон ба имзо расид. Дар ҷараёни имзои Ёддошти тафоҳум ҳайати намояндагони расмӣ  – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидзода, Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, узви Иттифоқ, ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Бахтиёр Одиназода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ўзбекистон раиси Академияи рассомии Ўзбекистон Нуриддинов Акмал Ваҳҳобҷонович, муовини раис Ташмуҳаммедов Фарҳод Эминович, котиби илмии Академияи рассомии Ўзбекистон Фирўза Обидҷонова,  Раиси Иттифоқи эҷодии рассомони Ўзбекистон Иброҳим  Валихоҷаев ва рассомони шинохтаи Ҷумҳурии Ўзбекистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ- корҳои эҷодии рассомони тоҷик Ҷамшед Ҷўраев ва Эраҷ Олимов ба Академияи рассомии Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Иттифоқи рассомони  Ўзбекистон тақдим шуд.

Дар чорабинии мазкур аз  Точикистон як  гурўҳи рассомон, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон- Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, наққошони шинохта Носирбек Нарзибеков, Аҳтам Сафаров, Бахтиёр Одиназода, Абдулазиз Гадоев, Эркин Суюнов, Илёс Мамадҷонов, Парвин Гулов,  Муноҷот Бойматова ва дигарон иштирок намуданд.

Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.