Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 23 октябр

як-рузи-адабиёт-23-09-2023Соли 885 шоир ва рӯҳонии буддоӣ Хэндзё усқуфи аъзами буддоӣ мешавад. Вай соли 816 ба дунё омада 12 феврали соли 890 аз олам рафтааст. Хэндзё яке аз “шаш шоири абадзинда”-и ҷопонист, ки дар асри нуҳум дар жанри вака шеър сурудааст.

Номи аслии ӯ Ёсиминэ-но Мунэсада буд. Ва набераи император Камму, ки солҳои 737-806 зиставу 27 сол ҳоким будааст. Падари шоири машҳур Сосэя. Аз соли 844 то 850 дар дарбори император дар вазоифи гуногун кор кардааст. Замоне буд, ки Ниммё императори Ҷопон буд ва баъди марги Ниммё даст аз кори дарбор кашид ва ба дайри буддо рафт ва пири дайри Урин-ин буд. Соли 879 рутбаи усқуф гирифт ва соли 885 усқуфи аъзам. Дайри Гангёдзиро дар Кадзан асос гузошт. Ва то охири умр усқуфи он буд.

Николас-Ретиф-де-ла-БретоннСоли 1734 дар Саси (Фаронса) нафисандаи фаронсавӣ Николас Ретиф де ла Бретонн таваллуд шуд. Вай яке аз маъруфтарин ва сермаҳсултарин нависандагони охирҳои асри XVIII-и Фаронса (зиёда аз 200 ҷилд асар) ба шумор меравад.

Николас Ретиф де ла Бретонн, пайрави Жан-Жак Руссо, ки бо асарҳои барои замони худ аз ҳад зиёд «озодона» маъруф аст. Николас Ретиф де ла Бретонн дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст (аммо деҳқони сарватманд; сарвати бадастоварда ба ӯ имкон дод, ки хоҷагии Ла Бретоннаро таъмин созад). Вай дар матбаа ба ҳайси ҳуруфчин кор кардааст. Ретиф аз як чӯпони одӣ ва коргари матбаа тавонист муаллифи китобҳои сершумор шавад ва нависандае гардид, ки маъруфияти ӯро дар Фаронсаи пеш аз инқилоб бо маъруфияти Ж. Руссо муқоиса кардан мумкин аст. Вай дар тамоми жанрҳо асари бисёр навиштааст: ба руйхати асарҳои ў романҳо, пйесаҳо, рисолаҳо, асарҳои ахлоқӣ ва тахайюлӣ дохиланд. Хусусияти асосии асарҳояш ҳақиқатнигорӣ ба шумор меравад. Ретиф дар асарҳояш ҳаёти худ, хешу табор ва наздиконашро бо тафсилоти аҷоиб тасвир кардааст; бо қобилияти аҷиби эҷодӣ барои азнавсозии ҷаҳон нақшаҳое эҷод мекард, ки ӯро дар қатори бузургтарин хаёлпарастон ҷойгир кардааст.

Соли  1805 нависанда, шоир, наққош ва омӯзгори аҳли Австрия  Адалберт Штифтер зода шуд.  “Гулҳои саҳро”, “Пайроҳаи ҷангалӣ”, “Витико”, “Тобистони пиразанҳо”, “Ангораҳо” номи чанд китоби ӯ мебошад.

Адалберт Штифтер 28 январи соли 1868 дар синни 63-солагӣ аз олам гузашт.

Теофил-ГотйеСоли 1872 дар Нёйи дар синни 61-солагӣ шоир, насрнавис, рӯзноманигор ва мунаққиди адабии аҳли Фаронса Теофил Готйе аз олам гузашт. Вай намояндаи мактаби романтизм ва як гардишгари муваффақ буд. 31 августи соли 1811 таваллуд шуд. Аввалин маҷмуаи ашъорашро соли 1830 интишор дод.

Дар оғози солҳои 1830 Теофил Готйе дар рӯзномаи «Presse» масъули бахши адабиёту нақд буд ва дар бораи чеҳраҳои адабии асрҳои 15–17 мақолаҳо менавишт. Ин мақолотро тсоли 1844 дар маҷмуаи «Гротескҳо» гирд овард.

Беҳтарин асари манзуми ӯ «Миноҳо ва нигинҳои манқуш» (1852) аст, ки дар он ормони «ҳунари ҷовидона» баён ёфтааст. Романҳои  «Капитан Фракасс» (1863), «Элдорадо», «Достони мумиёӣ» (1858), асарҳои «Таърихи романтизм» (ки ба охир нарасонд), «Сафар ба Русия» (1867) аз ӯ мебошанд. Вай ҳамчунин муаллфи новеллаҳо ва мақолаҳои зиёдест.

Дар навиштани асарҳои бадеӣ зери таъсири Виктор Ҳуго мондааст. Ӯ мисли дигар шоирони романтики Фаронса ошиқи шеъру ҳунари Машриқзамин буд. Теофил Готйе бо мутолааи «Девони ғарбию шарқӣ»-и Гёте бо ашъори Ҳофизи Шерозӣ ошно шуд. Дар дебочаи маҷмӯаи ашъораш «Миноҳо ва нигинҳои манқуш» аз Низомию Ҳофиз бо эҳтиром ёдоварӣ кардааст. Дар ин асар оҳангу савтҳои шарқӣ ҷойгоҳи намоён доранд. Дар «Хотироти ҳайкалҳои сангин», ки яке аз шеърҳои баланди ин асар аст, манзараҳои дилфиреби Шарқ устодона тавсиф шудаанд.

Мақолаҳои зиёди Теофил Готйе, ки солҳои 1850–60 дар матбуоти давр интишор ёфтаанд, гувоҳи онанд, ки ӯ аз фарҳангу адаби шарқиён, аз ҷумла форсӣ тоҷикӣ, огоҳии хуб доштааст. Асарҳои парокандаи Теофил Готйе аз ҷониби донишмандони фаронсавӣ гирд оварда шуда, соли 1877 дар ду ҷилд таҳти унвони «Шарқ» чоп шудаанд. Аз ҷумла, ду мақолаи Теофил Готйе «Шеъри форсӣ. Рубоиёти Хайём» ва «Форс» басо ҷолибанд. Мақолаи аввал тақриз ба тарҷумаи фаронсавии рубоиёти Хайём аст, ки соли 1867 чоп шуда буд. Дар мақолаи «Форс» ӯ аз шоирони бузурги форс-тоҷик Фирдавсӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон ёд кардааст.

Ҷонӣ-РудорӣСоли 1920 дар Оменя (Италия) нависандаи кӯдакнавис, афсонагӯ ва рӯзноманигор бо дидгоҳи марксистиву ленинӣ Ҷонӣ Родарӣ таваллуд шуд. Вай бештар барои осораш дар бораи бачаҳо машҳур шуд.

Родарӣ ба хотири достонҳои фантазиаш, ки масъалаҳои иҷтимоии дунёи воқеъиро дар бар мегирифт, шуҳрат пайдо кард.  Дар соли 1970 ӯ аввалин ва то ба имрӯз танҳои итолёӣ буд, ки барандаи ҷоизаи Ҳанс Андерсен барои нависандагӣ шуд. Яке аз болотарин ифтихороти байналмилалӣ дар адабиёти кӯдак аст.

“Саргузаштҳои Чиполино”, маҷмуаи шеърҳои “Афсонаҳо бо телефон”,  “Торт дар осмон”, “Оворагардакон”, “Қиссаҳо ва афсонаҳо”, “Достонҳои мошини таҳрир”, “Духтаре, ки намехост бузург шавад”, “Ҳама чиз бо як тимсоҳ шуруъ шуд”, “Моҷароҳои пиёзча”, “Достонакҳои Олис”,   “Қиссаҳое барои як лабханд”, “Достонҳое барои саргармӣ” номи чанд китоб ва маҷмуаҳои осори ӯст.

Ҷонӣ Родарӣ 14 апрели соли 1980 дар 59-солагӣ дар шаҳри Рум тарки олам кард.

Соли 1942 дар шаҳри Чикаго нависандаи тахайюлнавис, филмноманавис ва коргардони армикоӣ  Майкл Крайтон таваллуд шуд.

Китобҳои ӯ дар саросари ҷаҳон беш аз 150 миллион нусха фурӯхта шуданд ва аксари онҳо ба навор гирифта шуданд.

Асарҳои адабии ӯ одатан жанрҳои амалиётӣ ва технотриллерӣ мебошанд, ки офатҳои табииро тавсиф мекунанд – натиҷаи иштибоҳи инсон дар муносибат бо технологияи навтарин, алахусус биотехнология як мавзуи муҳим дар китобҳои ӯст.

“Штамми Андромеда”, “Конго”, “Кура”, “Тулӯи офтоб”, “Дунёи гумшуда”, “Болҳо”, “Тири замон”, “Тӯда” , “Next” (охирин китоби пеш аз маргаш нашршуда), “Арзи ҷуғрофӣ” номи чанд асари ӯст.

Майкл Крайтон 4 ноябри соли 2008, ҳангоме, ки 66 сол дошт, дар Лос-Анжелес аз дунё рафт.

Эрнест-Сетон-ТомпсонСоли 1946 дар Санта-Фе (иёлати Ню-Мексикои ИМА) нависандаи ҳунарманди ҳаёти вуҳуш Эрнест Сетон-Томпсон дар синни 86-солагӣ вафот кард.  Вай 14 августи соли 1860 дар Саут-Шилдс (Британияи Кабир) ба дунё омада буд.

Эрнест Сетон-Томпсон аз ҷумлаи бунёдгузорони ҷунбиши байналмилалии Пешоҳангӣ барои имдод ва кумакрасонӣ дар ҳолатҳои фавқулода буд. Ӯ аслан нависандаи канадиёист, вале чун бештари бахши умрашро дар ИМА гузарондаву эҷод кардааст, ӯро адиби амрикоӣ низ меноманд.

Аввалин асари ӯ “Ҳаёти титави чаманӣ” соли 1883 чоп шуд. Аммо бештар маҷмуаи “Ман ҳайвоноти ваҳширо чӣ гуна мешиносам” ӯро дар Канада ва Амрико машҳур кард. “Ҳаёти ҷонвароне, ки шикор мешаванд” ва асари ҳаштҷилдаи ӯ бо номи “Ҳаёти ҳайвоноти ваҳшӣ” низ асарҳое мебошанд, ки дар маъруфияти ӯ нақш бозиданд.

Сетон – Томпсон дар тӯли ҳаёти худ наздик ба 40 китоб навиштааст, ки аксари онҳо ба ҳаёти вуҳуш бахшида шудаанд. Баъзе китобҳояшро ба фолклори ҳиндуҳои Амрико ва қабилаҳои эскимос, ки аз бумиёни ин сарзамин ба ҳисоб мераванд, бахшидааст.

Соли 1974 дар Ченнаи (Ҳинд) нависанда ва рӯзноманигори аҳли Ҳиндустон, барандаи ҷоизаи Букер дар соли 2008 (барои романи “Бабри сафед) Аравинд Адига зода шуд.

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ