Онҳое, ки маро китобхон карданд…

АфсонаДӯсти ҳақиқӣ ва беминнати инсон  китоб аст. Бесабаб китоби хуб беҳ аз ганҷ намегӯянд. Китоб тарбиятгар ва маслиҳатгару муниси одам ба шумор меравад. Барои бедор шудани шавқу завқи китобхонӣ дар дили инсон фарде  ё ҳаводисе сабаб мегардад. Имрӯз  мехоҳам дар мақолаи хеш аз саҳми шахсоне ёдовар шавам, ки руҳия ва шавқу завқи китобу китобхониро дар дили ман бедор намуданд.

Дар китобхону китобдор гаштани шахс муҳити атроф ва фазои он бетаъсир намемонад. Чун банда дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам, аз кӯдакӣ то имрӯз атрофамро китобҳои гуногун оро медиҳанд…Ёд дорам, ки аз айёми кӯдакӣ дар рӯзҳои таваллудам, падарам ба ғайр аз ширинӣ бароям китоб ҳадя менамуданд. Чун ин сатрҳоро менависам, ҳамон лаҳзаи китобро ба унвони туҳфа қабул карданам пеши чашмонам равшан мегардад, ки он замон ман духтарчаи 9-сола будам. Китоберо, ки падарам инъом карданд, китоби сабзе бо аксҳо орододашуда буд,  “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ном дошт….

Аввалин нафаре, ки шавқу завқи китобу китобхониро дар дилам бедор намудааст,  падарам мебошанд. Албатта фикр мекунам агар саҳми устодоне, ки маро дар ин ҷода роҳнамо шудаанд зикр нагардад, бароям хатои нобахшиданист….Замони дар муассисаи миёна таҳсил намуданам, роҳбари синфамон барои нафароне, ки соҳиби баҳои хубу аъло мегаштанд, дар ҷамъбасти сол ҳадя медоданд, ки ман низ ба руйхати ин гуна хонандагон шомил будам. Он замон 12 сол доштам ва чун бо баҳои хубу аъло таҳсил менамудам, роҳбари синфамон Мавҷуда Эшонқулова дар ҷамъбасти сол ба ман ва 5 нафар ҳамсинфонам барои хониши хубу аъло ҳадя доданд.Тӯҳфаи он рӯз гирифтаам иборат аз як бастаи ширинӣ ва як китобчаи кӯдаконаи пур аз расм буд, ки дар бораи борон ҳикоят мекард.

Дар солҳои мактабӣ дигар муаллимони фаннӣ низ моро барои китобхонӣ талқин менамуданд, вале ман фаҳат як лаҳзаи он айёмро  ба қалам додам…

Чун падарам шахси зиёӣ ҳастанд, дар вақтҳои холӣ ба мутолиаи китоб машғуланд, метавон пайдоиши ин ҳиссу шавқро, ки дар дилам то имрӯз ҳувайдост, нишонаи ирсият номид……

Дар даврони донишҷӯӣ барои мутолиаи китоб вақт ҷудо мекардам, вале мутаасифона, хеле кам. Мехоҳам ёдовар шавам, ки маҳз ҷушу хурӯши меҳри китоб буд, ки имрӯз маро ба китобхона овардааст на ба сифати хонанда, балки чун корманди ин даргоҳи муқаддас. Ифтихор мекунам, ки имрӯз дар ин махзани илму хирад фаъолият дорам ва атрофи маро мутолиакунандагон иҳота кардаанд. Фаъолият намудан дар китобхонаро маҳз барои бештар мутолиа намудани китобҳои бадеиву хориҷӣ, ки ба зеҳни инсон тақвият мебахшанду боиси пайдоиши афкори нав дар майнаи шахс мегарданд, интихоб намудам. Имрӯз, ки дар китобхона кор мекунам ва бо чеҳраҳои наве, ки дар замири дили онҳо низ як ҷӯшу хуруше нисбат ба мутолиаи китоб аст, ошно мешавам, мехоҳам шумо хонандагонро бо нафаре, ки маро роҳи мутолиаи китоб дар давоми фаъолияти корӣ боз ҳам амиқтар ворид намуд ва боиси пайдоиши шавқу завқ нисбат ба ин ҷода дар дили ман гардид, ошно намоям ва ба калимоти хеш хотима бахшам…..

Саидҷон Муродов, ки худ корманди театр ҳастанд, барои мутолиа ба китобхона омаданд ва дар рафти сӯҳбат ба мутолиа намудани китобҳо завқ доштани маро пайхас намуда, барои мутолиаи асарҳои нав маро талқин намуданд. Бароям хондани китобҳое, ки муаллифонашон шоистаи ҷоизаи Нобели адабиёт шудаанд, ҷолиби диққат гардид, ки бо тавсияи Саидҷон Муродов  мутолиа намудам ва ба ин восита шумораҳои китобҳои хондаамроро зиёд намудам ва ғизои маънавии бештареро соҳиб гаштам….Инак, мехоҳам дар поёни мақолаи хеш барои хамаи он нафароне, ки дар бедор намудани шавқу завқи мутолиаи китоб дар дили ман саҳм доранд,изҳори сипос намоям ва барои лутфу самимияташон миннатдории хешро иброз дорам.

Манижабону  ИБРАГИМОВА

 

Мутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ
Манижабону  ИБРАГИМОВА