Пандномаи Бузургмеҳри Бухтагон (Идома)
Вазифаи хислат хештанро аз хӯи бад ва орзуи шаҳват нигоҳ доштан ва хулқу хӯи некро парастидан ва дар ёд доштан. Вазифаи умед баҳраи кӯшиш ба тан пайвастан ва танро ба ранҷу кори некӯ бурдан. Вазифаи фурӯтанӣ худро аз хоҳиши беш нигоҳ доштан ва ранҷи нофурӯтанӣ ва бими бисёрро дар ёд доштан. Ва он чизро, ки дар анҷом пуштибонӣ аз он бувад, ба чизи дигар надодан ва чизи фуруд омадаро, аз он ки рӯ ба рӯ гузоштан нашояд, (дар ин кор) ранҷу андӯҳ бурдан набояд.
Вазифаи муошират бо доноён худро аз худхоҳи нигоҳ доштан ва чунин намудан, ки ҳар ноогоҳӣ, ки аз кирдори хеш ояд, табоҳкунанда набошад.
Аз ин чанд мену кадом ба тани мардумон нерумандтар?
Хирад ҳушмандтар, андеша ҳассостар ва ҳуш пойдортар. Хислат хубшукӯҳтар ва хӯ оростатар. Ва фурӯтани устувортар ва умед шикеботар, зиндагӣ поктар ва бӯй огоҳтар ва фраваҳр ранҷбартар.
Ба мардумон чӣ ҳунар беҳтар?
Доногӣ ва хирад.
Аз ин кадом беҳ?
Он ки хештан бебимтару бегуноҳтар ва беранҷтар тавонад бурдан.
Барои мардумон хирад беҳ ё дониш?
Хирад барои шинохтани кор ва дониш барои писандидани кор.
Кадом гуҳар беҳ?
Фурӯтаниву чарбзабонӣ.
Чӣ хӯ беҳ?
Хештандориву оштихоҳӣ.
Чӣ оин беҳ?
Некӣ.
Кадом орзу некӯтар?
Бегуноҳӣ.
Кадом кори нек беҳ?
Хушнудӣ ба чизи (кам).
Кадом фарҳанг беҳ?
Он ки гузаронидани замон ва наҷоти равонро бад-он беҳтар донад.
Кадом обрӯй беҳ?
Накукорӣ дар дӯстӣ ва ҷавонмардӣ.
Чӣ ном меҳтар?
Хешкорӣ (вазифа).
Кадом душман ситамгортар?
Кирдори бад.
Ба мардумон фарҳанг беҳ ё гуҳари хирад?
Афзоиши тан аз фарҳанг ва оини меҳмондорӣ аз гуҳар, шинохти шахсият ва хулқу хӯ ва нигаҳбонии тану ҷон аз хирад.
Хулқу хӯ ва хираду дигар ҳама ҳунарҳо дар тани мардумон чӣ гуна камосебтару безиёнтаранд?
Хирад, ки дар он шуморе нест. Ва ҳунар, ки дар он баландандеши нест. Ёду хуш, ки дар он бадоинӣ нест.
Хештандорӣ, ки дар он киноварӣ нест.
Фурӯтанӣ, ки дар он хӯргирӣ нест. Некоинӣ, ки дар он фурӯмоягӣ нест.
Нексозгорӣ, ки дар он ошуфтагӣ нест.
Ростӣ, ки дар он найранг нест. Умед, ки дар он сустӣ нест.
Родӣ (олиҳимматӣ), ки дар он исроф нест.
Шукӯҳ ки дар он ғурур нест. Парастиши тан, ки дар он беморӣ нест. Чокарӣ, ки дар он парасторӣ нест.
Шоистагӣ, ки дар он такаббур нест. Дӯстии хайрхоҳона, ки дар он сарпарастӣ нест.Ягонагӣ, ки дар он ихтилоф нест.
Хешкорӣ, ки дар он сустӣ нест. Кӯшиш, ки дар он рашк нест.
Доноӣ, ки дар он фиреб нест.
Чизе, ки ба мардумон расад, аз бахт бувад ё аз куниш (кор)?
Вахту куниш бо ҳам монанданд, чунон ки тану ҷон.
Чи тан ҷудо аз ҷон колбудест бекор ва ҷон ҷудо аз тан бодест ногирифтор. Ва чун (онон) бо ҳам омехта буванд, нерӯманду судманданд.
Вахт чист ва куниш чист?
Вахту куниш баҳонаи чизеанд, ки ба мардумон расад.
(Давом дорад)
Пандномаи Бузургмеҳри Бухтагон бо номи “Ёдгори Бузургмеҳр” соли 2014 дар ҷилди аввали “Мероси хатии Бостон” нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи “Тоҷнома”, Тоҷикон дар масири тамаддун чоп карда буд.
Шакли электронии китоб инҷост: “МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН”
https://t.me/pdf_library_kmt/73
Таҳияи мутахассисони Маркази “Тоҷикшиносӣ”
Қурбонова Фархунда ва Орипова Шаҳноза