Навиштаи 4 соли пеш. Нодир Шанбезода – чаҳорумин Раиси Иттифоқи нависандагон
Агар хонандаи закӣ диққат дода бошад, дар мақолаву таърихчаҳое, ки дар бораи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таълиф ёфтаанд, дар боби сарварони созмони мазкур дар фосилаи байни солҳои 1937 – 1944 халое вуҷуд дорад, яъне равшан нест, ки Иттифоқро аз соли 1937 то соли 1944 киҳо роҳбарӣ кардаанд. Ҳафт сол муддати кам нест ва ба чунин муддати тӯлонӣ бесардор мондани ниҳоди барои давлати шӯроҳо ниҳоят зарурие чун Иттифоқи нависандагон ба мантиқи солим рост намеояд. Бахусус дар солҳое, ки давлати ҷавони Шӯравӣ бо баъзе давлатҳои аврупоии ҳамҷавораш дар ҳоли ҷанг қарор дошт, ба ҳоли худ вогузоштани дастгоҳи пуртаъсири таблиғотие, ки шоирону нависандагони оташинсуханро барои дифоъ намудан аз Ватан сафарбар менамуд, ҳеҷ мумкин нест.
Ҳамин шубҳа моро маҷбур намуд, ки ба мактуби устод Садриддин Айнӣ, ки 8-уми майи соли 1938 ба устод Лоҳутӣ нигоштаанд, амиқтар таваҷҷуҳ намоем. Устод Айнӣ аз кирдори разилонаи нависандагони ҷавон ба танг омада, ба устод Лоҳутӣ чунин дарди дил мекунад: «Бадии аҳволи Тоҷикистон дар ҳаққи нависандагон дар он ҷост, ки дар Союзи Нависандагон каси дуруст нест. Танҳо Шанбезода раис аст, ки тани танҳост. Нависандагони ҷавон ба пеши Шанбезода омада, таклиф кардаанд, ки маҷлиси расмӣ ҷеғ зада, Айниро фош кардан даркор аст. Шанбезода ҷавоб додааст, ки агар билети партиягии маро зи дастам гиранд ҳам, бе ягон ҳуҷҷати расмие, ки исбот шуда бошад, ба дасти ман нарасад, ман ин корро нахоҳам кард».
Ин воқеа дар замоне рух додааст, ки дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ маъракаи «нест кардани душманони халқ» ба авҷи аълои худ расидаву дар ин тӯфон сари садҳо фарзандони баномуси Тоҷикистон низ ба боди фано рафта буд. Мо медонем, ки дар ин солҳои фоҷеабор бисёр адибони тоҷик дучори туҳмату иғвоҳои сохтаву бофта гардида, баъзеашон шикасти бузурги маънавӣ хӯрда, ҳамчун адиб аз камолоти эҷодӣ монданд. Ҳамчунин ҳар шахси донишманд медонад, ки дар ҷараёни муборизаи оштинопазиронааш барои ба ҳаққи ҳалоли хеш соҳиб гаштани тоҷикон ҳамчун миллат, устод Садриддин Айнӣ дучори чи гуна азобҳое гардид ва бадхоҳони миллату нотавонбиниҳои шахсияташ ӯро ба чи фишорҳое дучор менамуданд.
Ин бор нависандагони ҷавон, ки устод Айнӣ поёнтар ду нафарашонро ном мебарад, «ба пеши Шанбезода омада, таклиф кардаанд, ки маҷлиси расмӣ ҷеғ зада, Айниро фош кардан даркор аст». Пеш аз ин устод ба раиси Иттифоқи нависандагон будани Шанбезода ба таври ошкоро ишора ҳам кардааст («дар Союзи Нависандагон каси дуруст нест. Танҳо Шанбезода раис аст, ки тани танҳост»). Мантиқан, агар Нодир Шанбезода раиси Иттифоқ намебуд, «нависандагони ҷавон» ҳам ба ӯ муроҷиат намебурданду устод Айнӣ ҳам наменавишт: «раис аст, ки тани танҳост» – ба ин маънӣ, ки дар байни одамони муғризу шӯрапушт ягона шахси бавиҷдону боинсоф мебошад.
Пас чаро бо вуҷуди ишораи алнии устод, муҳаққиқон, аз ҷумла адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ, ба раиси Иттифоқи нависандагон будани Шанбезода шубҳа кардаанд? Гап сари он аст, ки Нодир Шанбезода дар ҳамин замон – аз апрели соли 1937 то майи соли 1938 дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Сталинобод (Душанбе) кор карда, ҳамзамон раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ҳам ба уҳда доштааст. Аммо моҳи майи соли 1938, ҳамагӣ 4 рӯз пеш аз иншои номаи зикргардидаи устод Айнӣ, худ низ дучори таъқибу иттиҳом гардида, зиндонӣ мегардад ва азбаски дар аксари ҳуҷҷатҳои тарҷумаиҳолии минбаъдааш раиси Иттифоқи нависандагон буданашро зикр накардааст, муҳаққиқон ҳам «раис» навиштани устод Айниро ба маънои сарвари пойтахт буданаш фаҳмидаанд.
Сабаби аслии аз ҷониби Шанбезода зикр нагардидани фаъолияташ ба сифати раиси созмони адибон, ба эҳтимоли зиёд, шояд он бошад, ки баъд аз маҳбус гардидан, ӯро аз узвияти Иттифоқи нависандагон маҳрум намуда, танҳо соли 1958 бо дахолати устод Мирзо Турсунзода барқарор месозанд.
Аммо пас аз ҷустуҷӯи зиёд моҳи январи соли 2019 рӯ ба бойгонии давлатии шаҳри Хоруғ овардем ва ниҳоят дурри мақсуд ба даст омад! Дар парвандаи№3026 аз хазинаи №418, рӯйхати №5, иборат аз 25 саҳифа ду шарҳи тарҷумаи ҳоли Ҷамшед Шанбезода, тахаллуси адабиаш Нодир, вуҷуд доранд. Коғази якеаш дафтари чоррахаи мактабӣ буда, таърихи нигориши он 24-уми ноябри соли 1939 мебошад; дигараш коғази одии мошиннависист ва санаи навиштанаш 9 апрели соли 1945 нишон дода шудааст. Дар ҳар дуи ин ҳуҷҷат Ҷамшед Шанбезода ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагон фаъолият карданашро чунин нишон додааст: «… С декабря 1937 года по май месяц 1938 года был председателем горсовета Сталинабада и председателем Союза писателей Таджикистана…» (24.ХII.39 год); «… С декабря 1937 г. по мая 1938 года был председателем горсовета г. Сталинабада и председателем Союза писателей Таджикистана…» (9. IV. 45 г.).
Ҳамин тариқ, се далели дар боло овардашуда – мактуби устод Садриддин Айнӣ ба устод Лоҳутӣ (8 майи соли 1938), тарҷумаи ҳоли Ҷамшед Шанбезода (санаи навиштанаш 24 декабри соли 1939) ва тарҷумаи ҳоли Ҷамшед Шанбезода (санаи навиштанаш 9 апрели соли 1945) ба мо иҷоза медиҳанд, ки бо боварии том шоир ва муҳаққиқи дақиқназар Ҷамшед (Нодир) Шанбезодаро пас аз Саид Носиров, Абулқосим Лоҳутӣ ва Аҳмад Мавлонбеков раиси чаҳоруми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (солҳои 1937-1938) ба шумор орем.
Бад-ин тартиб, аз соли 1938 то соли 1944 (1944-1946, давраи раисии устод Сотим Улуғзода) боз ҷои ду ё се нафар раиси он солҳои созмони адибони тоҷик холӣ мемонад, муайян намудани онҳо кори пажӯҳиши оянда мебошад.
Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Абдулназар Абдулназаров, ходими калони илмии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров, номзади илми филология.
(Дар шумораи №7, 14 феврали соли 2019-и ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шудааст).
Асли матлаб ин ҷост: НОДИР ШАНБЕЗОДА – ЧАҲОРУМИН РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН