Пешвои миллат ва 34 соли сулҳ, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон

Эмомалӣ РаҳмонМонографияи Ширин Қурбонова “Пешвои миллат ва 34 соли сулҳ, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон” ба таҳқиқи саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон ва баланд бардоштани мавқеи он дар арсаи ҷаҳони дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бахшида шудааст. Таҳқиқот дар заминаи таҳлили имконоти назариявию амалӣ омода гардида, барои донишҷӯён, унвонҷӯён, омӯзгорон, олимон ва барои нафароне, ки ба фаъолияти беназири Пешвои миллат таваҷҷӯҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

Тавре Рустам Ҳайдарзода – доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар муқаддима ба китоб навиштааст, ин монография аз ҳафт боб иборат аст, ки ҳар кадом ба як паҳлӯи фаъолияти Пешвои миллат бахшида шудааст:

Сулҳофар. Барқарорсозии сулҳ, музокироти сулҳ, татбиқи созишнома ва таъсири он ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ.

Тоҷикпарвар. Эҳёи фарҳанг, забон, таърих ва рушди санъату адабиёти муосир.

Ваҳдатгаро. Таҳкими ваҳдат тавассути ягонагии минтақаҳо, маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии “дарҳои кушод”.

Ташаббускор. Ибтикороти дохилӣ ва байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ва мустаҳкам кардани давлат.

Роҳкушо. Роҳи Истиқлол, лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетика ва ояндаи устувор.

Нурофар. Талошҳо дар самти энергетика, истифодаи захираҳо ва дурнамои соҳа.

Сипаҳсолор. Таъсиси Артиши миллӣ, ҳифзи амният ва устуворӣ дар ҳолатҳои фавқулода.

Муаллифи монографи Қурбонова Ширин Исмоиловна – доктори илмҳои таърих, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷануб ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ доданд, ки саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон ва баланд бардоштани мавқеи он дар арсаи ҷаҳониро бо таҳлилу амиқ нишон диҳанд.

Ҳадафи асосии монография инъикоси саҳми Пешвои миллат барои наслҳои оянда ҳамчун намунаи давлатдории оқилона ва инсондӯстона маҳсуб меёбад. Ин таҳқиқ ба наслҳои ҷавон нигаронида шудааст, то онҳо аз таҷрибаи Пешвои миллат дар самти барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдат ва пешрафти кишвар ибрат гиранд. Монография на танҳо барои муҳаққиқон ва донишҷӯён, балки барои ҳар як фарди ватандӯст, ки мехоҳад аз таърихи муосири Тоҷикистон ва нақши Пешвои муаззами миллат дар он огоҳ бошад, арзиши бузург дорад. Ин асар бо эҳтироми амиқ ба хидматҳои Пешвои миллат ва ифтихор аз дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол навишта шуда, умед аст, ки барои наслҳои оянда манбаи илҳом хоҳад буд.

Хоҳишмандон метавонанд ин китобро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.