Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 19-уми апрел
Соли 1998 дар Мехико шоир, нависанда, дипломат ва мунақиди мексикоӣ Октавио Пас бар асари бемории саратон даргузашт. Ӯ дар ҳабдаҳсолагӣ ба нависандагиву шоирӣ пардохтааст. Октавио муътақид аст, ки ишқу забон метавонанд абзореро барои касби ягонагӣ ва якпорчагӣ дар инсон падид оваранд.
Шеърҳои ӯ даричаи қалби инсонӣ аст, поку беолоиш, ки бар рӯи инсоният ва қаламравҳои ношинохтаи ҳастӣ гушода мешавад, аз ин рӯ метавон Посро шоири ишқу дӯстӣ номид. Ба назари Пос озодӣ бидуни баробарӣ ва баробарӣ бидуни озодӣ муяссар намешавад ва аз роҳи ишқу дустӣ метавон ба ҳардуи онҳо даст ёфт. «Моҳи ваҳшӣ», «Уқоб ё Офтоб», «Ҳазор тӯӣ танҳоӣ» аз ҷумла асарҳои машҳури ӯ мебошанд.
Соли 1832 дар Мадрид намоишноманависи испонӣ Хосе Эчегарай – и- Эйзагирре ба дунё омад. Вай барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт дар соли 1904 буд. Хосе маълумоти олиро дар Донишкадаи Мурсия гирифт, ки падараш профессори забони юнонӣ дар он ҷо дарс медод. Эчегарай ҳангоми таҳсил дар донишкада ба забонҳои лотинӣ ва юнонӣ дилбастагӣ дошт. Вай ҳамчун муаллифи як қатор мақолаҳо ва монографияҳо оид ба ин фанҳо шуҳрати беандоза пайдо намудааст. Асарҳои машҳури Хосе «Писари Дон Жуан», «Худои девона», «Девонагӣ ё муқаддасӣ», «Галеотои бузург» ва гайра мебошад.
Соли 1902 нависандаи шӯравии рус, намоишноманавис, филмноманавис ва барандаи ҷоизаи давлатии СССР Вениамин Каверин Александрович дар Пскови Россия чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аввалин повести Каверин «Хроникаи шаҳри Лейптсиг дар давоми 18… сол» соли 1922 ба чоп расидааст. Романҳои «Ду капитан», «Иҷрои орзуҳо» ва «Китоби кушод» низ аз ӯ мебошанд.
Соли 1905 нависандаи лаҳистонитабори рус Александр Грин дар мавриди таблиғ дар байни сафҳои поёнии артиллерияи қалъа, ки бояд дар Феодосия баргузор мешуд, аз додгоҳ даъватнома гирифт.
Соли 1911 нависанда, филмноманавис ва намоишноманависи шӯравии рус, рӯзноманигор, хабарнигори ҳарбӣ Георгий Мокеевич Марков ба дунё омад. Вай Раиси Иттиҳоди нависандагони СССР (1989-1986) буд.
Романҳои «Строговҳо», «Намаки Замин», «Сибир» “Падар ва писар”, повестҳои “Сарбози пиёда”, “Замини Иван Егорич”, “Васият” маҳсули қалами ӯ мебошанд.
Марков ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974 ва 1984) буд, барандаи ҷоизаи Ленин, ҷоизаи Сталин дараҷаи сеюм (1952), ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия ва комсомоли ленинӣ буд.
Соли 1951 нависанда ва филмноманависи аҳли Фаронса Пйер Леметр таваллуд шуд. Романи ӯ “Дидор ба қиёмат”, ки соли 2013 дар Порис ба чоп расид, дар ҳамон сол ҷоизаи Гонкурро ба даст овард. Асарҳои зиёди ӯ ба форсӣ тарҷума шудааст, аз он ҷумла: “Дидор ба қиёмат”, «Ба умеди дидор дар он дунё», «Се рӯзу як зиндагӣ».
Соли 1989 нависанда ва биографи англис Дафна дю Море дар Лонд даргузашт. Ӯ романнавис ва намоишноманависи маъруфи бритониёӣ аст, ки бештари шуҳрати худро ба романи «Рабекка» соли 1938 вобаста кардааст. Дю Море дар Порис шуруъ ба навиштани достонҳои кутоҳ намуд ва дар соли 1913 аввалин романи ӯ бо номи «Рӯҳи дӯстдоштанӣ» мунташир гардид. Ҳамчунин достони кутоҳи маъруфи ӯ низ бо номи «Паррандагон» ба табъ расидааст. “Ҷавонии аздастрафта”, “Тиҷорати нанг” низ аз ӯст.
Соли 2010 нависанда ва намоишноманависи рус Аркадий Анатолевич Бартов дар Санкт-Петербург даргузашт. “Сайругашт бо Мухин”, “Куштор дар графнишини Кент”, “Миниатюраҳои Шарқ”, “Ҳаёти Наполеон Банопарт”, “Зиндагӣ тавре, ки ҳаст” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.
Таҳияи Сайёра КАРИМОВА