Назари хос. Меҳан зи лавҳи ёд набурдан, намурдан аст…
Бардоште аз чанд ғазали тозаи шоир, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Бахтиёр Раҳмониён.
Шеър барои миллати мо аслитарин зарфи баёни андеша аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ, ки майдони густурдаву муносибе барои интишору ташвиқи шеър мебошанд, бо ашъори мутафовите метавон бархӯрд кард. Аммо, хеле мушкил аст, аз миёни шеърщои зиёд, ки дар гурӯҳҳои мухталифи адабӣ нашр мешаванд, шеъри хубу арзишмандеро пайдо кард. Дар ин гуна фазо ҳар навъ шеъре хонанда пайдо мекунад ва гуногун истиқбол мешавад.
Чун адабиёт офаридаи завқ аст, дар қабули он низ аз ҷониби мухотаб маҳз завқ нақши аслӣ дорад. Мавҷудияти чунин фазои фаъол, ки дӯстдорони шеърро фаро гирифтааст, ба хайри кор аст ва умед аст, ки дар тарбияи эстетикии хонандагон таъсир мегузорад.
Яке аз намояндагони арзандаи шеъри имрӯзи мо Бахтиёр Раҳмониён аст. Бахтиёр дар радифи шоирони умедбахши мо монанди Толиби Луқмон, Бузургмеҳри Баҳодур ва Абдумалики Абдуҷаббор бо нафаси тоза, бо кӯлбори донишу фаҳмиш, огоҳона вориди майдони шеър шеър шудааст. Ӯ дар домони мактабҳои адабие монанди маҳфили адабии шоир Рустами Ваҳҳоб ва маҳфили Хайрандеш парварда шудааст. Аз ин рӯ, нигоҳи ӯ ба эҷод ҳирфаӣ аст. Камтар эҷод мекунад, вале нишонрасу боҳадаф.
Бахтиёр дар авоили кори эҷодии худ, бештар дар мавзӯи меҳанпарастӣ ва худшиносӣ шеър мегуфт. Соле қабл дар Душанбе, замоне, ки бо ӯ суҳбате доштам, баён дошт, ки ошноии ӯ бо шеъри нави Эрон, махсусан ашъори Қайсари Аминпур дар шаклгирии забони шеърии ӯ таъсир доштааст. Шояд ин таъсир аст, ки ҳоло Бахтиёр хеле иҷтимоӣ меандешад. Табиист, ки камоли истеъдод аз худ гувоҳӣ медиҳад. Бо гузашти замон нигоҳи шоирӣ дар робита ба иҷтимои замон тағйир меёбад ва сабабгори тавлиди ашъори пурмуҳтаво мегардад.
Дар ин навишта мехоҳам бардошти худро аз чанд ғазали тозаи Бахтиёр бигӯям. Аз ғазале оғоз мекунем, ки “Хариду фурӯш” унвон дорад ва мақтаи ғазал ин аст:
Бо кӯҳназар, ки омадаам ғам хариданӣ
Ғамро зи қалби мардуми олам хариданӣ.
Шоир дар ин ғазал аз масоили ташвишовар ва саргадониҳои инсони мудерн мегӯяд. Ӯ ба сифати як кӯҳнахар бо кӯҳназаре, ки дорад, мехоҳад ҳама арзишҳои маънигумкардаи оламро канор бигузорад ва арзишҳои кӯҳнашуда ва гумшудаи рӯзгорро бихарад. Ӯ мехоҳад оламро аз зиштиҳо орӣ бубинад. Барои мисол:
Эй дӯст, аз ту то бишавӣ сарбаланди даҳр
Ҷойи сари баланд, сари хам хариданӣ.
Ё:
Қаблан рисолаи илм харидам, вале кунун
“Олим” фурӯхтанияму Одам хариданӣ.
Дидгоҳи шоир дар ин ғазал башардӯстона аст. Пайи овардани арзишҳои гумшудаи ахлоқии инсонҳо, ӯ зарурати онҳоро тавзеҳ додааст. Ӯ наҷоти инсонро дар қаноат, фурӯтанӣ, ҳимматбаландӣ ва дар маҷмӯъ одамгарӣ мебинад.
Ғазали дигаре, ки мавриди диққати банда қарор гирифт, “Кимиё” унвон дорад. Дар ин ғазали зебо шоир инсонҳоро бо ҳамдилӣ ба иттиҳод даъват мекунад:
Биё, як бор коре карда боронро бихандонем,
Бад-ин шоистасабки тоза имконро бихандонем.
Бахтиёр дар ин ғазал бо тасвирҳои сюреалистӣ ҳисси зебои отифонаи инсонҳоро ифода кардааст:
Ба болини ду чашми хеш хоби худ бихобонем,
Ба бедории қалби пок виҷдонро бихандонем.
Шоир асли имондории инсонҳоро дар ваҳдат зистан мебинад. Танҳо дар ваҳдат зистан оламу одамро амонӣ мебахшад ва ин шарти аслии имон аст. Аз ин рӯ шоир даъват мекунад, то имонҳоро бедор созем:
Биё то худ расему ваҳдатободе бино созем,
Ба азми устувори хеш имонро бихандонем.
Тавре, ки дар боло зикр кардем ашъори меҳанпарастӣ дар эҷоди Бахтиёр ҷойгоҳи хос дорад. Аз ин аст, ки дар ғазалгӯйӣ ҳам ин мавзӯъ ӯро домангир аст. “Замзамаи намурдан” унвони ғазалест, ки дар боби хештаншиносӣ суруда шудааст. Бахтиёр дар оғози ин ғазал ҳифзи меҳанро аз ҳама арзиши ҳастӣ боло медонад:
Меҳан ба роҳи ҳифзи ту мурдан, намурдан аст,
Ҷони азизи хеш супурдан, намурдан аст.
Дар ин ғазал низ шоир ба мавзӯоти ахлоқӣ ишора мекунад. Манзури шоир аз ин байт доштани андешаи солим аст. Маҳз дар ин замони ҳассос, ки инсонҳо дар интихоби роҳи дуруст мушкил доранд. Аз ин рӯ шоир усувориро дар фирефта нашудан ба шарри олам мебинад:
Андар ҷаҳони ҳодисахези зи фитна пур,
Макру фиреби ғайр нахӯрдан, намурдан аст.
Байти зер барои мане, ки чанд сол аст дур аз Ватан зиндагӣ мекунам, хеле неру бахшид ва бо мазмуни худ хотири маро осуда намуд:
Осудаҳоли кишвари ғурбат шудӣ агар,
Меҳан зи лавҳи ёд набурдан, намурдан аст.
Андешаҳои тоза, зарфияти фикр ва баёни зебову возеҳи шоиронаи Бахтиёр дар ғазалсароӣ қобили таҳсин аст. Худсозии шоир дар ашъори тозаи ӯ рӯшан аст. Маҳсули ин тозакорӣ ва пухтагиҳои эҷодӣ буд, ки имсол Бахтиёр Раҳмониён дар бахши эҷоди назми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи аввал гардид, ки ин ғалабаро ба ӯ ва мухлисони шеъраш таҳният мегӯем. Ба Бахтиёр нооромии эҷодӣ ва қалами сабзи ғазалрез таманно дорам!
Ҳусайн МАҲМУДОВ,
рӯзноманигор