Нигоҳе дигар ба рӯзгору осори устод Садриддин Айнӣ

Садриддин-АйниМаҷмуаи мазкур, китоби аввал аз силсилаи мунтахаби осори илмии адабиётшиноси шинохта Абдухолиқи Набавӣ буда, фарогири мақолаву пажӯҳишҳои ишон оид ба чанд нуктаву масъалаҳои мушаххас ва мубрами рӯзгору осори пурбору мураккаб, қаҳрамононаву пур аз ибтикороти  устод Садриддин Айнӣ буда  ба муносибати 145 – солагиаш иншо гардидааст.

Абдухолиқи  Набавӣ дар сарсухани китоб мегӯяд, ки устод Айнӣ аз чеҳраҳои дурахшон дар таърихи забону адабиёт ва фарҳанги форсии тоҷикӣ ба шумор меояд. Банда хеле бармаҳал (1978) ӯро классики адабиёти  муосир тоҷик тавсиф карда будам. Ғараз ин будааст, ки устод ба хотири он ҳама заҳматҳое, ки дар рушди фарҳанги маънавии муосири тоҷикӣ кашида, ба хотири он ҳама талошҳо дар ташаккули забони адабии муосири форсии тоҷикӣ анҷом додааст, ба хотири он ҳама ибтикороте, ки дар зуҳур ва рушди адабиёти сифатан нави воқеъгаро ба ҷо овардааст ва  ба хотири он ҳама пӯяндагиҳое, ки дар шаклгирии илмҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ, забоншиносӣ ва луғатнигорӣ анҷом додааст, ба хотири кӯшишҳои самарабахшаш дар илми мусиқӣ, ривоҷи маорифу матбуот, дар ивази талошу муборизаҳое, ки хамроҳ  ба ҳамсафони худ дар ҷаҳони худогоҳиву худшиносии миллӣ ва мутаваҷҷеҳ шудан ба ҳувияти қавмӣ, сарнавишти таърихӣ ва ояндаи мардуми худ кардааст, метавонад барҳақ «падари миллат» ва «чеҳраи мондагор» дар таърихи миллати тоҷик ба шумор оварда шавад. Бинобар ин бо қарори Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ ба устод Садриддин Айнӣ унвони нахустин «Қаҳрамони Тоҷикистон» (1997) муносиб дониста шуд. Ин ҳама мартабаҳо натиҷаи заҳматҳо ва талошу ҷоннисориҳои устод аст, ки ба содагӣ даст надодааст. Тавсифҳои аввалин, поягузор, сарнавиштсоз ҳама натиҷаи кору фаъолияти огоҳонаи як марди миллатдӯст мебошад, ки бояд барои ҳар фарди тоҷики худшинохта  намунаи ибрат бошад. Вале тасаввуре пайдо нашавад, ки дар амалӣ кардан ва пиёда сохтани он ҳама кору  пайкор барои устод ҳама роҳҳо ҳамвору  боз будааст ва вай гӯё як абармардест, ки ҳарчи сари роҳаш пеш омада, ба  содагӣ бартараф менамуд…

Ҳар нафаре мехоҳад аз дар бораи устод Айнии бузургвор ва кору фаъолияту осори бебаҳояш бештар ошно шавад, лутфан китоби донишманди маъруф Абдухолиқи Набавӣ  «Нигоҳе дигар ба рӯзгору осори устод Садриддин Айнӣ» таваҷҷуш кунад.

Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.