Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 2 – уми май

Соли 1519 дар қалъаи Кло-Люсе, наздикии Амбуаза дар синни 67-солагӣ донишманд, наққош, муҷассамасоз, меъмор, мусиқидон,  риёзидон, муҳандис, анатомист, заминшинос, нақшакаши меъморӣ ва нависандаи итолёвӣ Леонардо да Винчи аз олам гузашт. Вай 14-уми апрели соли 1452 ба дунё омада буд.

Дар Винчи аз ҷумлаи нобиғаҳоест, ки дар ҳар соҳа, ки ном бурдем, муваффақ будааст. Фарди бениҳоят кунҷков ва халлоқ буд. Назариёти худро дар маҷмӯаи ёддоштҳое, ки аз ҳазор саҳифа бештар аст, навиштааст.

Да Винчи аввалин тарроҳи ҳавопаймо ба шумор меравад. Ӯ ҳамчунин мусалсал, тонки низомӣ, соате, ки чун соати да Винчи шуҳрат дорад, километршумор ва чизҳои дигарро ҳам тарроҳӣ ва ихтироъ кард.

Барҷастатарин асри наққошии Леонардо да Винчи тасвири Моно Лизо мебошад, ки бо гузашти асрҳо атрофи он гуфтугӯҳо зиёд буданд. Муаллиф онро соли 1503 оғоз кард ва соли 1507 ба итмом расонд.

ЛеонардоСоли 1727 дар синни 70-солагӣ файласуф, худошинос, нависанда ва мурабии аҳли Олмон Паул Алер тарки олам кард. Вай 9 ноябри соли 1656 дар Санк – Фейти герсогнишини Люксембург ба дунё омада буд.

Соли 1857 дар шаҳри Порис шоир, намоишноманавис ва насрнависи фаросавӣ Алфред де Мюссе аз олам гузашт. Вай ҳамагӣ 46 сол дошт ва бузургтарин намояндаи адабиёти романтизми замони худ ба шумор мерафт.

Алфред де Мюссе 11 декабри соли 1810 дар Порис дида ба олам кушода буд.  Машҳуртарин намунаҳои ашъораш бо номҳои “Умед ба Худованд”, ”Қитаъоти шабҳо”, “Минтақаи “ёдгор”, “Шаби декабр” чоп шудаанд. Вай муаллифи намоишномаҳои “Бо ишқ набояд шӯхӣ кард”, “Шамъдон”, “Барои ҳеч чиз набояд қасам хӯрд” ва достонҳои “Саргузашти як сори сафед”, “Эътирофоти як кӯдаки замона” мебошад.

Джером-Клапка-ДжеромСоли 1859 дар Уолсолл, графнишини Стаффордшир нависандаи ҳаҷвнигори англис Ҷером Клапка Ҷером  таваллуд шуд.  Вай бештар барои китоби танзии сафарномаи “Се  мард дар як қоиқ” машҳур шудааст.

Вай дар Лондан таҳсил кард ва ба шуғлҳои гуногуне аз қабили корманди роҳи оҳан, омӯзгор, актёрӣ ва рӯзноманигорӣ машғул шуд.

Ба ғайр аз романи ёдшудаи “Се мард дар як қоиқ” аз осори дигари ӯ  метавон “Афкори як бекора”, “Дуввумин фикри як бекора”, “Се мард бар фарози Бамл”, “Рӯзномаи як зиёрат”, “Пол Келвер”, “Онҳо ва ман”, “Томми ва Ко”, “Этони Ҷон”- ро метавон ном бурд.

Соли 1873 дар Поантвардз шоири аҳли Литва ва тарҷумон  Юргис Балтрушайтис ба дунё омад. Аввалин шеърашро русӣ навиштааст ва он соли 1899 дар “Журнал для всех” чоп шудааст. Аммо аввалин шеъраш ба забони литвони соли 1927 нашр шудааст. Муаллифи китобҳои зиёдест, ки дар зиндагӣ ва баъди маргаш чоп шудаанд.

Соли 1911 дар гузари Чармгарони қиш­­ло­қи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳоло Шаҳринав) дар оилаи Турсунмуроди ҳунарман­ду  фар­ҳанг­­дўст  Шоири халқии Тоҷикитсон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дида ба олам кушод.

Мирзо ТурсунзодаАввалин маҷмўаи шеърҳои ў бо номи «Байрақи зафар»  (1932) аз чоп ме­ба­рояд. Сипас, шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам» (1934), «Манзара­ҳои Хў­ҷанд» (1935), «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), «Су­ру­ди ҷавонӣ» (1937), «Мамлакати тиллоӣ» (1938), «Оҳанрабо» (1939), «Хал­қи далер» (1939), «Чама­нистон» (1940), «Водии Ҳисор» (1940), «Мо аз Хо­руғ омадем» (1940) ва ғайра дастраси хонандагон мегарданд. Эҷодиёти Мир­зо Турсунзода дар солҳои 50-ум дар маҷмўъаҳои «Пайғом» (1949), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғӣ абадӣ» (1958) ва «Ман аз Шар­қи Озод» (1959) асарҳояш ба табъ мерасанд.

Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хо­тираи капи­тан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони инти­қомгир» (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корно­ма­ҳои ҷангӣ бо шўру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душ­манбадбинӣ талқин меша­ванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода дос­тон­ҳои «Писари Ватан» (1942) ва «Барои Ва­тан» (1942)–ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ эҷод мекунад.

Ҳаракатҳои озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асар­ҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Қиссаи Ҳин­дус­тон» (1947), «Садои Осиё» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964) ва достони «Аз Ганг то Кремел» (1970) ва ғайра  хеле хуб тасвир ёфтаанд.

Дар бораи устод Мирзо Турсунзода дар сомонаи мо лутфан ба ин матолиб ҳам таваҷҷуҳ кунед:

Соли 1915 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор адиб ва забоншиноси маъруфи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ ба дунё омад.

Носирҷон МаъсумӣСоли 1954 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Аз соли 1956 мудири кафедраи забон ва адабиёт ва муаллими Мактаби ҳизбии назди КМ ПК Тоҷикистон, аз соли 1959 директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ ҷумҳурӣ будааст.

Соли 1966 узви вобастаи АИ РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Фаъолияти эҷодияш аз нимаи дувуми солҳои сӣ ҳамчун шоир шурӯъ шудааст. Шеъру таронаҳо ва «Достони мулки саодат»(1944)-и ӯ ишқу садоқату ҷавонӣ, музаффарияти ҳаёти нав ва диловарии мардуми шӯравӣ дар ҷангу ақибгоҳро тараннум кардаанд. Сурудҳои «Дӯстдорат гаштаам» ва «Зуд биё» то имрӯз шуҳрати тамом доранд.

Фаъолияти илмии Носирҷон Маъсумӣ басо пурсамар буда, соли 1962 рисолаи пурарзиши ӯ «Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи аввали асри XIX» ба табъ расидааст, ки яке аз давраҳои торику ҳассоси таърихи адабиётамонро равшан кардааст.

Дар ҷодаи таҳқиқи ҷараёни инкишофи забону сарфу навҳ ва маданияти гуфтори тоҷикӣ, махсусан, таҳқиқи забони асарҳои Устод Айнӣ басо заҳматҳо кашидааст. Иддае аз мақолаҳояш дар китоби «Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик» (1959) ва «Ҷаҳонбинӣ ва маҳорат» (1967) гирд омадаанд. Дар китоби «Фолклори тоҷик» (1952) бори аввал кӯшиши муайян намудани намудҳои адабиёти шифоҳӣ сурат гирифтааст. Солҳои 1965 ва 1966 (дар ҳамкории М. Холов) «Намунаҳои фолклори Афғонистон»-ро ба табъ расондааст.

Мақолаҳояш дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Туғрал (1964), С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода (1960, 1962), М. Раҳимӣ (1961), Ҳабиб Юсуфӣ, Т. Пӯлодӣ, Ғ. Мирзо, Ф. Ансорӣ ва дигарон пурарзишанд.

Дуҷилдаи «Асарҳои мунтахаб» (1977, 1980) ва нашри дувуми он (2005) беҳтарин офаридаҳои илмии ӯро фароҳам овардааст.

Дар таълифи китобҳои дарсӣ, таҳриру танзими «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд; Маскав, 1969), «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1969), мақолоти Энсиклопедияи советии тоҷик ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Чанд дафъа вакили мардумӣ дар парлумони замон интихоб шудааст.

Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардидааст. Мактаби миёнаи зодгоҳаш номи ӯро дорад.

Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

16 августи соли 1974 аз олам даргузашт.

Майя КучерскаяСоли 1970 дар шаҳри Москав нависанда, адабиётшинос ва мунаққиди адабии рус Майя Кучерская таваллуд шуд. “Инсон дар қутии картонӣ”, “Дарсҳои тозанависӣ”, “Таърихи як шиносоӣ”, “Барфбозӣ”, “Худои борон”, “Мотя-хола”, “Ту комилан шахси дигар будӣ” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Вениамин КаверинСоли 1989 дар шаҳри Москав дар синни 87-солагӣ нависандаи Шӯравии рус, филмноманавис ва барандаи ҷоизаи давлатии СССР  Вениамин Каверин аз олам гузашт.  Вай дар Псков ба дунё омада буд.

Аввалин повести Каверин «Хроникаи шаҳри Лейптсиг дар давоми 18… сол» соли 1922 ба чоп расидааст. Романҳои «Ду капитан», «Иҷрои орзуҳо» ва «Китоби кушод» низ аз ӯ мебошанд.

Таҳияи Б.Шафеъ