Китоби нав. “Нахустин устоди мо”

Нахустин-устоди-моИн китоб дарбаргирандаи маводи Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявие мебошад, ки  17-уми ноябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ“-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо ҳузури гарми зумрае аз донишмандон, шогирдони академик Муҳаммадуллоҳ Лутфуллозода, муҳаққиқон, кормандони китобхона, намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ баргузор шуда буд.

Дар маҷмуаи мақолаҳо аз рӯзгор, осор ва фаъолияти пурсамари илмию эҷодии доктори илмҳои педагогӣ, профессор,  академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  устод Муҳаммадулло Лутфуллозода гирд омадаанд.

Китоб зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон  Файзализода таҳия гардида, аз суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос шудааст, ки фармудаанд: “Мо бовар дорем, ки олимону зиёиёни эҷодкор ва аҳли маорифу фарҳанг ба Ватану давлати хеш садоқати бепоён доранд, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ талош менамоянд, ба арзишҳои бузурги миллӣ ва умумиинсонӣ арҷ мегузоранд, хотираи таърихии халқро пос медоранд, ки ин ҳама ҳама бузургтарин сифатҳои зиёии асил мебошанд”.

Директори муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода дар мақолаи “Нахустин устоди мо” академик Муҳаммадулло Лутфуллозодаро ин гуна муаррифӣ мекунад:

Академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Арбори илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди муаззам Лутфуллозода Муҳаммадулло  бо кору фаъолияти илмию эҷодиаш дар дили аҳли маорифи кишвар ва хонандагону омӯзгорон  ошёни меҳру садоқат бунёд шудааст. Ин фарзонафарзанди миллат як умр бо тамоми тавон аз забон, адабиёт ва  фарҳанги халқаш дифоъ намуда, дар ҳама маврид бо нигоҳи хоса, диди нав талоши беминнату беиллат, заҳматҳои шабонарӯзӣ, афкори қавӣ пеша сохта, баҳри рушди мактабу маориф, илми педагогика ва тарбияи насли наврас, хидматҳои шоёну мондагоре кардааст.

Ба бахти баланди насли даврони истиқлоли кишвари азизамон-Тоҷикистон чунин абармардони илмуқ хирад ва фарзандони баору номус, муаддабу олим, хирадманд, некандешу некманиш бо ҳузури нек, андешаи афкор, роҳу равиши хеш моро раҳнамоӣ мекунанд ва барои рафъи мушкилоту кушодани пайроҳаҳои мушкилгузар чун чароғи нурафшон рӯҳу хиради моро роҳнамоӣ ва фурӯзон менамоянд.

Гунаи электронии китоби мазкур ин ҷост: “НАХУСТИН УСТОДИ МО”.

 

 Бибираъно Ҷӯраева