Назари хос. Иҷлосияи 16-ум аз нигоҳи ман
Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардид. Қадамҳои аввалини сулҳу субот байни қувваҳои мухолиф дар ҳамин иҷлосия гузошта шуданд. Онҳо дар ҳамин иҷлосия ба мувофиқа расиданд ва пойдевори давлати навини Тоҷикистон гузошта шуд ва дар ҳамин иҷлосия муњтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор оворагонро ба ватан баргардонд.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.
Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри XX аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари ободу зебо, орому осуда ва хонаи умеди тамоми тоҷикон муаррифӣ гардида, сокинони бофарҳангаш ба хотири ояндаи дурахшон ва фардои неки он содиқона заҳмат мекашанд.
Имсол дар кишвари азизамон – Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати саросарии он 30-солагии ин рӯйдоди таърихӣ, яъне Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат ва дастовардҳои бузурги сиёсӣ таҷлил мешавад. Маҳз бо баракати ин санаи муқаддас заминаҳои рушди давлатдории миллӣ ва эҳёи рукнҳои муҳимми фарҳангӣ гузошта шуда, давра ба давра рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба амал бароварда шуд.
Умуман, ҳаминро ҳам таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳамаи он орзуву умедҳое, ки мардуми Тоҷикистон дар кишвари худ аз даъвати Иҷлосияи XVI-уми Шурои олӣ дар шаҳри Хуҷанд доштанд, бо тамоми масъулияти хештаншиносии миллати тоҷик аллакай амалӣ гардиданд ва дар оянда боз ҳам ба қуллаҳои баланди худ хоҳанд расид.
Ҳифзи арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри якпорчагии кишвар ва хизмат барои фардои дурахшон ва зиндагии осудаи мардум вазифа ва масъулияти ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Таманно САЛИМОВА, мутахассиси шуъбаи
хизматрасонии библиографӣ.