Назари хос. Ман ва Конститутсия

 Конститутсия6-уми  ноябри соли 1994 барои мардуми  тоҷик, санаи  тақдирсози миллат мебошад,  зеро маҳз  дар  ҳамин  рӯз бо роҳи  раъйпурсии  умумихалқӣ  Конститутсияи Ҷумхурии  Тоҷикистон  қабул гардид.        Ёдовар бояд шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  се маротиба   26 сентябри  соли  1999,  22  июни  соли  2003  ва  22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли миллӣ арзёбӣ карданд.

Инчунин, Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои  худ  қайд карданд, ки  «Конститутсия  ба сифати  Қонуни Олӣ  заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз  тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».

Нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар ташкили давлатдории  миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию  муассисӣ,  сиёсиву ҳуқуқӣ  ва дигар вазифаҳои муқаддастарин,  муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуд.

Конститутсияи Тоҷикистон  ҳуҷҷати таърихиест, ки дар он ҳар як шахс роҳи воқеии пешрафти ватани худро мебинад.

Таъмини  соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолият  дар Коститиутсия  вазифаи асосии  давлат эълон шуда,  дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои  Коститутсионӣ ва ташаккули муназзаму  муътадили  давлати навини  тоҷикон  тағйирнопазир будани шакли идораи мамлакат,  тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувори ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон  гардид.

Бо мақсади сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷўёнаро дар амал  татбиқ менамояд.

Қобили қайд аст, ки дар муддати 26 соли ҳамкориҳои  мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки самараҳои ҳамкориҳои хеле назаррас ва густурда мебощанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтхор ва сарфарозии хар як шаҳрванди кишвар буд, риояву эҳтироми муқаррароти  он замонати  саодату сарбаландии миллат аст.

Мардуми кишвари азизамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро равшангари роҳи ҳаёти ободу осудаи мардум ва ҳидоятгари миллат дар масири  расидан ба ормонҳои  асилу ростин миллӣ дониста, ба он ҳамчун муқаддасот эътимоди комил доранд.

Саёҳат ҚУВВАТОВА,
мутахассиси шуъбаи
адабиёти хориҷӣ
.