Наслҳо набояд корномаи пешиниёнро фаромӯш кунанд

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 250 – 300 ҳазор нафар ҳамватанони мо аз хурд то бузург, аз мард то зан дар ҷабаҳоти мухталиф зидди истилогарони фашистӣ ҷангидаву корномаҳо нишон додаанд. 54 нафар зодагони Тоҷикистон барои ҷасорату мардонагӣ ба унвони Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ноил гаштаанд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони Тоҷикистон дар давраи ҷанг сазовори ордену медалҳо гардиданд.

 Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони  тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз  мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то фатҳи пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок  намудаанд. Аксари онҳо дар муҳорибаҳои шадид ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидаанд. Ҷанговарони тоҷику тоҷикистонӣ дар муҳорибаҳои назди Москва, Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳо нишон додаанд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ, барои ҳифзи Ватан ба ҷабҳа рафта буданд. Аз онҳо 92 ҳазор нафарашон аз майдони ҷанг барнагаштанд. Онҳоро шаҳру деҳот, киштзору ҷангалзорҳои ҷангзадаи Русия, Украина, Беларус, Ҷумҳуриҳои  назди Балтика ва давлатҳои Аврупои Шарқӣ абадан дар оғўши худ гирифтаанд.

Баъд аз пирўзии мардуми Шўравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ онҳое, ки зинда монда буданд, баТоҷикистон баргашта, дар шароити осоишта ба фаъолияти созандагӣ машғул шуданд.

Солҳо мегузаранд, вале мардонагию корномаҳои ҷангии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз хотираи мардум зудуда намешавад. Ҳар сол дар мамолики узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил Иди ғалабаро бо тантана таҷлил менамоянд. Дар ин рўзи фирўз дар гулгашти хиёбонҳои вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат бо пирони қоматхамидае дучор меоем, ки сари синаашонро нишону медалҳои зиёд зинат медиҳанд. Ин абармардони замон иштирокчиёни бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд, ки бо гузашти айём сафашон то рафт кам шуда истодааст. Синни аксари онҳо ба 100 наздик шудаст ё ҳатто гузаштаасту бо дасгирию навозиш  ва хизматрасонии махсуси тиббӣ ниёзманданд.

Имрўзҳо давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба собиқадорони ҷангу меҳнат дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун занҷири ногусастанӣ робитаи наслҳоро мустаҳкам нигоҳ медоранд ва анъанаҳои неки шаҳомату қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиву мардонагиро дар роҳи дифою шукуфоии Ватани азизамон дар мисоли дурахшони худ ба насли ҷавон меомўзонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суханони чандин сол қабл  гуфтаашон, “ветеранҳои муҳтарам, ман шуморо ҳеч гоҳ хор шудан намемонам», содиқ монда, нисбат ба ин пирони хирад дасгириву ғамхориҳои нав ба нав зоҳир менамоянд.

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Пирўзии мардуми Шўравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бар фашизм ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шўҳратманд аст.
Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон саритаъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки богузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.

Мо дар арафаи 77-умин солгарди таҷлили пирўзии мардуми Шўравӣ бар фишизм қарор дорем ва аз фурсат истифода бурда, тамоми ҳамватанонро ба ин рўзи пур ифтихори ғалаба дар таърихи мардумони Шўравӣ  табрик менамоем.

Рисолат Шералиева,

 корманди шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.