“Роҳҳои таъмини субъектҳои соҳаи кишоварзӣ бо захираҳои молиявию қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Ин китоб соли ҷорӣ нашр шудааст ва муаллифони он донишмандони тоҷик Қобилҷон Хушвақтзода ва Наврӯз Давлатов мебошанд. Он маводҳо оид ба асосҳои назариявии ташкили таъмини воситаҳои молиявию қарзии субъектҳои кишоварзӣ, вазъи муосири таъмини захираҳои молиявию қарзии субъектҳои кишоварзӣ ва самтҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Муаллифон дар сарсухани худ ба китоб аз ҷумла навиштаанд:
Мушкилоти истифодабарии захираҳои молиявию қарзӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун омили таъсирбахши рушди иктисодиёти миллӣ, тағйир сохтории он ва балан бардоштани сатҳи самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Самаранок истифода бурдани захираҳои ҷалбгардида таҳлили амиқи илмӣ ва омўзиши усулҳои муосири татбиқро ба худ талаб менамояд. Аксари барномаҳои дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар шакли лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, ё ин ки шартномаҳои қарзӣ ба субъектҳои кишоварзӣ пешниҳод мегардад. Қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо баромад мекунад.
Дар солҳои охир дар кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ба қарздиҳии субъектҳои соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар марҳилаи ташаккулёбии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Қариб дар ҳамаи кишварҳо қоидаҳои махсуси қарздиҳӣ ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд доранд ва низомҳои қарздиҳӣ асосан ба муассисаҳои махсуси молиявию қарзии давлатӣ такя мекунанд.
Таҷрибаи дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ дар кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки новобаста ба сатҳи рушди иқтисодӣ ба бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ кўмакҳои молиявии ҳаҷман калони давлатӣ расонида мешавад. Ҳадафи ниҳоии онҳо таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзии нархаш қобили қабул ва то ҳадди имкон фароҳамсозии шароитҳо барои таъмини сатҳи даромаднокии муътадили истеҳсолӣ мебошад. Деҳқонон, иҷрогарон ва умуман субъектҳои соҳаи кишоварзӣ дар бисёр риштаҳои иқтисод ва муассисаҳои давлатӣ алокамандии зич доранд ва ин муносибатҳо мунтазам такмил меёбанд. Ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ чунин корҳоеро, ки деҳқонро фавран дар вазъияти номусоид гузорад, қабул намекунанд. Албатта, ин ба он хоҷагиҳое, ки самаранокии паст доранд дахл надорад…
Муаллифон моногафияи худро барои донишҷуён, аспирантхо, муаллимони мактабҳои олии иқтисодӣ, кормандони илм ва амалӣ, ки ба масъалаҳои захирахои молиявию қарзи машғуланд, тавсия додаанд.
Хонандагони азиз китоби “Роҳҳои таъмини субъектҳои соҳаи кишоварзӣ бо захираҳои молиявию қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.