Пандномаи Бузургмеҳри Бухтагон (Идома)
Дороии гетӣ чиро монад?
Ба чизе, ки ба хоб бинанд, чӣ некӯ, чӣ бад аст ва чун аз хоб бедор шаванд, он чиз он ҷой нест.
Дар гетӣ чӣ арҷмандтар аст?
Шаҳриёри нерӯманду пирӯзгари некхоҳ.
Ва кӣ мустамандтар?
Шукӯҳи подшоҳӣ тундхӯ ва дурӯғпеша.
Бадбахттар кист?
Диногоҳи дурӯғпеша.
Бениёзтар кист?
Он ки хурсандтар (аст).
Кист аз дороии (хеш) хурсандтар?
Он ки шукӯҳмандтар (аст).
Кист шукӯҳмандтар?
Он ки (барояш) сарзаниши мардум аз ниёзмандиҳо бартар намояд.
Кӣ умендвортар?
Марди кӯшишманди хушиқбол.
Кӯшой чист ва хушиқболӣ чист?
Кӯшой он ки кас пешаи некӯ кунад ва кор низ (пешаи ӯ) бувад ва дар он бе (ҳеҷ) ранҷу иштибоҳ бикушад.
Хушиқболӣ бо фариниши нек (дар) фарҷоми хуби кор аст.
Кӣ нерӯмандтар?
Сипеҳри ҷаҳонбахш.
Кӣ росттар?
Замони сарнавиштсоз.
Кӣ ҳайратангезтар?
Он ки (дар) замони фаротар омада буд.
Ки оромтар?
Он ки аз биму балои гарон бираҳид.
Кӣ ҳушмандтар?
Донои бас озмуда.
Кӣ писандидатар?
Он ки шаҳватро бо нанг, хашмро бо бурдборӣ ва рашкро бо чашмгоҳӣ ва озро (ҳирс) бо фурӯтанӣ ва сангдилиро бо додхоҳӣ фурӯ нишонад.
Кӣ номдортар?
Он ки ба мардумон некӣ карданро аз рӯи дод дорад.
Кӣ номитар?
Он ки меҳтару пирӯзмандтар.
Кӣ пирӯзмандтар?
Он ки дар кор бобарортар ва дар додгустарӣ некӯтар.
Кӣ осудатар?
Он ки ӯро (фарзанди) шоиста ва зани ба хости шӯй дилхоҳ ҳаст.
Кӣ бурдбортар?
Ниёзмандӣ беҷораву фурӯтан, ки дар сипосгузориву судмандӣ ва умедӣ бузург кӯшад.
Кӣ нохуштар?
Кинвари озурда ва тавоно.
Кӣ андӯҳовартар?
Шӯи бимноку фарзанди дардкашида ранҷовартар.
Кӣ андӯҳгинтар? (Каси) шоиста, ки ба ношоистагӣ расад ва нерӯманд, ки ба нотавонӣ расад, умедвор, ки ба ноумедӣ расад ва худхоҳ, ки фарҷоми кори ӯ расида бошад.
Кӣ дардмандтар?
Тавоное, ки (ӯро) фарзанд нест ва донои шоиста, ки (ӯро) фарзанди ношоиста ва ранҷдиҳанда бувад, бар ӯ ноогоҳе фармон барад, некмарде, ки бар ӯ (каси) баде фармонраво бувад.
Кӣ озурдатар?
(Каси) шоиста, ки ношоистае бар ӯ пирӯз ояд, доное, ки бар ӯ ноогоҳе фармон барад, некмарде, ки бар ӯ (каси) баде фармонраво бувад.
Кӣ меҳрубонтар? …
(он ки) хушумед ва бегуноҳ (аст).
Кӣ пушаймонтар? Худхоҳе, ки фарҷоми кори ӯ расида бошад. Гунахгоре, ки равони худ бишносад, фосиди пастхираду бениёз, ки дар суди носипосон бикӯшад.
Кӣ накуҳишмандтар? Он ки дар некие, ки бинад, носипос бувад.
Кӣ бадномтар?
Он ки бадӣ карданро ба мардумон аз рӯи дод дорад.
Мардумонро дар гетӣ чӣ шоистатар намояд?
Он ки то тандуруст бувад, орзуи (хеш) бароварда созад ва чун танбемор бувад, дар дурустии тан ва чун тан дар ноумедӣ бувад, дар раҳоиши равон кӯшад.
Мардумон бештар чӣ орзу доранд?
Ба хешкомӣ ва бенизӣ.
(Давом дорад)
Пандномаи Бузургмеҳри Бухтагон бо номи “Ёдгори Бузургмеҳр” соли 2014 дар ҷилди аввали “Мероси хатии Бостон” нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи “Тоҷнома”, Тоҷикон дар масири тамаддун чоп карда буд.
Шакли электронии китоб инҷост: “МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН”
Таҳияи мутахассисони Маркази “Тоҷикшиносӣ”
Қурбонова Фархунда ва Орипова Шаҳноза