Олимеро тарбият кардан кори як садсола аст…

    Файзализода Ҷумахон Хол, 14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики (собиқ ноҳияи Совет) вилояти Хатлон, дар оилаи коргар ба дунё омада, мактаби миёнаи №8, деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмаликро соли 1980 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ӯ соли 1982 аз бригадаи чорвопарварии совхози Кангурти ноҳияи Темурмалик оғоз намуда, аз соли 1982 то 1984 дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ хизмат кардааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ аз соли 1985 то соли 1986 дар бригадаи №3 совхози боғпарварии ба номи Исмат Шарипови ноҳияи Темурмалик ба сифати коргар ва аз соли 1986 то соли 1987 ба ҳайси мудири бахши баҳисобгирии Кумитаи комсомоли совхози Кангурт адои вазифа намудааст. Хамчун ҷавони ташкилотчӣ дар ташкил кардани миқдори зиёди бригадаҳои комсомолону ҷавонон дар совхоз оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан пахтакорӣ саҳми муносиб гузошт.

Фаъолияти омўзгориашро бошад аз солҳои донишҷўӣ, (аз соли 1990) дар мактаби миёнаи №62 шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Дилбастагиаш ба илму маориф ӯро ба роҳи илму дониш бурд. Номбурда аз соли 1992-2000 ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон буд. Дар давраи омӯзгориаш аз соли 1995 ба шуъбаи аспирантураи ҳамин донишгоҳ дохил шуд ва онро бо сарбаландӣ соли 1998 ба поён росонид. Маҳорати ташкилотчигӣ ва дониши мукаммалашро ба назар гирифта роҳбарияти Донишгоҳ соли 2000 ӯро муовини декан оид ба тарбия дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷўраев таъин намуд. Дар давраи фаъолияташ барои баланд бардоштани фарҳанги муошират ва тарбияи ҷавонон нақши арзанда гузошт. Аз руйи нақшаҳои тарҳрезишудаи ӯ вохӯрии шоиру нависандагон ва олимони варзида ба донишҷўён ташкил шуда, пайваста ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар муассиса тарғибу ташвиқ мешуд. То ҳанӯз шогирдонаш он солҳои рангинро бо ифтихор нақл намуда, аз ӯ ибрози миннатдорӣ менамоянд.

Файзализода Ҷумахон Хол дар ин мудат рӯзона пайи фаъолияти корӣ ва шабона соатҳои дароз сари миз нишаста, кори илмӣ менавишт. Заҳматҳои шабонарӯзиаш буд, ки моҳи марти соли 2006 дар мавзўи «Ақидаҳои педагогии мутафаккирони форсу тоҷики асрҳои ХII-ХIII оид ба ташаккули инсони комил» рисолаи номзадиашро дифоъ намуд. Таҷрибаи педагогиашро ба назар гирифта, ӯро солҳои 2007 декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин намуданд. Ӯ дар ин вазифаи пурмасъул то соли 2008 фаъолият намуда, барои кадрҳои соҳибмаърифату донишманд саҳм гузошт. Тақдир баъдан ӯро ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бурд.

Соли 2008 сардори шуъбаи таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъин гардид. Ҳамзамон, ба ҳайси дотсенти кафедраи педагогика ва психология ба донишҷўён дарс мегуфт. Фаъолияту кордониашро ба назар гирифта, ӯро соли 2011 муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таъйин намуданд. Ӯ то соли 2013 дар ин вазифа фаъолият намуда, дар ҷорӣ намудани системати кредитии ин муассиса нақши муҳим гузошт. Ӯро соли 2014 сардори раёсати таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд. Ҳамчун устоди соҳибтаҷриба то соли 2015 дар ҳамин вазифа фаъолит намуд. Ҳамзамон, соли 2015 дар мавзўи «Фалсафаи таҳсилоти мутафаккирони форсу тоҷики асримиёнагӣ ва арзишҳои он дар инкишофи педагогикаи миллӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Аз соли 2015 то соли 2017 (пас аз тағйироти сохторӣ дар донишкада, ки раёсати таълим ба шуъбаи таълим табдил ёфт) сардори шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Аз моҳи апрели соли 2017 то 04.02.2020 ба сифати муовини ректор оид ба таълим ва профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард. Риштаи тақдир маҷрои ҳаёти ӯро боз ба даргоҳи илму маърифат равона сохт. Аз 4 феврали соли 2020, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол директори муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” таъин гардид. Ӯ аз рӯзи аввали фаъолияти кориаш дар ин даргоҳи муқаддас адолати иҷтимоиро роҳандозӣ намуда, такя ба мутахассисони варзида ва аҳли зиё намуд. Бо пешниҳоди номбурда, 6 нафар корманди Китобхона бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста”, 1 нафар бо “Ифтихорнома”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 нафар бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 5 нафар бо нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 93 нафар бо “Сипоснома” ва 15 нафар бо “Ифтихорнома”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 1 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Бо дастгирӣ ва ташаббуси ин олими тавоно китобҳои «Кишвари беҳуқуқӣ» ва «Дар кўҳу водиҳои Бухоро»-и Д. Н. Логофет, ки дар як ҷилд гирдоварӣ шудааст, аз чоп баромад. Бо супориши Файзализода Ҷумахон Хол аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар соли 2020 чор дастур зери унвони Боқӣ Раҳимзода: Маҷмўаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”, “Гулназар Келдӣ: Маҷмўаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”, “Фазлиддин Муҳаммадиев: Маҷмўаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”, “Назри Яздон: Маҷмўаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” таҳия ва чоп гардиданд. Ҳамчунин, дастури  библиографии “Тоҷикистон дар адабиёти хориҷӣ солҳои 1985-1990” ва “Донишномаи матбуоти даврии тоҷик” низ ба нашр расиданд.

Бо дастгириҳои пайвастаи ӯ дар чор фасли сол атрофи бинои Китобхона бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки даромадгоҳи асосии бино бо 8800 дона гулҳои мавсимиву ороишӣ зинат дода шуда, ҳамчунин 62 дарахти ороишӣ шинонида шудааст. Дар даврони кориаш Китобхона ҳамешаву пайваста аз ҷониби расонаҳои ахбори умум таблиғу ташвиқ гардид. Ба Китобхона дар соли 2020-ум 257992 нафар хонанда ташриф оварда, 331491 нусха китобро мутолиа намуданд.

Файзализода Ҷумахон Хол аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои хеш ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд низ кумак намуд. Аз ҷумла, аъзошавии шахсони маъюб ба таври доимӣ ройгон буда, дар соли 2020 567 нафар хонандагони мактаб-интернати №1 шаҳри Душанбе ба таври ройгон ба аъзогии Китобхонаи миллии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Ошёнаи панҷуми Китобхона, ки кошинҳои корношоям ва таъмирталаб буданд, бо паркет иваз шуданд. Ошёнаи панҷум пурра таъмир гардида, тамиру азнавсозӣ дар дигар ошёнаҳо идома доранд. Бо ташаббуси Файзализода Ҷумахон Хол як толори маҷлисгоҳи наву замонӣ ташкил шуд, Ҳамзамон аз ҳисоби шуъба, бахш ва марказҳои муассиса ду толори хониш бо 200 ҷойи нишаст омодаи хизматрасонӣ гардид. Илова бар ин, барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” ду толори хониш таъсис ёфт.

Файзализода Ҷумахон Хол, муаллифи беш аз 75 асари илмии нашршуда, аз он ҷумла 13 корҳои илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 кори илмӣ мебошад. Хизматҳояшро давлату миллат қадрдонӣ намуда, бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010), Аълочии фарҳанг (2020), Аълочии матбуот (2021) ва як қатор ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ намудаанд.

Месазад аз ин олими шинохта ва роҳбари ташкилотчӣ мо ҷавонон сабақи зиндагӣ омӯзем. Чунки:

Олимеро тарбият кардан кори як садсола аст,

Сахт кор аст, бори як сайёра аст.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Нурзода Ҷалолуддин Низомиддин.