Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст». Рӯзи аввал дар номинаи адабиёти классикӣ

Довталабон

Аввалин довталаби ин номинои адабиёти класикии форсу тоҷик дар озмуни мазкур Муҷтабо Толибзода, хонандаи синфи 5-и мактаби миёнаи умумии №94 аст. Ў ғазалу шеърҳоро хеле нишонрас ва пуртаъсир қироат намуд, ки сазовори таърифи ҳакамон шуд, аммо ҳаяҷонзада шуду чанд дафъа шеърҳоро ҳини хондан фаромӯш кард.

Ҳис мешуд, ки ғазалҳоро вақте мехонад, маҳфумашонро дарк мекунад, бинобарин ҳаракатҳои дасту чеҳрааш мувофиқ буд. Аввалин ғазали қироатнамудааш аз Ҳофизи Шерозӣ буд. Бо ў, ки ҳамроҳи падараш дар ин номино ширкат дошт, пас аз иштирокаш ҳамсуҳбат шудам.

Муҷтабо-ТолибзодаМуҷтабо Толибзода зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳаяҷонзада шудам. Вақте  ба пурсиши доварон ҷавоб медодам, фикр мекардам дуруст  мегуям ё не. Муҷтабо соли дуюм аст, ки дар ин озмун иштирок иекунад. Мегўяд ба он хотир ин номиноро интихоб кард, ки дар хонаводаашон класиконро дўст медоранд ва мехонанд. Ин шавқи маро ба шеър ғазалу мутолиа бедор кард, гуфт дар идомаи суҳбат ин иштирккуннадаи хурдсол.

Маҳмадалӣ Маҳмадалиев Маҳмадалӣ Маҳмадалиев яке аз дигар довталаби ин номинои озмун аст, зиёда аз 350 китоб хондааст ва аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ омадааст.

Ў хонандаи синфи 4 аст ва соли аввал аст, ки ширкат мекунад. Ўро падараш ҳамроҳӣ мекунад. Вай гуфт, имсол аз рўи номинои адабиёти класики форсу тоҷик ширкат мекунам ва вақтҳои холигиямро бо мутолиаи китобҳои бадеӣ мегузаронам. Китобҳоро дар китобхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хондам, қисми дигар онҳоро харидам. Ў ба устодонаш сипос гуфт, ки ўро кумак намудаанд.

Соли сеюм аст иштирок дорад. Агар ғолиб биёям, ба ҳамдеҳагонам китобхона месозам. Аз мактабамон иштирок мекунанд, вале то даври ҷумҳуриявӣ нарасиданд, гуфт дар хотимаи гуфтугӯяш бо мо.

Аниса МаҳмадҷоноваДухтаракони хурдсол низ дар ин номино фаъол буданд ва аз ҳама хурдтарашон Аниса Маҳмадҷонова хонандаи мактаби миёнаи рақами 20 –и шаҳри Хуҷанд аст, ки ба гуфти худаш зиёда аз 100 ғазал, 120 рубоӣ, 100 байту қасида ва китобҳо, инчунин 100 байт аз бар кардааст. Китобҳои мутолиакардааш дар адибони классикӣ ба 24 адад расидааст. Ба суоли ин, ки чаро ин номиноро интихоб кард, ў гуфт дар оянда ин китобҳои хонда ва шеърҳои азбаркардааш даркор мешавад. «Ришнома»-и Убайди Зоконӣ ва «Дарахти асурик» аз китобҳоест, ки миёни китобҳои мутолианмудааш бештар писандаш омадааст. Ҳамроҳи модараш омадааст.

Халилуллоҳ Халилов Халилуллоҳ Халилов хонандаи мактаби миёнаи рақами1-и ноҳияи . Рўдакӣ аст, ки миёни ширкаткунандагони нимаи аввали рўз хурдтарин довталаб аст. Ў дар синфи 2-юм таҳсил мекунад ва ҳарчанд ду сол муваффақ нашуд, соли сеюм ҳам ширкат кард. Китобхониро дӯст медорад. Аз китобҳои хондааш бештар «Шоҳнома» писандаш омадааст.

Раҳима БОБОЕВА, шуъбаи
тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.