Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Дуюмин рӯз дар номинаи адабиёти хориҷӣ

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб астНоминои адабиёти ҷаҳон, гурӯҳи синфҳои 5 то 11 дар Китобхонаи миллӣ идома дорад. Замоне, ки ин сатрҳо навишта мешуданд, панҷ нафар довталабон аз имтиҳони сангину суолоти зиёди доварон гузашта буданд ва ҳар кадоми онҳо ба сӯи оянда чашми умед духтаанд. Роҳашон ба сӯи қуллаест, ки ПИРӮЗӢ номида мешавад. Аммо киро толеъ мададгорасту киро не, вақт нишон медиҳад.

Имсол дар даври ниҳоии 5 номино 442 довталаб қувваозмоӣ менамоянд.

Инак вориди толоре шудам, ки ширкаткунандагони номинои адабиёти ҷаҳон пурсида мешуданд. Дар паҳлуи падару модарон ва устодонашон, ки рафти озмунро тавассути экран тамошо доштанд, нишастам.

Муҳаммадшариф СолеҳовЯке аз ширкаткунандагон Файзулло Қадамов  буд ва дар бораи ӯ бо устодаш Муҳаммадшариф Солеҳов, омўзгори муассисаи таҳсилоти умумии рақами 18-и ноҳияи Кўшониён ҳамсуҳбат шудам.

Аз шогирдаш ситоиш кард ва гуфт, ки Файзулло 4 сол аст дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок мекунад.Ў аз хонаводаи шахсони бомаърифат аст. Бобояш Аълочии маорифи Тоҷикистон аст, ки чандин сол сарвари мактаби рақами 18-и ноҳияи Кўшониён буд. Донишманду бомаърифат аст, шояд натиҷаи тарбияи дурусти бобояш аст, ки аз кўдакӣ ба мутиолиа машғул шудааст. Зиёда аз ҳазор китоб хондааст. Вале мо ҳамаи онро ба руйхаташ илова накардем, танҳо китобҳоеро, ки дар низомнома оварда шудааст, навиштем. Китобхониро дўст медорад.

Ҳоло сханронияш ба ман писанд омад. Доварон аз доираи китобҳои хондааш пурсиданд, ҷавобҳо то ин дам хубанд. Шогирдони дигарамон то даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Файзулло Қадамов имсол донишҷў мешавад. Шогирдони дигарро омода мекунем.

-Аз муносибати доварон розиед?

– Бале, бисёр хуб ва дар доираи китобҳои хондааш пурсиданд. Дар зимн, агар ба солҳои гузашта назар кунем, фарқ аз осмон то замин аст.

Шароити китобхона ва масоили ташкилии он барои баргузории озмун шуморо қаноатманд мекунад?

– Давоми 4 сол аст, ки дар озмун шогирд меорам, рўз ба рўз шароити китобхона, меҳмондорӣ, толорҳое, ки истифода мебарем, беҳтар шудааст. Хурду хўроки ройгон, бо ҷои зист таъмин карданд. Аз роҳбари Китобхонаи миллӣ ва кормандонаш сипосгузорам. Аз ин пеш ҳам меомадем, аз ин ҷо китоб мегирифтем, хонда бармегардондем. Аз Китобхонаи миллӣ бисёр миннатдорем.

-Чӣ пешниҳод доред?

– Ҳар сол иҷоза медоданд дар толор нишинем. Агар солҳои баъдӣ низ ин корро ба роҳ мемонданд, яъне  ба  падар ё модар ё устод иҷоза мешуд, ки дар толор нишинанд, бача дилпур мешуд. Ин камбуд не, пешниҳод аст. Вақте устод ё падару модарашро мебинад, руҳияаш баланд мешавад.

Вайс Ҷўразода Вайс Ҷўразода аз дигар довталаби озмун аст, ки ҳамроҳаш мусоҳиб шудам.  Ў дар синфи 9 мактаби рақами 28 ноҳияи Фирдавсӣ дар номинои 4, яъне хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон иштирок варзид. Соли дуюм дар ин сабқат донишашро меозмояд. Соли аввал то даври шаҳрӣ омад, иимсол то даври ҷумҳуриявӣ. Ҳадафашро аз иштирок дар озмун боигарии маънавӣ гирифтан гуфт.

– Ҳадаф ҷой гирифтан нест, иродаи қавӣ доштан аст. Ба худамон эътимод дошта бошем, китоб бисёр хонем, китобдону китобдўст шавем. Ҳар иштироккунандаи озмунро мебинам, бовар мекунам дар оянда фарзандони бузурги миллат мешаванд.

Падари Вайс коргари роҳи оҳани Тоҷикистон ва модараш соҳибхона аст. Аз китобҳои дўстдоштааш «Гаврош»-и Виктор Ҳугу аст. Нодар Думбадзеро низ меписандад. «Натарс модар» ва «Кукарача»-ро, ки хондаву дўст доштааст, ба ҳамсолонаш тавсия дод. Китобҳои таърихиро ҳам дўст медорад, зеро «таърхи миллатамро донистан мехоҳам» мегўяд ҳамсуҳбатам.

Ў суханони Президенти кишварро мисол овард, гуфтааст: «Бояд ҳар кас аз таърихи миллаташ огоҳ бошад». Ман ҳам мехоҳам аз таърихи худамон хабардор бошам ва дар оянда фарди сазовори миллатам гардам.

-Аз мактабамон як каси дигар ҳам ширкат варзид. Апаам то даври ноҳиявӣ омад. Ҳиссиёти аҷиб маро фаро гирифт, чунки дар даври ҷумҳуриявӣ аввалин бор омадам. Ҳаяҷон доштам, вале бовар доштам, ки ба ҳама суолҳои ҳакамон ҷавоб медиҳам. Ва ҳамин хел ҳам шуд, дар идома афзуд Вайс.

Вайс гуфт «агар дар озмун ҷои аввалро бигирам, модарамро ба Хонаи Худо мефиристам».Агар ҷо нагририфтам, боке нест. Китобҳо мутолиа карда доир ба шаҳрҳо, таърихҳоро донистем, дар бораи он қадар шаҳрҳову  шоирон хондем, ки дониши моро пурра кард. Пас, барандаи ҳақиқӣ моем. Чунки китобҳои хондаи моро касе аз мо гирифта наметавонад.

Вайс дар оянда сафир шуданист ва ба ватанаш содиқона хизмат намудан мехоҳад.

Мехоҳам миллатамро дар дигар давлатҳо муаррифӣ намоям. Барои сафир шудан китоб хондан, донистани таърихи хеш ва дигар миллатҳо зарур аст. Барои ҳамин ман адабиёти ҷаҳонро интихоб кардам. Ба Академияи идоракунии давлатӣ дохил мешавам. Забони русиро медонам ва холо ба омўхтани забони олмонӣ ва чинӣ машғулам. Омузиши забонҳои англисиву арабиро низ ба нақша гирифтаам.

Раҳима БОБОЕВА, шуъбаи
тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.