Ошноӣ. Дашти Кавир чӣ даштест?

 

Дашти Кавир, дашти калони шўразамин, биёбон дар шимолу шарқии каторкўҳҳои Эрон. Дашти Кавир аз ҷануби нишебиҳои қаторкўхи Албурз сар шуда, то шимолу ғарбии кўли дарёчаи Намак ва ҷанубу шарқии биёбони Дашти Лут тўл кашидааст. Масоҳаташ 55 хазор км2, дарозиаш зиёда аз 800 км, бараш 320 км. Аз чандин хами сарбастаи баландиашон 600-800 м иборот аст.

 Дар хамихо шўрхок, кўлу ботлокҳои  шўри хушкшаванда, хомахои рег дучор мешаванд. Дар қисми зиёди биёбон гиёҳ намерўяд. Тобистон сатҳи замин то чанд см шўра мебандад.

Дар ҳамвориҳои наздикўҳӣ воҳаҳои Домғон, Сабзвор ва ғ. воқеанд. Иқлимаш субтропикӣ ва континенталӣ. Ҳарорати миёнаи январ 220С, тобистон гармӣ то 550С баланд мешавад. Боришот дар зимистон кам аст. Давраи боришот дар биёбон кўлҳо, лойи шурут пайдо мешавад. Баъзан шамоли сахт мевазад.

Дар канораи шимолии Дашти Ковар воҳа мавчуд аст. Дар шарқи биёбон Боғи миллии Кавир – қисми мамнўъгоҳи Турон ҷойгир шудааст. Соли 1964 дар масоҳати 700 ҳазор га мамнуъгоҳ  ташкил карданд.

Дар маҷмааи ҳифозати таббиии биёбонӣ саксавул, юлғун ва явшону шўрбутта, аз зоти нодири ҳайвоноти ширхор қулон (хари ёбоӣ), оҳуи даштӣ, гепард (юз), гурбаи биёбонӣ, аз парандахо дуғдоғи хушранг мавҷуданд.

Дар қисмати шимолии биёбони Дашти Кавир пойгоҳи парвози кайҳонии  Эрон ҷойгир аст.

 

Муаллиф: Ғ. Ғоибов

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2017. – Ҷ.5. – С. 406-407.

Таҳияи Шаҳнозаи Шеравган

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.