Бо бачаҳо. Акобир Шарифӣ: Моҳича ва себак (Мазмун аз афсонаи халқ)
Ин воқеа хело пеш аз ин рӯй дода буд. Дар як кунҷи боғ як дарахти пастакаки себ мерӯид. Вай аз дигар дарахтони себ фарқ мекард. Дар таги ин себак як ҳавзча буд. Дар ҳавзча моҳичаҳо шино мекарданд. Кӯдакон ҳар рӯз омада дар таги ин себак бозӣ мекарданд ва ба моҳичаҳо нонреза мепартофтанд.
Вақти тобистон дарахти себ аввалин бор мева андохт. Себҳояш сурхи калон-калон буданд. Вале рӯзе шамол шуду себҳоро ғалтонд. Фақат яктоаш боқӣ монд, ки он ҳам дар шохчаи поён буд. Вай ба моҳичаҳо наздик буд ва онҳо бо ӯ гап мезаданд. Рӯз то рӯз себак калон ва сурх мешуд. Моҳичаҳо ҳам торафт калон мешуданд. Дар байни моҳичаҳо як моҳичаи сергап буд. Вай сари худро аз об бароварда, ҳар замон мегуфт:
– Ҳой себак, аҳволат чӣ тавр?
– Бад не, мегуфт себак.
– Рӯз то рӯз сурх шуда истодаӣ. Ин чӣ гуфтанӣ гап-а? Мегуфт моҳичаи кунҷков.
– Маънояш ҳамин, ки ҷавоб мегардонд себак, ман пухта истодаам. Ту гапро дароз накуну аз таги ман дуртар ист. Чунки ягон рӯз шамол маро меғалтонаду ба фарқи сари ту меафтам ва сарат кафида хуншор мешавад.
Ҳа-ҳа-ҳа, хандид моҳича, охир, ман ҷон дорам, ҳамин ки ту ғалтиданӣ шудӣ, то ба поён омаданат ман ғӯта зада ба даруни об медарояму ҷон халос.
Хайр, ба ҳар ҳол ман туро бохабар кардам, эҳтиёт бош, мегуфт себак…
Рӯзе моҳича мисли пештара мелаққид. Банохост шамол хест ва себакро аз шохча канда ҷудо кард. Себак ҳам бо овози баланд “ҳой, даҳанкалон, гурез, ки ман…”гуфту гапашро тамом накарда лаппӣ ба фарқи сари моҳича зад. Чунон сахт зад, ки аз чашми моҳича алав парида аз ҳуш рафт.
Моҳича ҳанӯз ба ҳуш наомада, шамол себро тела дода ба онсӯтари ҳавзча бурда монд. Моҳича ба худ омада қаҳрӣ шуд ва аз думболи себак дартоз шуда:
–“Ҳа мехоҳӣ, ки беҷазо монӣ? Не, ин корат намешавад. Ба пеши қозӣ меравем. Гапи ман якта”, мегуфт.
Инро гуфту моҳича себакро кашолакунон ба хонаи қозӣ бурд.
Қозии шикамкалон дар болои суфаи лаби ҳавз нишаста буд ва як хизматгораш ӯро бо бодбезак бод медод. Дар ҳамин вақт дарвоза тақ-тақ шуд. Хизматгор хост, ки онро кушояд. Қозӣ зуд гуфт:
–Агар ягон кас барои шикоя омада бошад, гӯй, ки ман нестам.
Вале ки хизматгор ҳанӯз дасташро ба занҷири дарвоза нарасонда, моҳича себакро кашолакунон аз таги дарвоза ба берун даровард.
Вақте ки хизматгор мақсадро фаҳмид, онҳоро ба пеши қозӣ бурд. Қозӣ ширмоҳии сафед ва себи як тарафаш сурху як тарафаш сафедро дида хурсанд шуд. Вай ҳар лаҳза оби даҳонашро фурӯ бурда, мепурсид:
–Канӣ, моҳича, ту бисёр бетоқат ва қаҳрӣ менамоӣ, аввал ту гап зан, фармон дод қозӣ.
Муҳтарам қозӣ, сар кард моҳича, ана ҳамин себ аз шохи дарахт канда шуда чунон ба фарқи сарам зад, ки қариб ҷонам баромада буд. Ҳоло ҳам сарам дард мекунад. Эҳтимол, майнаам беҷо шуда бошад.
– Гапат маъқул, моҳича, маъқул, ришашро молида гуфт қозӣ. Канӣ, себак ту гап зан, гапи моҳича рост-мӣ?
Ҳамин хел-куя, сар кард себак, лекин ман ҳар рӯз моҳичаро огоҳ мекардам, ки эҳтиёт шавад. Вале вай ҳар замон мегуфт:–“Ҳамин ки ту афтидани шудӣ, ман зуд ба об оғӯта мезанам”.
Гапи ту ҳам ҳақ, оби даҳонашро фурӯ бурда гуфт қозӣ. Лекин ман бояд аз рӯйи шариат дуятонро ҳам мувофиқи гуноҳҳоятон ҷазо диҳам. Туро себак, барои он ҷазо медиҳам, ки ба сари моҳича зада майнаи ӯро гаранг кардаӣ. Моҳичаро бошад, барои он ки, ӯро себак борҳо хабардор кардаасту лекин вай якравӣкарда нагурехтааст.
Қозӣ инро гуфту кордро аз кисааш бароварда себакро ду тақсим кард. Дар як дақиқа аз себаки сурхи сероб, ки дар пеши қозӣ истода ба саволҳои вай канда-канда ҷавоб медод, ному нишоне намонд. Моҳича бошад, ҳам хурсандӣ мекард, ҳам аз тарс меларзид. Барои он хурсандӣ мекард, ки себак ҷазояшро дид. Тарсаш аз он буд, ки қозӣ бисёр чашмгурусна ва бадқаҳр менамуд. “Вай метавонад маро ҳам як луқмаи хом кунад”, фикр мекард моҳича.
Моҳича саҳв накарда буд. Қозӣ себакро хоида-хоида фурӯ бурду ба хизматгораш рӯ оварда гуфт:
– Ин моҳичаро гиру даррав дар равған бирён карда биёр, чанд вақт боз гӯшти моҳии тоза нахӯрдаам.
Моҳича безобита шуда, зӯр мезад, ки бегуноҳ буданашро исбот кунаду илоҷе карда халос шавад, вале дер шуда буд…
Таҳияи Дониёрова Фарида,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон