Нигору номаҳои мардумони Осиёи Вусто
Осиёи Вусто ва Туркистони Шарқӣ пеш аз омадани аъроб ватани мардумони эронинажод буд. Дар ин кишвари паҳнову барои зист созгор аз адвори қадим суғдиҳо, бохтариҳо ва хоразмиҳо мезистанд. Фарҳанг ва забони онҳо ба ҳам наздик буд. Онҳо аз бисёр ҷиҳат монандӣ доштанд ва ҳамин хешӣ онҳоро дар айёми сомони ба халқи тоҷик муттаҳид намуд. Каме дуртар аз онҳо дар Туркистони Шимолӣ тахориҳою сакоиҳо сукунат дошанд. Онҳо низ мардумони ба суғдиҳову бохтариҳо ва хоразмиҳо хеш буданд. Аммо кўчӣ, ки буданд, дур афтоданд ва забону фарҳанги мардумони муқимӣ фарқ кард.
Ба омўзиши таърихи суғдиҳо, бохтариҳо ва хоразмиҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ шудааст. Роҷеъ ба таърихи ин мардумон номаҳо ва мақолоти зиёд ихтисос ёфтаанд. Ҳамин гуна маводи муҳими ба онҳо доир ба забони тоҷикӣ ҳам ҳаст. Хушбахтона, теъдоди ин адабиёт сол аз сол меафзояд ва самтҳои мухталифи фаъолияти моро фаро мегирад.
Вазъи омўзиши тахориҳою сакоиҳо беҳбуд мехоҳад. Маводи мавҷудаи ба онҳо доир бисёр кам аст. Аммо имрўз ҳам чун дар айёми Рўдакӣ, ки «он бод ҳаме аз Хутан ояд» мегуфт, иттидоъи асосии ба ин ду мардум марбута, ки нигору номаҳои хешро доштанд, аз ҳамон Хутан меояд.
Фарҳанги онҳо, аз ҷумла нигору номаҳошон, аз анъанаҳои номанигории ҳиндӣ об хўрда, аз санскрит баргардониҳо намуда, номаҳояшонро дар шакли путхӣ созмон додаанд.
Омўзиши илмии Туркистони Шарқӣ дар асри 19 оғоз ёфту то ба имрўз идома дорад, бозёфтҳои муҳимеро фаро гирифт. Дар ин омўзиши илмӣ олимони миллаташон мухталиф: русҳо, инглисҳо, фаронсавиҳо ва намояндагони халқҳои дигар ширкат варзидаанд. Корҳои зиёди пажўҳишии анҷомёфта роҷеъ ба рамзкушоии дастнависҳои дар Хутану атрофи он пайдо гардида ба як натиҷаи бисёр муҳим овард. Он аз адвори қадим дар ин сарзамин сукунат доштани қабилаҳои ҳинду урпоиро собит кард.
Аввалин дастнависро ҳанўз дар соли 1892 С.Ф.Олденберг ба табъ расонида буд. Баъди ин теъдоди дастнависҳои ёфтшуда афзоиш ёфт. Аммо забони ин дастнависҳо аз ҳамдигар фарқ мекардаанд. Ба ҳар ҳол тахорӣ будани забони матун собит гардид. Бо забонҳои ҳинду-эронӣ алоқаманд будани тахорӣ низ исбот шуд. Дастнависҳои аз Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ ёфташуда чизи дигар яъне байни аҳолии Хутан аз ҳазораи 1-и милодӣ хеле зиёд будани гурӯҳҳои эрониро нишон медиҳад. Ин гурӯҳхо аз нигори брахмӣ истифода мекардаанд.
Дар бораи ба Туркистони Шарқӣ омадани сакоиҳо бостоншиносон тахминҳо кардаанд. Тибқи ақидаи онҳо қабилаҳои кўчии эронизабон ба ин сарзамин дар нимаи ҳазораи дуюми то милод омада будаанд. Дар асри 10 хеле сершумор ва шояд гурўҳи асосӣ будаанд.
Робита бо ҳиндуҳо пеш аз паҳн шудани дини будоӣ оғоз меёбад. Мувофиқи гузориши олимони Чин аввалин сулола дар Хутан аз ҷониби писари императори Ҳинд Ашокӣ барқарор шуда буд. Яъне фарҳанги мардумони ин сарзамин аз ҷумла маданияти тахориҳою сакоиҳо дар ҳазораи 1 милодӣ зери таъсири фарҳанги ҳиндӣ созмон меёбад. Дигар будани нигору номанигории тахориҳову сакоиҳо аз инҷост.
Аз китоби Раҳимҷони Шарифзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.
(Давом дорад)