Китоби нав дар бораи терроризм, ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқи инсон

Китоб-дар-бораи-терроризм«Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳи аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».  Эмомалӣ Раҳмон

Пешгуфтори китоби тозанашри “Масъалаҳои терроризм, ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои ҳуққи инсон”  бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад. Манучеҳра Ҷумахонова, мураттиби ин китоб навиштааст, ки “яке аз хусусиятҳои инкишофи раванди ҷомеаи имрӯза-ҷаҳоншавии ҳама гуна равандҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, масъалаҳои терроризм ва ифротгароӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Терроризм ва ифротгароӣ дар бисёр масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа ба масъалаҳои сиёсӣ ва ичтимоӣ, идеология ва илм табдил ёфта истодааст. Дар байни  ин ҳама бисёрпаҳлугии масъалаҳои терроризм ва ифротгароии имрӯза, терроризми сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ифротгароии динию мазҳабӣ, қавмию забонӣ ба масъалаҳои хатрноки ҷомеа табдил ёфта истодаанд, ки ба бештари масъалаҳои амнияти ҷомеа хатар эҷод карда метавонанд. Имрӯз, тамоми ҷомеаи башариро ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба ташвиш овардаанд, ки он ба масъалаи доғи руз табдил ёфтааст”.

Китоби “Масъалаҳои терроризм, ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои ҳуққи инсон”  зери назари номзади илмҳои педагогӣ, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Ҷамшед Намоззода чоп шудааст. Онро ҳоло шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолеа намоед.

Гулистон ЛУНДИШОЕВА, сармутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.