Оғози чорабиниҳои идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Кадбонуи беҳтарин”- дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Наврӯзи хуҷастапай баргузор гардид.

Дар озмун занону духтарон анъанаи чандинсолаи ҷашни Наврӯз “суманакпазӣ”-ро роҳандозӣ намуданд ва ҳар кас бо нияте ба он сангча ё чормағз партофта, суманаки дар дег бударо то тайёр шуданаш мекобанд.

Озмун аз бахшҳои гуногун аз ҷумла: мӯйисарбофӣ, сабзирезакунӣ, оши туппа, орзуқпазӣ ва монанди ин дигар суннатҳои иди Наврӯз иборат буд. Занону бонувони “Китобхонаи миллӣ”- бо завқи баланд ва маҳорати хос шартҳои озмунро иҷро намуданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ ҳунармандон бо суруду оҳангҳои зебои Наврӯзӣ хотири ҷамъомадагонро  шод намуданд.

Наргис Назарзода