“Куллиёт”-и Соҳибназари Ғоиб чоп шудааст

КуллиётВа ин китобро, ки ба тозагӣ интишор ёфтааст, хонандагон метавонанд дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Дар муаррифии кутоҳи он мехонем: Китоби «Куллиёт»-и Соҳибназари Ғоиб солҳои гуногуни ҳаёти  Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар бар гирифта, иборат аз рубоӣ дубайти, ғазал, қитъа ва шеърҳои солҳои гуногуни шоирро ифода менамояд. Бояд гуфт, ки мазмуни навиштаҳои шоир муҳаббати  самимона ва гулчини нигоҳи тозаи мардумро тараннум  месозад.

Муаллиф кўшиш ба харҷ додааст, ки дар мавзўи шеърҳояш васфи Ватандўстиву шуҷоатмандӣ, меҳнатдўстиву инсонпарастӣ, эҳтироми падару модар, одаму одамгарӣ  худшиносии миллӣ ва ишқи самимиву ваҳдату зебоипарастиро ифода намояд.

Фарзона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.