Назари хос. Ватандорӣ аз бедории шуур дар амон аст
Дар пешрафти ҳар миллату давлату ҷомеа нақши калидиро маҳз шуурнокии афроду шахсиятҳои нотакрор мебозад ва маҳз бедории сиёсиву ватандўстӣ барин мафҳумҳо дар тамоми вақту замону макон садо медоданд ва ҳифзи амнияти ҳар ҷомеаро таъмин мекарданд. Агар ба таърихи тамоми давраи миллати худ назар намоем, маълумамон мегардад, ки халқи тоҷик ҳамеша барои ҳифзи забон, фарҳанг ва замину хоки худ дар набардҳои сахту сангин қарор гирифтааст ва ҳеч гоҳ фарзандони фарзонаи миллат ба ватану миллату халқи худ хиёнат накарданд. Ин аст, ки ин ҳама мероси бойи гузаштагон, ки забонро беолоиш, замину хоку муқаддасоти худро пуршарафона ҳифз кардаву то давраи мо оварда расонидааст.
Мутаассифона, имрўзҳо низ миллати мо, давлати мо аз нотавонбинии чор тан, аз касифони дурўғноманавису хоинони миллат ҳоло ҳам дар амон нест ва ин нотавонбинон ба шуури ҷавонони мо таъсири манфӣ расонида, мехоҳанд онҳоро ба шӯру ҷаҳл оварда, ҷомеаро, ватанро, халқи азобдидаи тоҷикро боз ҳам ноорому саргардон намоянд. Албатта, маълум аст, ки дар ин нобасомониҳо ва шўрандозӣ дар ҷомеа боз ҳам қишри ҷавон ҳадаф қарор мегирад, чун ба дом афтодани ин табақа барои идеологҳои манфур ва бадхоҳу золим осонтар ба назар мерасад. Ҳилагариву маккории бадхоҳони миллату давлати Тоҷикистонро бо сарпарастии хоҷагонаш мо шоҳид шудем, ки ҷавонони моро ба кўчаҳои гумроҳӣ дароварданд ва хостанд, ки ин ҷомеаи ҳамакнун тозаистиқлолро боз ба ҷанги ватанфурўшона ва хоинона бикашонанд.
Хушбахтона, Ҳукумати Тоҷикистони азиз аз солҳои аввали исиқлол ба қишри ҷавони ҷомеа таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои зиёд менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз тарафи давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Призденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиятҳои ҷавонон ва муҳайё намудани шароити созгори илмомўзӣ ва азхуд кардани касбу ҳунар як қатор қарору қонун ва стратегияҳои давлатӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Ҷавонони мо бояд шукрона аз он намоянд, ки дар чунин кишвари ободу озод зиндагӣ менамоянд ва барои фаъолияти дилхоҳашон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аммо дар барбари ин, имрўз баъзе нафароне ҳастанд, ки тоқати дидани ин ҳама пешрафту шукуфоиро надоранд ва бо ҳар роҳу усул кўшиш менамоянд, ки амният ва сулҳу суботи ватани азизамон- Тоҷикистонро халалдор намоянд. Чуноне, ки ишора рафт, бадхоҳон ва нотавобинони миллат барои расидан ба ҳадифҳои нопокашон аз қишри осебпазири ҷомеа, яъне ҷавонон истифода менамоянд. Вале, яқинан ва дақиқан гуфта метавонам, ки ман ба азму иродаи қавии ҷавонмардони бонангу номуси тоҷик итминони комил дорам ва умедворам, ки ҳар яки онҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи давлат ва Ҳукмати мамалакат саҳми ватанпаравонаи худро мегузоранд.
Чаро душманони миллат бештар мехоҳанд ҷавононро ба худ ҷалб кунанд? Барои он ки ин душманони халқу миллат аз мафкураи дар ҳоли рушд ва шўру ҳаяҷони ҷавонон ба манфиати хеш истифода менамоянд. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрўз моро хушдор медиҳанд, ки арзишии неъмати истиқлолро дониста, пайи таҳкими он ҳамчун як шаҳрванди масъулиятшинос саҳми худро гузошта бошем. Барои мисол ба ҳамсоякишвари Афғонистон назар меандозем:вақте дар тамоми шабакаҳои телевизионии ин кишвар аз қишрҳои гуногуни ҷомеа суол мекунанд, ки орзуи шумо чист? Ҳамагӣ мегўянд: «сулҳи сартосарӣ дар Афғонистон».
Ҳамватанони азиз, он чизе, ки мардуми афғон солҳост орзуяшро доранд, дар ватани азизи мо –Тоҷикистон шукрона, ки пойбарҷост. Магар ин неъмат арзиши шукургузориро надорад?
Умедворам, ки ҷавонони бо нангу номуси тоҷик бо ибратпазирӣ аз таърихи начандон дури Ватан- яъне ҷанги шаҳрвандӣ, барои ободиву осудагии Ватан ва ояндаи дурахшони хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон- Тоҷикистони азиз аз неруи созанда ва ақлу мантиқи инсонӣ кор хоҳанд гирифт.
Наботбегим КАРИМОВА,
сардори шуъбаи
нигоҳдории китоб.