Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ дар бораи осоишгоҳи “Зумрад”. Оё ин осоишгоҳ ҳоло ҳам чунин аст?
Ин мақоларо устод Ҷалол Икромӣ барои дастгирии пешниҳоди чойхонаи зебову меъмории дилкаши ин осоишгоҳ ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бахши меъморӣ навиштааст. Аз мақола бармеояд, ки устод он сол яке аз истироҳаткунандагони ин осоишгоҳ будаву аз шароит ва хидматрасониҳои он бо мамнуият баргаштааст. Ва чун донистааст, ки чойхонаи он барои меъмории беҳтарин ба ҷоизаи давлатӣ пешниҳод шудааст, ин матлабро навиштааст ва дар “Тоҷикистони Советӣ” чоп кардааст.
Диққати моро тасвири як адиби шинохта аз шароити муолиҷа дар ин осоишгоҳ ба худ бештар ҷалб кард. Оё имрӯз ҳам он шароитро дорад ё дигар шудааст?
Ба он солҳо бо чашмони устод Ҷалол Икромӣ менигарем ва бо имрӯзи он қиёс мекунем.
Инак, мақола:
ЭҶОД ВА МУЪҶИЗАИ САНЪАТ
Чойхонаи «Сино», ки дар боғи санаторияи «Зумрат» бино ёфта ва имрўз ба Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ пешниҳод шудааст, дар баландии соҳили дарёи Исфара ҷой дорад. Дар рўбарўи он майдончаи рақсу суруд воқеь гаштааст, ки гирдогирдаш барои сад- саду бист тамошобин харак гузошта шудааст. Дар пешгоҳ саҳначае ҳаст, ки дар он навозанда ва сарояндагон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Он рўз, бегоҳӣ, майдонча аз тамошобин пур буд. Дар саҳна Меҳрӣ Абдуллоева – Артисткаи Хизматнишондодаи республика суруд мехонд. Вай ҳам мо барин ба истироҳат ва табобат омадааст, лекин бо хоҳиш ва илтимоси мардум дар саҳна ҳунар нишон медод, чунон мехонд, ки овозаш ҷарангос мезад. Сурудҳои вай ба мардуми инчоӣ маъқул буд, алҳақ, нағз месуруд. Ба таҳти замзамаи навозанда ва сарояндагони маҳаллӣ ба рақс даромад. Рақси ў тамошобинонро чунон ба шавқ овард, ки аз байни мардум чанд нафар марду зан дар мобайн даромада ба рақсидан сар карданд. Меҳрӣ Абдуллоева бошад ба назари ман ҳамон духтараки ҷавон ва барно, ки ман як вақтҳо, дар айни ба кор саркарданаш дида будам, менамуд. Ҳай рақс мекарду мардумро ба шавқ меовард.
Ба болои харак дар паҳлўи ман марде нишаста буд, ки тақрибан 55 – 60 сола ба назар менамуд. Баъдтар донистан, ки вай аз райони Айнӣ будааст. Сурудҳоро шунида, рақсҳоро дида, хеле ба шавқ омаду гуфт:
– Муаллим, рост мегўянд, ки баъзан як кас ҳазор касро хурсанд мекунад ва баъзан ҳазоркас як касро хурсанд карда ҳам наметавонад.
Ин гуфтаи марди деҳқон ба ман хеле хуш омад, сабр карда натавонистам, аз ҷой бархостаму ба назди микрафон рафтам ва бо овози баланд аз номи ҳамаи тамошобинон ба Меҳрӣ Абдуллоева ташаккур байён карда, ҳамин гуфтаи халқиро такрор кардам.
Бале, баъзан як кас ҳазор касро хурсанд карда метавонад ва баъзан ҳазор кас як касро хурсанд карда наметавонад. Олимов Мирзо Раҳимович – сардухтури санаторияи «Зумуррад» ба ин мисоли равшан шуда метавонад.
Олимов М. Р. яке аз табибони донишманд буда, «Зумуррад» барин санаторияро сардорӣ мекунад. Роҳбарӣ, ҳунарӣ ташкилотӣ ва ақлу заковати ў буд. Ин санаторияи дар вақташ ақибмондаро ба яке аз санаторияҳои олиҷаноб ва овазор табдил диҳад. Ҳоло санаторияи «Зумуррад» дар Осиёи Миёна яке аз беҳтарин санаторияҳо башумор меравад, ки дар он зиёда аз панҷсад кас шифо меёбанд. Дар ин ҷо асосан мардуми деҳот омада, ба дарди худ шифо меёбанд, дам мегиранд роҳат мекунанд. Барои дамгирӣ, истироҳат ва табобати меҳнаткашони деҳот дар ин ҷо ҳамаи воситаҳо муҳайё аст. Хонаҳои озода, босафо ва мувофиқ; оби гарм, оби хунук, ванна, истироҳатгоҳ ҳамаи шароити зиндагии маданӣ муҳайёст. Дар инҷо оби шифо (оби гарми сероводород), нафталин, озокирит, табобат бо қувваи электр, ходимӣ (массаж) ва дигар воситаҳои шифо мавҷуд аст. Дар ин ҷо барои сайру гашт растаҳои сердарахт ва гулзорҳо, кўлли обаш зулол ва майдончаҳои хушманзара сохта шудаанд. Дар кўл қозҳо ва мурғобиҳо, дар боғ товусҳо худнамоӣ карда мегарданд. Дар ин чо худи табиат бо дастони пурзўри худ шароити олиҷанобе ба вуҷуд овардааст, ки дар дигар ҷо камтар воқеъ мешавад. Дарёи сероби Исфара аз поёни санатория ҷорӣ шуда ба он ҳавои серун ва ҷонбахш ато мекунад. Кўҳу кўталҳои атроф чун қалъаи матин ин водии сабзу хуррамро аз бодҳои мухолиф ва чангу ғубор мудофиъа карда меистанд. Бедарак нест, ки санаторияи «Зумуррад» – ро дар ин мавзеъ сохтаанд. Худи ин водӣ бо ҳавои софу муаттари худ бо обҳои равони худ ҷои шифост.
Дар ин санатория ҷойхонае сохта шудааст, ки худаш мўъҷизаи санъат ва ҳунари дасти инсон аст. Ба ин чойхона Сино ном ниҳодаанд. Ин чойхонаи аҷоиб ба рўзи шастсолагии ташкилёбии СССР, декабри соли 1982 ботантана кушода шуда, ба мардум то ин ҷониб хизмат карда меояд.
Ман дар умри худ биноҳои мунаққаш ва зебои бисёреро дидаам, ки бо дасти ҳунармандонаи устодони классики меъморони гузашта барпо гаштаанд. Ин биноҳои аҷоибро дида, ҳамеша афсўс мехўрданд ки дар замони чунин ҳунар ва санъат дар биносозӣ камтар дида мешавад. Лекин ба Исфара, ба санаторияи «Зумуррад» омада, донистан, ки афсўсу надомати ман беҳуда будааст. Дар ин ҷо чойхонае сохтаанд, ки аз биноҳои мунаққаши бо дасти ҳунармандони гузашта сота шуда, камтар фарқ мекунанд. Бале, халқ ва санъати вай номурданист! Ин чойхона ҳам яке аз он обидаҳо хоҳад буд.
Санъаткории ин бино иборат аз кандакории рўи сутунҳо, болорҳо ва лавҳаҳо, иборат аз гаҷкорӣ ва гулкорӣ расму рангу бор аст. Устоҳои бисёре дар он кор карда, ҳунари худро гузоштаанд. Сардор ва роҳбарон бинокорон ва созандагони чойхона, бори аввал аз тарафи Агропроми давлатии Тоҷикистон барои мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ пешниҳод шудаанд инҳоянд:
Сардори кор, ташаббускор ва ташкилотчии асосии чойхона –сардухтури санатор Олимов Мирзо Раҳимович; устои халқии бинокории миллӣ – Юнусов Абдуғафур, устои халқии кандакори моҳир – Қулдошев Абдулҳамид; устои халқӣ нақшу нигоргар – Амонуллоев Асфихоҷа; инженер, бинокор – Сатторов Абдуманон; биригардири кандакорон ба рўи гаҷ – Абдуллоев Ҳаёт…
Ин чойхона фақат барои чойхўрӣ ва нишаста дам гирифтан набуда, дар он шабнишиниҳои бисёре ташкил мешавад. Вохўрӣ бо одамони машҳур, воҳурӣ бо санъаткорони номӣ, шаби Шашмақом, шаби сўхбатҳои ширин ва ҳаҷву ханда ҳар замон доир мегардад. Дар ин шабнишиниҳо чойхона аз одам пур мешавад. Мардум ба болои катҳои васеъ, ки бо қолуну кўрпачаҳо густурда шудааст, кайф карда нишаста, ҳофизони хушхон ва машшоқони моҳирро гўш мекунанд, аз сўҳбати олимон, нависандагон ва одамони машҳур баҳраҳо мебаранд.
Чойхонаи Сино алҳақ, сазовори мукофоти олӣ мебошад. Ман бовар дорам, ки ҳайати Комитети Мукофотӣ ба номи Рўдакӣ, ки ҳама санъаткорон, донишмандон ва мутахассисонанд ва ба қадри ҳунару санъат мерасанд. Хоҳиши садҳо пешҳод кардагон ва онҳоеро, ки дар чоййхона якбор нишаста бо кай фияти олӣ чой нӯшидаанд ва бо дилу ҷон мехоҳанд, ки ба бинокорон ва устодони он санъат мукофот дода шавад, ба назар магиранд, ки бо мукофоти олӣ сарфароз мегардонанд. Дар охири ҳаминро қайд кардан мехоҳам, ки агар ягон спектаклро ба мукофот пешниҳод кунанд, дар қатори Артистони асосӣ ва режиссёр, инчунин драматург ҳам ном мебаранд. Зеро ки бе пиэссаи хуб спектакли хуб намешавад. Драматург ва асосгузори идеяи ин чойхона сардухтури санатория Мирзо Раҳимович Олимов мебошад. Ба фикри ман бе ташаббуси ин марди оқил, бе сардорӣ ва роҳбарии ў чойхона ин тавр олиҷанобона қомат рост намекард. Беҳтар мешуд агар номи ў ба рўйхати мукофот дароварда шавад.
Аз рӯзномаи Тоҷикистони Советӣ», 9 октябри соли 1987 таҳияи Нуримеҳан МАҲМАДБЕКОВА, мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.