Низофат рӯҳбаландӣ мебахшад!

Атрофи бинои Китобхонаи миллӣ бо симои тозаву озода, муаттар ва зебои худ руҳи касро болида месозад ва дар дилҳо тухми муҳаббат мекорад. Ин макони биҳиштӣ ҳар нафарро ба зебопарастӣ талқин мекунад ва дидани манзараҳои сабзу шукуфон бидуни шак хонандаро ҳам таҳти таъсири амиқ қарор медиҳад. Қолабу тарҳи ин бино худ гувоҳ аст, ки макон-макони зебост, дар миёни дигар биноҳои ин гӯшаи шаҳр ҷилло медиҳад ва атрофро нурпошӣ мекунад. Албатта, тозагии атрофи муассиса аз заҳмату талоши кормандони он зиёд вобаста аст ва кормандони ин боргоҳи маърифат дар баробари хидмат ба хонандагони худ баҳри сарсабзиву хуррамии атроф талошҳои зиёд менамоянд.

Аз ҷумла, кормандони шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ низ пайваставу ҳамеша дар ободии ин макон саҳм мегузоранд ва дар тамоми рӯзҳои низофат дар корхона ва дигар шанбегиҳо фаъоланд.

Шахсан ман ба кормандони шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои саҳми арзандааошон дар корҳои ободонӣ, талошҳояшон барои пешрафти кори соҳавӣ ва маърифати баланди онҳо ифтихор дорам.

Умуман, месазад, ки ба гулдухтарони тозакору ободгару боиффати Китобхонаи миллӣ ва мардони бофарҳангу боҳуш ва шуҷоъу донишманди он аҳсан бигӯем ва барояшон муваффақияту бурдбориҳо таманно намоем.

Мо кормандони ин боргоҳи илму хирад ва махзани беназири фараҳнгии ватани маҳбубамон аз иқдомҳои роҳбарияти олии кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар роҳи ободгардониву сарсабзии ватани азизамон пайваста иқдомҳои нав ба навро пеша менамоянд, ҷонибдорӣ менамоем ва баҳри амалигардонии тамоми дастуру супоришҳои дар ин роҳ додашуда, самимонаву содиқона фаъолият мебарем.

БИЁЕД, КИТОБХОНА БАРОИ ШУМОСТ! МО ДАР ХИДМАТЕМ!

Нусратуллозода  Идигул , Сардори Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.