«Ҳошим Гадо маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ»

Хошим-ГадоМаҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи мазкур ба ифтихори  85 – солагии зодрӯзи яке аз асосгузорони санъати театр ва кинои тоҷик, актёр, режиссёр, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии СССР, Аълочии маданияти СССР, дорандаи Ҷоизаи ҳунарии Аноҳита, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, дорандаи ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори фахрии Федератсияи Россия ва ғайра Хошим Гадо таҳия шудааст.

Ин ҳунарманди беҳамто ва нобиғаи дунёи ҳунар бо нақшҳои безаволаш чӣ дар саҳнаи театр ва чӣ навори кино инқилоби фикрӣ кардааст ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун қаҳрамони таърихӣ нақшҳои нотакрору безавол офаридааст. Нигоҳе ба нақшофарӣ ва ҳунари асилу нотакрор доштаи ӯ будааст, ки дар қатори дурахшонтарин ахтарони синамои ҷаҳон сурати зебои ҳаштметра дар нақши суҳроб бозидааш дар Туркиё қомат афрохтааст, ҷӯш задани чашма дар Озарбойҷон ба номи Ҳошим Гадо номгӯзорӣ шуда, дар Махачқалъа расмҳояшро наққошӣ кардаву осорхонаи бебаҳое бунёд кардаанд, ки ин ва даҳҳо амалҳои ҳушмандеро дар гӯшаву канори дунё мебинем, ки ба хотири пос доштани ҳунари асил заминаи бунёдӣ касб кардаанд.

Дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳои олимону эҷодкорон ва сиёсатшиносону ҳунармандон оид ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Ҳошим Гадо, осорнома ва адабиёт роҷеъ ба рӯзгор ва фаъолияти илмии ӯ фароҳам оварда шудааст.

Қитобнома аз ду кисм ва кӯмакфеҳрист иборат буда, қисми аввал бо афкору андешаҳои олимон, сиёсатшиносону ҳунармандон ва эҷодкорон оғоз- гардида, аз зиндагиву ҳунари актёрӣ ва ҳамзамон ҳамчун файласуф ва нависандаи беҳамто зуҳур намудани Ҳошим Гадоев сухан меравад.

Бо оғози қисми дуввуми ин маҷмӯа хонанда бо номгӯйи асарҳои илмӣ, осори адабию бадеӣ, маводи таълимӣ ва адабиёт доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодиву ҳунарии Ҳошим Гадо маълумот  медиҳад. Унвони ҳамаи асарҳо дар забони асл тибқи стандарти пазируфташуда тасвир шудаанд.

Мавод дар қисм ва зерқисмҳои дастури шарҳиҳолӣ тибқи вақту замони чопи  асрҳо аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас ба забони русӣ бо тартиби алифбоӣ ҷобаҷо шудааст.

Дастури мазкур дар асоси захираи мавҷудаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб – сайтҳои интернет таҳия шуда, маводи солҳои 1980 – 2022 нашршударо дар бар мегирад.

Барои осон намудани пажӯҳиш дар поёни дастур кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ба ашхос пешниҳод гардидаанд.

Дастур ба донишҷӯёну омӯзгорон, олимон, ҳунармандону эҷодкорон ва умуман ба гурӯҳи васеи хонандагон ҷиҳати бештару хубтар ошноӣ пайдо намудан ба осори Ҳошим Гадо кӯмак хоҳад расонид.

Мураттиби китоб Насиба Даниярова буда, зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода чоп шудааст.

Муҳаррирони китоб Гадобек Маҳмудов ва Зафари Гулмурод мебошанд.

Китобро Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 интишор додааст.

Ин китобро шумо метавонед дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.