Паёми Пешвои муаззами миллат – такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ

Паёми ПешвоАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ соҳаи фарҳангро яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятноки кишвар шуморида, ин соҳаро барои насли наврасу ҷавон ва ояндаи Тоҷикистон самти ҳаётан муҳим арёбӣ карданд.

Зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат дастовардҳои кишварро дар соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил намуда, таваҷҷуҳи иштирокдорон ва тамоми аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро ба масъалаҳои умдаи сиёсати дохиливу хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт – саноат, энергетика, сохтмони роҳҳои нав, таъмини ваҳдату якдигарфаҳмӣ, амнияти ҷомеа, таҳкими мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, андешидани тадбирҳои муассири иловагӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва илму маориф ҷалб намуданд.

Бо зикри муҳиммияти соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг барои имрўзу фардои кишвар Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки «Дар робита ба ин, бори дигар таъкид мекунам, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Агар соли 2000-ум аз буҷети давлатӣ барои соҳаи фарҳанг ва варзиш ҳамагӣ 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024-ум ин нишондиҳанда 1 миллиарду 716 миллион сомониро ташкил дод. Тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ дар кишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд».

Мавриди зикри хос аст, ки фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, баҳри таъмини рушди устувори он аз рўзҳои аввали истиқлоли давлатӣ пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсию иҷтимоии фарҳанг дар фосилаи кўтоҳи таърихӣ як силсила қонуну қарорҳои муҳимро қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам омада, ҷиҳати бунёди инфрасохтори замонавии он маблағгузории мақсадноки давлатӣ тадриҷан афзоиш ёфт.

Сарвари давлат таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ҳамин нуктаи муҳим ҷалб намуда, зикр намуданд, ки «…ман ин корҳоро барои он гуфта истодаам, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ибрат гиранд ва андеша кунанд. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд. Зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад. Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳалли фавриро тақозо менамояд».

Агар муҳтавои асосии андешаҳоеро, ки сарвари давлат оид ба рушди фарҳанги миллӣ иброз намуданд, таҳлилу натиҷагирӣ намоем, онҳоро метавон ба сифати барномаи стратегии рушди соҳаи номбурда на танҳо барои соли оянда, балки барои ояндаи дур арзёбӣ намуд.

Аз ин ҷост, ки бо шарофати фазои мусоиди соҳибистиқлолӣ имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи фарҳанги миллии худро бо дастовардҳои назаррас зина ба зина татбиқ намуда истодааст, ки дар ин самт саҳми Пешвои миллат воқеан беандоза бузург аст.

Ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши дақиқи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, завқи бадеӣ ва зебоиписандии шаҳрвандони мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанг, инчунин авзои доимотағйирёбандаи ҷаҳони муосир тарҳрезӣ ва ироа гардид.

Дар ҳамин радиф Пешвои миллат зикр намуданд, ки «Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост. Дар шаш сол дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 21 ҳазору 500 нафар иштирок карда, қариб 500 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд. Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд».

Бо Амри Президенти мамлакат баргузор ва бомуваффақият ҷамъбаст гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2024 бори дигар собит намуд, ки дар баробари тадбирҳои гуногун, андешидани чораҳои ҳавасмандӣ ба раванди мутолиаи китоб дар ҷомеа мусоидат намуда, боиси эҳё ва рушди фарҳанги китобхонӣ мегардад ва таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ ҷалб менамояд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 дарсад зиёд карда шуд. Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ тадбири муҳиму саривақтӣ ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду босавод ва дорои маърифати баланди сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нахоҳанд шуд.

  Шоистаи зикр аст, ки ҳар як паёми Пешвои миллат роҳнамоест, ки мардуми моро ба фатҳи қуллаҳои мурод, расидан ба ояндаи дурахшон ва ҳаёти шоиста ҳидоят мекунад.

Аз ин рў, татбиқи амалии дастуру хидоятҳои Пешвои муаззами тоҷикон, дар рўҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, ватандўстиву хештаншиносӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва тарбия намудани ҳар як фарди ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

ЗАМИРА Ҳомидова,
корманди шуъбаи маълумотдиҳию
библиографии МД «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.