Номаҳои  мазҳабӣ. Мухтасар аз сарнавишти Авасто

Яке аз масоили ҷиддии дини зардуштияи замони сосонӣ ин барқарор  намудани матни Авасто буд. Нусхаҳои ин тўмори муқаддас баъди тасхири Эрон аз ҷониби Искандар сӯзонида шуданд. Дертар шоҳи сулолаи Аршакиҳо Валахш фармон дод, ки нусхаҳои боқимондаи Авасто ва он чизе, ки мўбадон аз асар дар хотир доштанд, ҷамъоварӣ гардад. Он замон Авасто дар шакли собиқааш барқарор гардид.

Дар айёми сосонӣ Авасто чандин бор таҳрир шуд. Таҳрири аввалӣ бо ташаббус ва ширкати мағупат Картир анҷом гирифт. Дар ин таҳрир матни Авасто бо он воқеият, ки дини заргуштия давлатӣ шуда буд, мувофиқ карда шуд. Бо фармони Шопур маводи ба илми нуҷум, тиб, риёзиёт ва фалсафа, ки аз матни таҳрири Картир берун монда буд, ба Авасто илова гардид.

Дертар Шопур, писари Ҳурмузд ба таҳрири нави Авасто фармон дод. Дар он айём сиёсати шоҳаншоҳӣ нисбати заргуштия тағйир ёфта буд ва таҳрири Картир ҳамчун худсарӣ аз таҳрифи Авасто талаққӣ гашт. Таҳрири навбатиро мағупати он замон Озарбади Мақраспандон ба анҷом расонид.

Дар замони Хусрави Парвиз матни Авасторо бори дигар таҳрир намуданд. Онро ба талаботи забони паҳлавӣ мувофиқ карданд. Номае бо тафсиру тавзеҳ ба миён омад, ки онро Занд гуфтанд. Дар асл он тарҷумае буд, ба паҳлавии даврони сосонӣ, чаро ки матни Авасто дар он айём мансух шуда буд ва омма маънии онро намефаҳмид. Маҳз барои истифодаи умум қисмате аз фусули Авасторо такия намуданд.

Нусхаи қадимтарин дастнависи Авасто, ки то ба замони мо  расидааст, ба соли 1278 мансуб аст. Ва он аз 5 қисмат-«Ясно», «Висларад», «Вандидод», «Яштҳо», «Хурдавасто» иборат аст.

Аз китоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ
.