Падидаҳои озмун. Меҳрубон Давлатхоҷаев
Як падидаи дигари ин озмун Меҳрубон Давлатхоҷаев, хонанадаи синфи 10-и мактаби №83, деҳаи Фурудгоҳи ноҳияи Рашт аст, ки дар бахши адабиёти ҷаҳон қувваозмоӣ намуд ва гуфт беш аз 125 китоб мутолиа намудааст. Ва дар суҳбат бо мо иброздошт, ки новобаста аз он, ки барандаи ҷоизаи озмун мешавад ё не хондани китобҳои адибони ҷаҳонро идома медиҳад.
Санҷидани сатҳи донишаш далели ширкаташ дар сабқати сатҳи ҷумҳурӣ –«Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» буда аст. Донандаи хуби забони русист. Ҳоло ба муҳтавои суҳбати ману Меҳрубон тавачҷўҳ бифармоед:
– Тасаввур кун, ки ҷоизаи озмунро бурдӣ.
– Агар ҷои якумро бигирам, аз хурсандӣ намедонам чӣ кор мекунам.
– Миёни китобҳои мутолиакардаат кадомеро дўст доштӣ?
– «Граф Монте-Кристо»-и Александр Дюмаро. Дар бораи зиндагии касе қисса мекунад, ки вайро туҳмат мекунанд ва ба зиндоне меандозанд, ки дар дохили об буд . Бо гузашти 5 сол вайро ҳамчун мурда ба дохили дарё мепартоянд. Рафти воқеаҳои асар ҷолибу хонданист ва хонандаро ба думбол мебарад. Ғайр аз ин китобҳои ҷолиб зиёданд, барои мо, ки дар озмун иштирок мекунем, ҳар порча, ё суханону воқеаҳои китоб шарту зарур аст.
-Бори чандум аст ширкат меварзӣ?
– Соли аввали иштирокам аст. Ҳамин сол омодагӣ дидам. Ва сипосгузорам аз модарбузургам, ки омодаву роҳнамоиям кард. Бибиям омўзгор, падарам муҳоҷири корӣ ва модарам хонанишин аст.
Меҳрубон Давлатхоҷаев барои мо шеъри маъруфи шоири шаҳири рус Сергей Есенинро бо номи «Вы помните…» -ро басо зебову ҷолиб қироат намуд.
Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.
Теги: ,