Нуралӣ Нурзод: Бо назардошти таҷрибаи ҳосилшуда таҳияи китобе бо номи “Баёзи фурӯғ” зарур аст
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо доктори илмҳои филологӣ, профессор устод Нуралӣ Нурзод – аъзои ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
– Таи чанд сол аст, ки Шумо дар ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довар ҳастед. Аз назари Шумо ҳамчун як олим ва мутахассиси варзида озмуни имсола аз озмунҳои солҳои пешин чӣ тафовути назаррасе дорад? Манзурам донишу биниши ширкаткунандагон ва сатҳи омодагии онҳо.
– Соли ҳафтум аст, ки дар Тоҷикистон бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷараён дорад. Имсол дар рафти баргузории озмун ба равшанӣ эҳсос гардид, ки довталабон нисбат ба солҳои пеш хеле фаъол ҳастанд ва ҳатто интихоби ғолибон дар ҳамаи бахшҳо ба мушкилӣ сурат мегирад. Ин душворӣ пеш аз ҳама пайванд ба он дорад, ки дар ҳамаи зинаҳо довталабон бештар аз ҳарсола ашъор азбар кардаву китобҳои зиёдеро мутолеа намудаанд. Новобаста ба мушкилоти фаҳми маъонӣ барои хонандагони зинаҳои макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар номинаи адабиёти классикии тоҷик онҳо кӯшишҳои муваффақонае барои азбар намудани ашъор ва мутолеаи маънирасонаи осори бузургони адабиёти классикии мо иқдом намуда истодаанд. Бо итминон метавон изҳор дошт, ки сатҳи донишу биниш, мутолеаву маърифати хондаҳои довталабон имсол аз ҳар сола хеле боло рафтаанд. Агар як гурӯҳи он бо сабаби таҷрибаҳои чандсолаи ширкат дар озмун дар ин ҷода муваффақ шуда бошанд, гурӯҳи дигар бо такя бар завқу салиқаи баланди хеш дар ин роҳ тавфиқ ёфтаанд.
– Шумо ҳамчун устоди Донишгоҳ ба омодагии донишҷӯёну аспирантон ва хонандагони МТМУ ба озмун чигуна баҳо медиҳед? Яъне, тафовути омодагӣ, шавқу завқ, майлу рағбат миёни ин ду гурӯҳ (хонандагони МТМУ ва донишҷӯёну аспирантон)-ро дар чӣ мебинед? Завқи кадоме аз ин гурӯҳҳо бештар аст?
– Омодагӣ ба озмун, албатта, дар заминаи қиёси синнусолӣ наметавонад дар як сатҳ бошад, вале агар аз нигоҳи зинаҳои камолоти маънавӣ ба шинохти ин масъала ворид шавем, равшан мегардад, ки бемуҳобо кӯдакони хурдсол хеле фаъоланд, новобаста ба он ки онҳо тоза ба майдони маърифат ва омӯзишу мутолеа ворид шудаанд. Бахусус, ширкати чанд нафар хонандагони синфҳои 1 ва 2, ки миқдори зиёди ашъорро азбар намудаанд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин насли тозафикру тозаандеша дар ин ҷода хеле муваффақанд, ҳарчанд ҳанӯз таҷрибаҳое дар ин арса надоранд. Интихоби ашъор ва осори мутолеашуда аз ҷониби онҳо қобили таваҷҷуҳ аст, зеро аксаран мутуни манзум ва мансурро ҳаҷман зиёд азбар намудаанд. Соҳиби чунин ганҷинаи бузурги маънавӣ гардидан барои он шарафи бузурге хоҳад буд, ки тамоми умр ҳамроҳӣ намуда, дар камолоти фикриву андешавии эшон нақши муассир хоҳад гузошт. Азбар намудани ашъори зиёд муҷиби тақвияти зарфияти хотираи қавии инсонӣ мегардад, ки ин таҷрибаро аксари бузургони адабиёти классикии мо доштанд. Агар сабаби аввали дар ҳафтсолагӣ гуфтани аввал рубоӣ аз сӯи Мирзо Абдулқодири Бедил қариҳаи зотии ӯ бошад, омили муассир ба нубуғи эҷодии вай ҳамин мутолеа ва азбар намудани осори фаровоне аз суханварони пешин, маърифати адабиёт ва баҳрварӣ аз суҳбати чунин бузургон ба шумор меравад. Албатта, таъсири матлуби ин равандро, ки меваҳои дарахти ин озмун ҳаст, мо бо гузашти солҳо шоҳид хоҳем буд. Махсусан, натиҷаҳои шоиставу шоёни таъсири мутолеаи адабиёт ба кӯдакону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таъсилоти миёнаи умумиро, ки нисбат ба табақаҳои дигар хеле фаъоланд ва бо завқу шавқи баланд ба ин раванди фардоафрӯз ворид шудаанд. Донишҷӯён ҳам эҳсос мегардад, ки нисбат ба солҳои пешин кӯшиши бештар аз худ зоҳир мекунанд, вале таҳлили оморӣ нишон дод, ки хонандагон аз рӯи шумораи ашъори азбарнамуда ва миқдори китобҳои хонда пешсафанд. Масалан, дар миёни хонандагони ғолиб нафароне ҳастанд, ки то 250, 180 адад ғазал азбар намуда, куллан наздики чаҳор ҳазор байтро аз ёд медонанд.
– Дар барномаи озмун ашъори Абдулқодири Бедил низ омадааст. Як самти фаъолияти илмии Шумо, ки бедилшиносист, аз назаратон ширкаткунандагони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба дарки Бедил расидаанд, ё на?
– Бароям бисёр хушоянд, буд, ки дар дафтари аксари ширкаткунандагнони озмун як ё якчанд ғазал аз эҷодиёти Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар адабиёти мо бо номи “Абулмаъонӣ” маъруф аст, мавҷуд буд. Чанд нафар пораҳое аз маснавии “Комде ва Мудан”-ро низ аз ёд кардаанду нафарони дигар қасидаҳоеро аз маҳсули хомаи ин шоир медонанд. Бавежа, қасидаи “Саводи аъзам”-ро, ки дар посухи “Дарёи аброр”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ суруда шудаанд. Мухаммасҳое низ аз Бедил дар бастаҳои чанде аз довталабон ҷой дошт. Қобили таъкид аст, ки мардуми тоҷик бештар аз дусад сол аст, ки Бедил мехонанд ва мавҷудияти нусхаҳои фаровони хаттии девони шоир дар хонаҳои мардуми тоҷик гувоҳи ҳақиқати ин амр аст. Роҷеъ ба ин раванд ман дар як мусоҳибаи хеш муфассал суҳбат карда будам. Ҳоло аз ёд кардани ашъори Бедил барои хонандагону донишҷӯён худ қадами аввал дар маърифати андешаҳои ин суханвари маънишикор аст. Ин гоми устувор роҳеро дар шинохти рамзу рози калом ва афкори Бедил боз хоҳад намуд. Мо медонем, ки дар гузашта дар сари бозору чойхонаҳо мардуми тоҷик маҳфилҳои бедилхонӣ меоростанд, ки устод Айнӣ ҳам дар китоби “Ёддоштҳо” ва ҳам дар асари “Мирзо Абдулқодири Бедил” бар ин маҷолиси фаҳми шеъри ин суханвар ёд кардааст ва намунаҳои шуруҳи шифоҳие аз ин мафоҳилро Аҳмади Дониш дар “Наводир-ул-вақоеъ” зикр намуда. Ман чунин меандешам, ки таваҷҷуҳи наслҳои мухталиф ба азбар намудани намунаҳои ашъори Бедил дар доираи озмун бо шеваи дигар ва ҷадид нусхае тоза аз чунин маҳофили суннатист, ки дар партави ин иқдоми Пешвои муаззами миллат эҳё ва ба мазҳари умум роҳ меёбад. Дар ҷараёни озмун мо бештар аз хонандагоне, ки намунаҳои ашъори Бедил аз бар намудаанд, луғоте аз таркиби ин сурудаҳое мепурсем, ки ба қавли худи суханвар “аввалқадам”-и мактаби маърифати андешаҳои ӯ метавонад бошад. Дар наслҳои бузургтар шарҳи маънии бархе таркиб ва абётро ҳам талаб менамоем, ки фикр мекунам роҳе муҳим дар кашфу таҳқиқи ҷаҳони андешоҳои суханварро барои ҷомеаи имрӯз ҳамвор мекунад.
– То ҷойе, ки мо медонем дар озмуни вилоятии “Фурӯғи…” дар ҳайати ҳакамон ва ҳатто сарварари ҳакамон будед. Маъмулан, дар ин гуна озмунҳо бурду бохт, барору нобарориҳоро ба аъзоёни ҳакам марбут медонанд ва ман гумон намекунам, ки байни ширкатдорону ҳакамон чунин баҳсҳо пеш наомада бошанд. Метавонед ба ёд оред, ки ин гуна баҳсҳоро чӣ гуна ҳал мекардед?
– Ман чанд сол қабл чунин масъулиятро доштам ва албатта ҳамасола чунин баҳсҳо дар ҳама шаклу намуди озмунҳо ҷой доранд. Вале ба чандин нафар, ки гоҳо чунин норозигиҳо кардаанд, мо ин нуктаро таъкид ва талқин мекунем, ки муҳим дар раванди озмун онҳо соҳиби хазинаи бузурги маънавие шудаанд, ки заволнопазир аст ва ҳамеша ҳамроҳашон. Аслан, ҳузур дар ин озмун бояд ҳамин бошад, ки довталабон мизони огоҳӣ ва шинохти хешро дар қиёс бо дигарон бисанҷанд. Махзани маънавие, ки дар натиҷаи ин озмун довталабон барои худ ба даст меоварад, метавонад чи миқдор кӯмакҳои бузурге дар зиндагӣ барояшон намояд. Борҳо шоҳиди он гардидам, ки онҳое, ки ҳамон замон норозӣ буданд, бо гузашти солҳо ин андешаро таъкид доштанд, ки воқеан ба маърифати ин матлаб дар мавриди соҳиби чунин хазина гардидан имрӯз расидаанд. Хушбахтанд, ки ҳоло ин хазинаи бузурги маънавиро соҳибанд ва ин ганҷинаҳои нодирро онон дар ҳама маврид истифода мекунанд. Дар иртибот ба ин мавзуъ мехоҳам ду нуктаи дигарро таъкид кунам. Довталабоне ҳастанд, ки чаҳор ё ҳатто панҷ сол аст, ки ширкат менамоянд, вале миқдори ашъори азбарнамудаи онҳо ва осори мутолеакардаашон ҳамон аст, ки дар соли аввал доштанд. Ҳатто бастаи бархе аз онҳо ҳамон такрори солҳои пешин аст. Ин дар ҳолест, ки бояд онҳо дар муддати ҳар сол бояд ду се баробар ҳаҷми маводи хешро афзун намоянд. Бар ин асос, ба назари ман чун ҳаҷми ҷоизаҳо ба ҳидояти Пешвои миллат ду баробар афзун шуд, имрӯз зарурати он аст, ки бо асоси ин ташаббуси Пешвои миллат ва таҷрибаи ҳосилшуда дар ҳафт соли гузашта ба меъёри муқаррашуда барои миқдори ашъор ва теъдоди осори мутолеашаванда таҷдиди назар шавад. Афзудани миқдори ашъор ва осор кӯшишу эҳтимоми хонандагонро бештар мегардонад. Нуктаи дувум таҷрибаи табодули ҳайати доварон дар даври савум натиҷаҳои босамар дода истодааст. Ба ҳайси довар ман ду сол пеш дар даври савум дар шаҳри Душанбе ширкат доштам. Имсол низ ба вилояти Суғд аз муаассисаҳои илмӣ ва макотиби олии шаҳри Душанбе сафарбар шуданд ва аз донишгоҳи мо ба минтақаҳои Душанбе ва Хатлон. Ин тадбири азсаргирифтаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар баробари самараҳои матлуб додан метавонад ба пайвандҳои адабиву илмиву маънавии олимону донишмандон, рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба муассир бошад. Дар вилояти Суғд низ имсол барои баргузории даври дувум ҳайати ҳакамон аз ҷумлаи устодони макотиби олии вилоят баргузида шуданд, ки барои кашфи истеъдодҳои нодир ин шева таъсиргузор омад.
– Аксари ҳакамон аз гуфтани назарҳои худ дар матбуот парҳез мекунанд. Ба назари мо ба ҷуз Ҳафиз Раҳмон дигар кам касон аз ҷараёни фаъолияти ҳаррӯза назарҳои худро менависанд. Ин майлу хоҳиши худи ҳакамон аст ё кадом талаботе ҳам ҳаст, ки бояд нагӯянд?
– Воқеан, устод Ҳафиз Раҳмон дар амри изҳори андешаҳо дар бораи озмун ва шеваҳои такмили низоми он фаъоланд, вале ман фикр мекунам, ки агарчӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ намегузоранд, бисёр аз аъзои ҳакамон мулоҳизаҳои хешро баён медоранд. Ҳамасола, аз сӯи комиссияи ҷумҳуривӣ андешаҳои ҳакамонро дар бораи таҷдиди назар ба Низомнома ва раванди баргузории озмун мегиранд ва имсол ҳам аллакай мо пешниҳодоти хешро манзур кардем. Ин ки Низомномаи озмун хеле мукаммал шудааст, самараи пешниҳоди аъзои ҳакамон ҳам аст. Аз сӯи дигар, дар матбуот ҳам андешаҳои ҳакамон пайваста нашр мешаванд. Соли гузашта баъд аз баргузории озмун мақолае аз ман дар нашрияи “Омӯзгор” ба нашр расид ва ҳоло тасмим дорам, ки баъд аз анҷоми озмун мулоҳизаҳои хешро бинависам ва ба нашрияҳои даврӣ манзур кунам.
– Чанд соле, ки узви ҳакамон ҳастед, албатта мушоҳидаҳои зиёд дорем ва бовар мекунем ин мушоҳидаҳои худро расман ҳам ироа кардаед. Оё гуфта метавонед, ки агар имсол ҳам аз Шумо хоҳанд, ки пешниҳодҳои худро ироа кунед, чӣ пешниҳодеро мехостед кунед?
– Дар мавриди ин суоли Шумо аллакай посух гуфтам ва фақат як нуктаи дигарро мехоҳам афзоям, ки бо назардошти таҷрибаи ҳосилшуда ба андешаи ман таҳияи китобе бо номи “Баёзи фурӯғ” зарур аст, зеро таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки бо гузашти ҳафт сол ҳанӯзам бастаҳои довталабон ғалатҳои зиёде доранд. Аксар намунаҳои ашъорро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд, ки дар мавриди мансубияти онҳо ба ин ё он шоир мавриди баҳс аст. Дар амри муқаррар намудани сарҳади жанрҳои суннатӣ низ мушкилот ҷой доранд. Гоҳо ғазалҳои тулонии хоси шоироне чун Мавлоно, Бедил, Сайидо, Шавкати Бухороӣ ва дигаронро ба гуруҳи қасоид шомил кардаанд. Баъдан, достонҳоро ба сурати пароканда интихоб мекунанд. Ҳадафи озмун танҳо аз бар намудани шеър нест, балки дарку маърифати адабиёт низ ҳаст. Интихоби гузидаи достон метавонад ба маърифати ноқиси матолиб омил гардад. Ҳастанд нафароне, ки чунин достон ва қасоидро ба сурати комил азбар намудаанд. Масалан, дирӯз довталабе аз шаҳри Душанбе қасидаи “Луҷҷат-ул-асрор”-и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро, ки сад байт аст, ба сурати комил аз бар намудаву қироат кард. Аз ҳар ҷои ин қасида ба сурати мунтахаб пурсида шуд, посух гуфт. Аммо бештари довталабон қасоидро гоҳо маврид панҷ-шаш байт интихоб мекунанд, яъне ба назари онҳо миқдори муқарраршуда дар Низомнома ҳосил шавад кофист. Бештар онҳо ба сурат кор мегиранд, на ба маънӣ. Ман албатта, ин дидгоҳҳои хешро бар пояи таҷрибаҳои ҳосилшуда изҳор доштам ва фикр мекунам, ки дар номинаҳои дигар низ бояд чунин бошад.
– Шояд чизеро мехостед пурсам, ки напурсидам?
– Дар ин маврид танҳо як нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯз зарурати дар як ниҳоди ҷамъиятӣ муттаҳид намудани ғолибони ин озмун пеш омадааст, то аз зарфияти фикрии онҳо дар оянда ҳамаҷониба истифода шавад. Дур намеравем, таҷрибаи истифодаи чанд нафар аз ғолибон ба ҳайси довар дар озмун самараҳои матлуб ба бор овард. Чанд сол аст, ки ғолиби номинаи адабиёти ҷаҳон Наврӯзи Ҷумъамурод ҳам дар даври савум ва ҳам чорум ба ҳайси узв ва ҳатто раиси ин номина фаъолият мебарад. Фикр мекунам, ки дар оянда низ аз ин қувваи бузург барои пешрафти кор дар ҳама самтҳо босамар ба кор гирифта шавад.
– Ташаккур, ки барои мо вақти пурқиммати хешро дареғ надоштед ва аз посухҳои хеле бамавриду андешаҳои ҷолибатон сипосгузорем.
Мусоҳиб Махфират Муҳидинова,
мутахассиси бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.