Пешгуфтори Абдулҳамид Самад ба китоби «Расми вафодорӣ”-и Сайданвар Камолов

Зиндагиномаи ҳар инсон ба сари худ то ҷое китобакест. Вале кору пайкор, талошу ҷонсупориҳои ашхосе, ки  шабу рӯз  ҳар лаҳзаи пурқимати умрро дар  доғтарину ҳассостарин  рӯзи  солҳои хунрезу даҳшатбор, сарнавиштсӯзу сарнавиштсоз дар гирдоби печидаи ихтилофҳои ақидавӣ, моҷароҳои разилонаи дасисаангезу ҷудоандоз, афрӯхтани оташи хушунат ба нияти  ифлоси шикастану пора-пора кардани сарзамин, овораву бадбахт намудани мардуми зудбовари содадил ва дар ин замина  аз байн бурдани давлату ҳукумати қонунӣ ва ҷойи он бо роҳнамоии хоҷагони аҷнабӣ зӯран эълом доштани сохти давлатдории дилхоҳашон ва ба курсии салтанат нишастанашон,  ана, дар ин маврид алайҳи ин тӯдаҳои ифротӣ бо мубориза бархостан, бешак, ба китобе шабоҳат дорад, ки саршори ҷасорату садоқат, мардонагиву фазилат, тамкину дурандешӣ, заковат, ҳисси масъулияти ватандорӣ мебошад.

 Ин пешаи он фарзандони асилу хуширодаи миллат аст,  ки дар мудҳиштарин ҳолатҳо бо амри дил ҷон дар кафи даст барои ҳифзи сарзамин, марзу бум, халқи диёр аз парокандагиву бадбахтӣ раҳонидани миллат ва зина ба зина, сол ба сол, аз байн бурдани кинаву  адоват,  муттаҳид кардани мардум, мустаҳкам сохтани пояҳои  давлати қонунӣ, ҳифзи ҳуқуқи он созгор шудани рӯзгор ҳисса мегузоранд. Ва ин фидокориро қарзи фарзандӣ, пос доштани шири муқаддаси модар ва нону намаки миллат меҳисобанд.

            Генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров бо ҳамин сифатҳои наҷиби инсонӣ, фидокорӣ, садоқат, фазилати хоксорӣ, дурандешиву мавридшиносӣ, риояи адолату инсоф, башардӯстӣ ва  зиёда аз ин ҳимояи шарафи миллату пойдории давлати тозаистиқлоли Тоҷикистони азиз дар диду дидаи  мардум меҳр  пайдо кард. Вай дар печидатарин солҳои пурфоҷиаи ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии Тоҷикистони ҷангзада, ки ҳатто баъзе кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, аслан, аз дудилагӣ, калавиш, бими ҷон ва сустии ирода аз иҷрои вазифа худро ба канор кашиданд ё бетарафиро пеша гирифтанд, бо амри  роҳбарони он вақт  ҷавони давлат, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов масъулияти бузурги роҳбарии Кумитаи  амнияти миллиро ба дӯш гирифт. Гап сари он меравад, ки дар он даврони пурҳодисаву хунрез бар асари ҷангу дасисаҳои пай дар пайи таҳмилӣ фишоровариҳо аз дуру наздик ҳастии Тоҷикистони навистиқлол дар сари мӯй овезон буду пора-пора ва нест шуданаш таҳдид мекард.

            Ана, дар ҳамин ҳолати ногувор, хастагии рӯҳиву равонии мардум, нобоварӣ, нарасидани маводи ғизо, харобкориву қонуншиканиҳои тӯдаҳои мухолифин дар паҳлӯи Сарвари давлат устувор истодан, дастуру супоришҳояшро ба фоидаи давлату миллат иҷро кардан ва ҷалб намудани кадрҳои вафодори зираку ҳушёр, миллату меҳанпараст ба хизмати Кумитаи амнияти миллӣ, афзун намудани дӯстону некхоҳони Тоҷикистону халқи он аз ҳисоби ҳамкасбони мамлакатҳои хориҷӣ ва ҳалли одилонаи ҳазору як проблемаи баногоҳ пешомадаи сарнавишти инсонҳо вазифаи Сайдамир Зуҳуров низ буд. Вай дар ин гирудорҳо обутоб ёфт, таҷриба андӯхт, ба рафторҳои ғайричашмдошти ибратбахш, садоқати фарзандӣ ва касбияшро ба миллат, давлат ва Прездент Эмомалӣ Раҳмон, ки кафили  сулҳу суббот ва роҳнамои миллат мебошад, собит кард, обрӯ ва эътибори Кумитаи амнияти миллиро баланд бардошт.

            Зимнан, дар ҳамин вазифаҳо Сайдамир Зуҳуров ба ҳисси  баланди масъулият софдилона хизмат карда, барҳақ сазовори  унвонҳои баланди ҳарбӣ ва ордену медалҳои ҳукуматӣ шудааст.

            Дар урфият мегӯянд, ки «қимати ҳампешаро ҳампеша медонад фақат». Зиндаёд адиби соҳибқалам генерал-лейтенант Сайданвар Камолов, ки дар шебу фарози зиндагӣ ва  хизмати Ватан  ҳамсафу ҳампешаи Сайдамир Зуҳуров буд, китоби «Расми вафодорӣ»-ро ҳанӯз вақти бар ҳаёт буданаш аз лаҳзаҳои зиндагӣ ва кору пайкори ӯ фароҳам оварда буд.

            Ба маврид аст, бигуем, ки ба майдони адабиёт омадани Саиданвар Камолов худ як ҷасорати калоне ҳисоб меёбад. Чунки  ба самъи ҳамзамонон расондани симои қаҳрамонон ва ё размандагони имрӯзаи Артиши миллӣ ва ё Ҷабҳаи халқӣ истеъдоди хосаро тақозо мекунад. Ӯ чун адиби нуктадону нуктасанҷ аз ӯҳдаи ин масъулият ба хубӣ баромадааст. Зеро қаҳрамонони  асарҳояшро хуб мешинохт ва аз мақсаду маромашон хуб огаҳӣ дошту симояшонро моҳирона ба қалами тасвир кашидааст.

            Майдонҳои набард сарбозонро аз наздик бо ҳам ошно месозад. Онҳо дӯсту душманро меомӯзанду мешиносанд, ҳамсангари вафодори якдигар мегарданду дар  ҳар лаҳза ҳимоя  мекунанд.

            Мазмуни баланди  асарҳо Саиданвар Камолов «Дар ҳифзи марзу буми кишвар», «Муковимат», «Сангар», «Сарҳад», «Асрори ғори аждаҳо», «Бозгашт» ва «Гиреҳ дар гулӯ»-ро филмсозону коргардонҳо дарк сохта, аз паи таҳияи филмҳои бадеӣ шуданд, ки мазмунашонро аз ин китобҳо гирифта буданд.

            Барҳақ дар ҳар як асари ин нависандаи ҷангноманависи  адабиёти муосири тоҷик симои мардонагаву ҷасорат, нотарсиву шердилии Сайдамир Зуҳуров тасвир шудаанд.

             Мардуми кишвар, ки аз ҳама гуна корномаҳои Сайдамр Зуҳуров огаҳӣ доштанд, орзуе мекарданд, ки қаҳрамонии ӯ дар китобҳо сабт ёбад. Чунин имконият ба Сайданвар Камолов даст дод ва ба тасвири корномаҳои ҳамсангари хеш машғул гашт. Офарид, ба қадри маҳорату истеъдодаш. Воқеъбинона ҳар корномаи ӯро тасвир намудааст. Ва дар мавриди худ мавзӯе додаст ба адибони ҷавон, ки ҳаваси навиштан аз ҳаёти лашкаркашонро доранд. Аз навиштаҳои касе  меомӯзанд, ки вай ҳама вақт асарҳояшро дар такя ба ҳуҷҷатҳои муътамад эҷод кардааст.

            «Расми вафодорӣ» охири асари Сайданвар Камолов аст ва онро ҳам ба охир нарасонидааст, зеро тасвири корномаҳои Сайдамир Зуҳуров доманфарох асту фақат умр ба ӯ вафогӣ  накард.

            Бешак, мутолиаи ин китоб ошноӣ ба фаъолияти хизматии фарзанди шеърдилу содиқи миллату Ватан генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров ба хонанда, махсусан насли ҷавони имрӯзу оянда, ки ба дифои амнияти миллӣ, марзу буми Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоламон камар мебанданд, дарси  мардонагию ҷасоратро меомӯзонанд.

                                                                                 Абдулҳамид Самад 

                                                               Нависандаи халқии Тоҷикистон

Китоби  Сайданвар Камолов “Расми вафодорӣ” бо ҳамин сарсухани пурмуҳтавои Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба тозагӣ нашр шудаву ҳоло дар Китобхонаи миллӣ ворид шудааст.

Хонандагон онро метавонад дар ҳар толори хониши Китобхона фармоиш ва мутолиа намоянд.

Таҳияи Малика Абдуллоева.