Пажӯҳиш: Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри XII

АбдуллоевДонишманди тоҷик Аҳмад Абдуллоев дар ин китоб, ки зери назари Фарангис Шарифзода мунташир шудааст, муҳити зиндагӣ ва рӯзгору осори шоирони форсизабони  Озарбйҷони асри 12 Абулъалои Ганҷавӣ, Иззуддини Шарвонӣ, Муҷири Байлақонӣ, Фалакии Шарвонӣ ва Ҳоқонии Шарвониро мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор додааст. Дар таҳияи он муаллиф аз санаду сарчашмаҳои таърихию адабӣ истифода кардаву барои мутахассисони соҳаи адабиёт, донишҷӯён, унвонҷӯён дастури илмии муфидеро омода сохтааст.

Дар пешгуфтори китоб омадааст, ки адабиёти форсу тоҷик пас аз дусад соли рушди худ дар вилоятҳои шарқи кишвар аз асри XI сар карда, дар ноҳияҳои ғарбӣ ривоҷ ёфт.

Беҳтарин дастоварди ин адабиёт дар асри XI эҷодиёти Қатрони Табрезӣ буд. Баъдтар дар миёнаҳо ва нимаи дуюми асри XII ин шохаи он шуҳрати босазо пайдо намуд.

Симои барҷастаи ин адабиёт Низомии Ганҷавист. Пас аз ӯ Ҳоқонии Шарвонӣ, Абулъалои Ганҷавӣ, Иззуддини Шарвонӣ, Фалакии Шарвонӣ ва Муҷири Байлақонӣ мебошанд. Эҷодиёти ин адибон ба доираи адабии Шарвону атрофи он вобаста гардидааст. Ғайр аз инҳо дар Ироқу Озарбойҷони он давра гурӯҳи дигари шоирон-Ҷамолуддини Исфаҳонӣ, Шарафуддини Шафарва, Асири Ахсикатӣ, Заҳири Форобӣ, Абулмаолии Розӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Ин гуна назми форсу тоҷик дар Эрони ғарбӣ домани васеъ дошт ва дар асоси суннатҳои некӯи шарқияш пеш рафтааст.

Китоби мазкур иборат аст аз пешгуфтор ва бобҳои “Ҳаёти сиёсию иҷтимоии давр”, “Ҳаёти адабӣ”, “Абулъалои Ганҷавӣ”, “Иззуддини Шарвонӣ”, “Муҷири Байлақонӣ”, “Эҷодиёти Муҷир”, “Фалакии Шарвонӣ”, “Ҳоқонии Шарвонӣ” ва ғайра иборат аст.

Китоби Аҳмад Абдуллоев “Адабиёти форсии тоҷикӣ дар Озарбойҷони асри  XII”Ш-ро шумо метаовнед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва барноомаҳои фарҳангӣ.