Назари хос. Ваҳдати милли аз нигоҳи ман
27 июн Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон эълон шудааст. Дар ин рӯзи барои кишвари азизамон муҳим дар шаҳри Москав Созишномаи сулҳи тоҷикон имзо шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ваҳдати миллӣ сулҳу субот тинҷиву амонӣ, зиндагии осуда аст, ки бояд шукргузор бошем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.
Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ намуда истодааст. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин хоҳад гардид.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус аз сулҳу осудагии кишвари азизам меболам ва ифтихор мекунам.
Зебуннисо Давлатова,
мутахасиси шуъбаи абонементи
байникитобхонавӣ ва таҳвили
ҳуҷҷатҳои электронӣ.