Назари хос. Таъкид ба масъулият дар Паёми Сарвари давлат
Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат моро бо мазмуну муҳтавои худ ба сӯи фардои нек ҳидоят менамоянд. Бардоште, ки аз ироаи Паёми имсолаи Пешвои миллат кардем, моро боз бештар водору вазифадор месозад, ки дар роҳи худшиносию худогоҳӣ устувор бошему ба рушди минбаъдаи ҷомеа таҳким бахшем ва масъули кору вазифа бошем.
Яке аз самтҳои хеле афзалиятнок, ки Президенти кишвар ҳамеша ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, соҳаи илму маориф мебошад, ки доимо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Президенти кишвар дар Паём таъкид намуданд, ки “миллате, ки бесавод аст, таъсири манфии бесаводӣ ба давлат хатару мушкилоти беҳад эҷод менамояд”. Давлате, ки миллаташ соҳибмаълумоту бофарҳанг аст, дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ рушд мекунад, сатҳи зиндагии мардуми он баланд мешавад ва зуд дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мегардад.
Пешвои миллат дар суханрониашон изҳор доштанд, ки имрӯз ҷавонони кишвар на танҳо дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, балки дар муассисаҳои олии мамлакатҳои хориҷа бомуваффақият таҳсил менамоянд, ки ин боис ифтихори ҳамаи мо мебошад, зеро онҳо ояндаи миллат ва давлати мо маҳсуб мешаванд. Вақте ки мутахассис ҳаматарафа аз лиҳози дониши тахассусӣ комил аст, дар самти худ ҳатман ба комёбиҳо ва пешрафт ноил мегардад ва мутахассис аз зинаҳои поёнии таҳсил бояд омода карда шавад.
Президенти мамлакат дар хусусии сатҳи дониш сухан ронда, баён намуданд, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ талабот дигар хел шудааст ва мо бояд ба ин талаботи сатҳи ҷаҳонӣ омода бошем. Имрӯз барои ҳар як ҷавон ва мутахассиси соҳа донистани забони русӣ ва англисӣ ҳатмӣ мебошад.
Ҳамаи мо, аз ман ҳамчун Президенти мамлакат сар карда нисбат ба вазифаю корамон бояд содиқ бошем ва барои миллати худ содиқона хидмат намоем,- таъкид намуданд Пешвои миллат.
Президенти мамлакат бо назардошти вазъи мураккаб дар саросари ҷаҳон изҳор доштанд, ки мутобиқи пешгӯиҳои коршиносону таҳлилгарон ва хулосаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ вазъи ҷаҳони имрӯза аз бисёр ҷиҳат вазнин аст, вале Паёми Пешвои миллат ва суханони боэътимодашон боварии мардумро ба ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон таҳким мебахшанд.
Воқеан ташкил шудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-ватани азизи ман” барои ҷалб намудани таваҷҷӯҳи толибилмону донишҷӯён ба қишрҳои дигари ҷомеа ба китоб ва мусиқӣ беҳтарин восита гардид ва ҷамъбасти озмунҳо собит намуд, ки бо ин роҳҳо метавон истеъдодҳои навро кашф кард.
Ҳамзамон барои дар сатҳи баланд ташкил кардан ва гузарондани озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” бояд аз тамоми имконоти дастрасбуда истифода кард, то ки натиҷаҳои беҳтарин ва дилхоҳ ба даст оварда шаванд.
Таърихи башарият собит намудааст, давлату халқе, ки ба маорифу фарҳанг таваҷҷуҳ намекунад, оянда надорад. Ин иқдоми Сарвари кишвар агар аз як тараф, барои дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ тайёр кардани донишҷӯёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам созад, аз ҷониби дигар, таълими ин фанҳои зарурӣ минбаъд бештар дар ҳалқаи таваҷҷуҳи ҳам ҳукумат ва ҳам раёсати донишгоҳҳои мамлакат қарор мегирад, ки мутобиқ ба талаботи замони техника ва технологияи муосир мебошад.
Масрура МИРЗОҲАСАНОВА,
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.