Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Муҳриддин Сабурӣ: Бачаҳо роҳнамоии дуруст надоранд!

Муҳриддин СабурӣНиҳоят даври сеюми озмуниФурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  дар шаҳру вилоятҳои кишвар ҷамъбаст гардид. Дар ҳошияи ин озмуни бонуфуз бо мудири бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, дорандаи “Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода“, шоир ва мунаққиди ҷавон Муҳриддин Сабурӣ, ки дар вилояти Сӯғд ба ҳайси ҳакам дар номинаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ширкат намудааст, суҳбат оростем, ки пешкаши хонанда мегардад.  

-Озмун дар вилоятҳо чӣ бартарӣ ё камбуд дорад?

-Тамоми ширкаткунандагон ва муассисони ин озмуни бонуфузро, ки имсол ба фаъолияташ 5 сол пур мешавад, самимона муборакбод мегӯям.

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ин озмуни бонуфуз басо бузург аст. Ҷаноби Олӣ дар пешрафти ин чорабинии ҳамагир саҳми бориз гузоштанд ва бештар аз ҳама ҳаққи таҳсину табрикро доранд.

Акнун ин озмун ба як маъракаи бузурги фарҳангӣ табдил ёфтааст, ки дигар намешавад ба бурду бохти он бетафовут буд. Ҳама кор аз таҷриба сар мешавад ва зина ба зина рушд меёбад. Имсол даври сеюми озмун дар шаҳру вилоятҳо аз ҳарсола дида таҷаллии бештар дошт. Ҳар номина алоҳида баргузор шуд, ҳар бахш раис ва ҳаками худро дошт, ки иборат аз сенафарӣ буданд. Ин тартиби кор бисёр муфиду боэътимод аст, зеро ҳакамон метавонад бо бачаҳо роҳат суҳбат кунад ва дар сабқат беҳтаринҳоро муайян намояд. Пештар ҳамаи бахшҳо дар даври сеюм якҷо гузаронда мешуданд ва як ҳайъати 8 ё 10 нафарӣ бо сарварии як раис амал мекард. Тасаввур кунед, як довталабро 10 нафар савол медиҳад, муҳим нест, ки довар мутахасиси кадом бахш аст, ҳатман бояд баландгӯякро ба даст бигирад ва аз маърака ақиб намонам гуфта, мисраъи аввали кадом як шеърро аз дафтари бача хонда, “кани писарам давомашро хон”, гуфта, савол ба миён гузорад. Ҳамин тавр боз каси дигар шеър мепурсад ва вақт тамом мешавад. Албата, ин тақдири бачаро ҳал намекунад. Масалан, бо бачае, ки дар номинаи адабиёти ҷаҳон иштирок мекунад, фақат бояд касе суҳбат кунад, ки дар деги адабиёти ҷаҳон ҷӯшидааст. Назму насри онро хуб медонад. Ҳатто ман шоҳиди ин ҳам будам, ки бачаҳоро аз рӯйи номгӯйи маводи пешниҳодкардаашон баҳо медоданд. Барои касе аҳмият надошт, ки оё бача тамоми ин номгӯйро хондааст ё не. Аммо имсол, аз ин ҷиҳат даври сеюм хеле муфиду ҳалкунанда буд.

Имсол роҷеъ ба ҳамин масъала худ, ки ҳакам дар номинаи адабиёти кӯдак дар вилояти Суғд будам, шоҳиди хеле аз носозгориҳо дар кори бачаҳо шудам. Номгӯйи зиёде аз осор дар маводи бача ҳаст, вақте аз ягон асар ҷузъиёт мепурсидам, бача лом гуфта наметавонист ва иқрор мешуд, ки мазмуни асарро ба таври куллӣ омӯзгораш ба ӯ нақл кардааст. Ҳамаи бачаҳо заҳмат мекашанд, вале чӣ илоҷ, дар миёни беш аз 200 нафар бояд 12 нафар беҳтаринҳо интихоб мешуданд. Албатта мо ҳаққи як нафар заҳматкашро гирифта ба ин қабил бачаҳо дода наметавонистем. Мутаассифона, дар кори комиссияи пешин дар даври сеюм ҳамин гуна ношаффофиҳо зиёд дида мешуд. Яъне танзими ҳакамон дар даври сеюм, имсол ба тамоми маъно қобили ситоиш буд. Чаро ки мо тавонистем бо ҳар бача беш аз 20 то 30 дақиқа суҳбат кунем ва то кадом дараҷа омода будани онро ташхис диҳем. Дигар бахшҳоро намедонам, аммо тартиби кори мо дар номинаи адабиёти кӯдак дар даври сеюм камтар аз даври ҷумҳуриявии озмун набуд. Ҳар кас ҳаққи ҳалоли худро тавонист соҳиб шавад.

Дар воқеъ, ба даври ҷумҳуриявӣ касоне роҳхат гирифтанд, ки воқеан арзандаанд. Бадтарин чизе, ки имсол чун солҳои қабл ба мушоҳида гирифтем, бемасъулиятии баъзе аз кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва омӯзгорони иштирокчиён буд. Бовар мекунед, баъзе маводеро варақ задем, ки беш аз 5 ё 6 саҳифа шеър чизе надошт. Боз ҳамон маводро бача ба пурагӣ ҳифз накардааст. Ҳар сол гаштаю баргашта ҳамин эрод ба самъи масъулин расонда мешавад, вале чизе тағйир намеёбад. Ба назар чунин мерасад, ки барои баъзе аз масъулин ҳунару истеъдод не, балки теъдоди довталабон муҳим аст. Шояд барои қайд дар ҳисобот…

-Соли гузашта ширкатдорон ва ҳакамон гила карда буданд, ки адабиёти бадеӣ дар минтақаҳо камшумор ва ҳатто дар баъзе манотиқ намерасид. Имсол ин мушкил ба назаратон ҳал шуд?

-Муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Сатториён Матлубахон Амонзода аз даври сеюми озмун дар шаҳру вилоятҳо дидан карданд ва барои мо низ насиб шуд, ки дар ҳузури ишон бо бачаҳо суҳбат кунем. Шоҳиди ҳол буданд, ки рақобат миёни бачаҳо бисёр ҷиддӣ сурат мегирад ва  интихоби беҳтаринҳо аз миёни садҳо нафар довталаб барои ҳакамон низ саҳлу осон нест. Дар ҳамин фосилаи кӯтоҳ, ки дар толор буданд, хуб дарёфтанд, ки вазъи дастрасӣ ба китоб ҳануз дар бархе ноҳияҳои дурдаст нигаронкунанда аст. Зимни суҳбат бо омӯзгорону довталабон аз дастрасии китобҳои лозимӣ пурсон шуданд ва барои ҳозирин як пешниҳоди хуб низ карданд, ки марбут ба китобхонаи электронӣ ва маводи дастраси он буд. Дар воқеъ агар гӯем, ки дастрасӣ ба китоб дар бархе манотиқ ҳанӯз нигаронкунанда аст, хато намешавад, вале боз як падидаи дигар метавонад ин андешаи моро машкук кунад. Чаро, ки мо бо бачаҳое гуфтугузор доштем, ки сокини як ноҳия ва ҳатто як деҳа буданд ва миёнашон тафовут аз замин то осмон буд. Яке мегуфт дар макони зисти мо дастрасӣ ба китоб мушкили авалиндараҷа аст. Ва дигаре, ки бо кулвори пур омада буд, мегуфт тамоми маводи лозимиро ба таври электронӣ аз интернет ба даст овардааст. Пас агар дастрасӣ ба китоб мушкил бошад, имкони беҳтар аз ин нест, ки дар ҳар мактаб (албатта ҳар кадоме синфхонаи компютерӣ доранд), китобҳои электронӣ тариқи интернет дастрас гарданд.

Яъне метавон гуфт, ки мушкили дастрасӣ ба китоб ҳанӯз дар бархе деҳоти дурдаст ҳалли худро наёфтааст ва фикр мекунам ҳадалимкон ягона роҳи ба содагӣ ҳал шудани он, ҳамон тавр, ки мӯҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода ишора намуданд, рӯй овардан ба интернет ва дастрасӣ ба китобҳои электронист.

-Барои осон кардани кори мардум баҳри китобхонӣ чӣ пешниҳод доред?

-Дар ҳоли ҳозир пешниҳоде беҳтар аз ин нест, ки дар саволи қаблӣ матраҳ шуд. Яъне истифодаи васеъ аз интернет…Дар зимн ба як ду нуктаи дигар ишора кардан мехоҳам. Агар мо мехоҳем кори хайре барои ҳаммиллатони худ бикунем, пас шакли электронии китобҳои дар чопхонаҳо мунташиршударо, ки теъдоди чопашон беш аз 100 то 500 нусха нест, дар сомонаҳои интернетӣ пахш намоем. Дигар ин ки теъдоди китобҳои савтиро, ки дар хазинаи радио хуфтаанд, дастраси мардум гардонем. Китобҳои савтӣ низ дар ин маросими бузург метавонанд нақши бориз гузоранд. Медонед, мо садҳо номгӯйи роману қиссаҳоямонро дар радио бозхонӣ кардаем, “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва намунаи ашъори садҳо шоири дирӯзу имрӯз сабти овозӣ шудааст. Бачаҳо имрӯз бо технологияи пешрафта одат кардаанд ва метавонанд тариқи телефонҳои мобилӣ роҳат аз онҳо истифода баранд. Аз Хуҷанд то Душанбе 4-5 соат роҳ аст, дар ин фосила мешавад ба роҳатӣ як қисса ва ё чанд ҳикояро шуниду дар хотир нигоҳ дошт. Ба ин восита хаёл мекунам ҳифзи шеър низ роҳаттар аст. Аз он ки бачаҳо шеърро ғалат ҳифз мекунану дар тарзи қироъат задаҳои мантиқиро ноҷо талаффуз менамоянд, дар қироати як ровии соҳибистеъдод шуниданашон авлотар аст. Ҳам шеър ҳифз мекунанд, ҳам дониши ровигӣ меомӯзанд.

-Дар пайдо кардани кадом китобҳо ширкаткунандагони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  мушкил доранд?

-Бештар китобҳое, ки теъдоди нашрашон кам аст. Дар рӯйхати осори пешниҳоднамудаи бачаҳо китобҳое мавҷуданд, ки аз тарафи ширкатҳои хориҷӣ, ба мисли ширкати “Юсаид-ҳамроҳ бихонем” ва бархе афроде, ки ба тиҷорати китоб машғуланд, дастрас шудаанд. Аммо мутаасифона инҳо низ ба дурустӣ назорат намешаванд ва аксари китобҳои дастраскардаи бачаҳо арзиши адабиро доро нестанд. Беҳтарини осорамон ҳанӯз дар дастрас қарор надорад. Агар танҳо аз бахши адабиёти кӯдак қазоват кунем, зарур аст, ки бархе осори устод Айнӣ, Пӯлод Толис, Боқӣ Раҳимзода, Болта Ортиқ, Абдумалик Баҳорӣ, Акобир Шарифӣ, Баҳром Фирӯз, Гулназар, Абдулҳамид Самад ва дигарон, ки барои бачаҳо қиссаву ҳикоя навиштаанд дастраси васеи хонандагон гарданд. Масъалаи ҳифзи шеър то ҳадде ҳали худро ёфтааст, аммо вазъи хондани наср хеле коста ба назар мерасад.

Чизи дигар ин аст, ки аксар бачаҳо роҳнамоии дуруст надоранд ва вақт сарф карда, шеърҳои пурғалату бемазмуни “шоирон”-и ҳамдеҳаву хешу таборашонро ҳифз намуда аз минбари баланд қироат мекунанд. Дар омади гап, чопи охири дуҷилдаи “Тазкираи адабиёти бачаҳо” низ, ки дастрасии бештар дорад, бояд таҷдиди назар шавад. Хосатан қисми дуюми он. Онҷо аксар шеърҳо ғалат ва қисме шоирони тасодуфӣ ворид шудаанд.

-Чӣ кор кунем, ки мардум боз ҳам бештар ба мутолиа ру биёранд ва ё чӣ бояд кард, ки бидуни ҷоизаву ҳавасмандгардонӣ мардум китобхон бошанд?

-Борҳо шунидаам, ки бархе афрод гуфтаанду мегӯянд бо роҳи ҳавасмандгардонӣ мардумро китобхон карда намешавад. Аммо озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар тули фаъолияти 5- солааш собит кард, ки мо чиқадар мардумро китобхон кардем. Агар ин озмун намебуд, шояд озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – ойинаи таърихи миллат”  ва “Илм фурӯғи маърифат”, ки дар ҳошияи ин озмуни бузург арзи ҳастӣ кардаанд, довталаби худро камтар медоштанд. Дар ҳоли ҳозир беҳтарин восита ҳамин ҳавасмандгардонист. Дар аввал бигзор одамон бо умеди дастовард рӯ ба китоб биёранд, ба дунёи китоб, ки ворид гардиданду одат карданд, ғизои маънавӣ мегиранд, тафаккурашон ташаккул меёбад ва ниҳоят китоб рафиқи роҳи ҳаёташон мегардад. Дигар бидуни озмун ҳам аз китоб дил канда наметавонанд.

-Боз ягон фикру пешниходи дигар дошта бошед, лутфан иброз намоед!

-Фикр мекунам, фурсат фароҳам овардед, то хеле аз муҳимотро барои боз ҳам беҳтар шудани озмун арза доштем. Сипосгузорам барои як суҳбати фароху серпаҳлӯ роҷеъ ба ин маъракаи бузурги фарҳангӣ. Танҳо як пешниҳод дорам, ки ба номинаи адабиёти кӯдакону наврасон мутааллиқ аст. Хуб шуд, ки ҳузури калонсолону кормандони касбу кори гуногун ва донишҷӯёнро аз ин бахш ҳазф карданд. Аммо мактаббачаҳо ба ҷойи бештар дар ин бахш ниёз доранд. Теъдоди довталабон дар ин бахш хеле зиёд аст вале ҷой кам. Аз ҳисоби гурӯҳҳое ки бароварда шуданд, хуб мешуд, ки ба гурӯҳи мактаббачагон ҷой илова шавад. Ин номина дар ҳоли ҳозир аз ду бахш иборат аст. Аз синфи 1 то 4 ва аз 5 то 11. Ақалан, имкон дорад, ки ин бахш ба се гурӯҳ ҷудо шавад. Масалан аз синфи 1 то 4, аз 5 то 8 ва аз 9 то 11.

Дар зимн ин масъала ҳам қобили арз аст, ки маводи пешниҳодгардида барои ин гурӯҳҳо таҷдиди назар шавад. Бигзор ҳифзи осори шифоҳӣ, зарбулмасалу мақол ва бархе осори насрӣ ва ашъори барои навҷавонон эҷодшуда, аз души наврасон бардошта шавад. Кӯдакони синфи 1 ва 4 қобилияти дарку фаҳми мазмуну муҳтавои маводи зикршударо камтар доранд. Инро мешавад аз синфҳои болоӣ пурсид.

Албатта пешниҳод аз таҷриба мешавад. Ҳоло мо беш аз ин таҷриба надорем. Саломату сарбаланд бошед.

-Сипосгузорем, ки вақти худро вақфи ин суҳбат кардед.

Мусоҳиб Раҳима Аъзам.