Пешвои миллат ва ҷаҳони имрӯз. Бахши дуюм
Сабабгори ҷанги тӯлонӣ дар ин сарзамин фақат халқи афғон ва саркардаҳои кӯтоҳназари он нест. Афғонистон он нуқтаи даргирест, ки манфиати чандин давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва низомҳои мухталифи мазҳабию идеологӣ бо ҳам бархӯрда, дар сангарҳои он халқи ҷафокашидаи афғон ва дигар қавму миллатҳои сокини ин кишвар ошкору ниҳон талош меварзанд. Ва ҳадафи аслии ин манфиатҳо чунонки дар боло гуфтем, талош баҳри ба даст овардани бозорҳои нави ҷаҳонӣ, манбаъҳои арзони ашёи хому сӯзишворӣ, боиагриҳои табиию қувваи арзони кор ва гузашта аз ин, фурӯши яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, ҳамчунин омода намудани террористону экстримистони ба ҳама гуна ҷангу ҷинояткориҳо қодир ва ғайра мебошад. Бар болои ин аз касе пӯшида нест, ки Афғонистони ҷангзада имрӯз ба манбаи калонтарини истеҳсоли маводи мухаддир дар саросари ҷаҳон табдил ёфтааст.
Маводи мухадир, ки аз Афғонистон содир мегардад, марзҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро чун роҳрави транзитӣ истифода намуда, ба Россия ва дигар давлатҳои Осиёву Аврупо интиқол меёбад. Тоҷикистон, ки бар зидди маводи мухадир, терроризм ва экстримизм муборизаи беамон мебарад, имрӯз дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун як сипар ё минтақаи буферӣ қарор дорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои манфиатдор бояд тадбирҳои ҷиддӣ андешида, дар асоси шартномаи амнияти дастҷамъӣ пеши роҳи интиқоли маводи мухаддир, яроқ ва терроризми байналхалқиро гиранд, вагарна ин вабои аср доман афрохта, чун дасти қаттоле аз гулӯи миллионҳо сокинони сайёраи мо медорад.
Мувофиқи маълумоти расмию нимрасмии расонаҳои хабарӣ имрӯз дар ҷаҳон фурӯши яроқ ва лавозимоти ҷангӣ қариб ба 60 миллиард доллари амрикоӣ ва фурӯши маводи мухаддир низ тақрибан ба 60-65 миллиард доллари амрикоӣ расидааст. Ин бузургтарин манбаи даромади ҷаҳонист, ки бар ивази рехтани хуни ноҳақ ва гирифтори нашъамандӣ намудани миллионҳо ҷавонон оқибат ба ҷайби бетаги доираҳои муайяни манфиатдор медарояд. Имрӯз дар Афғонистон қувваҳои муайяни байналхалқӣ ва ҳавзаҳои геополитикӣ на фақат маркази терроизму экстремизми ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд, балки боз ба он саъй мекунанд, ки тавассути онҳо парваришу интиқоли манбаи арзонбаҳои маводи мухадир ва хариду фурӯши яроқро ба роҳ монда, бо як тир чандин сайд бизананд. Аввалан, ҳар доллари барои истеҳсолу фурӯши яроқҳои кӯҳнасохти дар анборҳо хобида ва парваришу интиқоли маводи мухаддир сарфшуда, камаш даҳову садҳо маротиба фоидаи соф меорад. Сониян, ягон сарбози худиро дар майдони набард талаф надода, роҳро ба сӯйи марзҳои ҳарифи сиёсию иқтисодӣ кӯтоҳ месозанд ва бо дасти ҷанговарони ғафлатзада ва саркардаҳои гумроҳ рахнаҳои хурду бузурге ба ҳудуди он мезананд. Солисан, ба ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегӣ наздиктар шуда, расидан ба манбаи ашёи хом, сӯзишворӣ, бойигариҳои беназири табиӣ ва қувваи арзони кор осонтар мегардад. Ниҳоят, тақсимбандии ҷаҳон, ки баъди шикасти империяи абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ сурат гирифтааст, онҳоро қадам ба қадам ба ҳадафи ниҳоӣ наздик меорад. Ва боз чандин ҳадафҳои дуру наздике, ки сиёсатмдорони кишварҳои абарқудрат вобаста ба манфиатҳои дохилию хориҷии кишвари хеш таҳрезӣ менамояд.
Асри XXI бо вуҷуди ҳама дастовардҳои бузургу кашфиётҳои беназири ақли инсон натавонист ба ҷангу хунрезиҳо хотима бахшад. Яроқҳои фавқулоддаи ҷангӣ, силоҳҳои ядроӣ ва реактивҳои дурпарвозу миёнапарвоз имрӯз ба василаи худнамоӣ ва яккатозии давлатҳои абарқудрат табдил ёфтааст. Яъне он кишваре, ки силоҳи беназиру аслиҳаи ғайриодӣ дорад, мехоҳад низоми шаклгирифтаи ҷаҳонро шикаста, ба коми хеш гардон намояд. Ин падидаест, ки дар даҳсолаи охири қарни XX хеле равшан зоҳир гардида, аксуламалҳои тозаеро аз дунболаш берун овард.
Кишварҳои Шарқ – алахусус мамлакатҳои Осиё, ки бо номи давлатҳои бетараф ё ҷаҳони сеюм маъмул буданд, аз асари яккатозҳои давлатҳои худкома ба ҳарос афтода, ба офаридани силлоҳои ҳастаӣ ва ракетаҳои ҷангӣ пардохтанд. Ва аз касе пӯшида нест, ки имрӯз дар моварои Осиё чандин давлатҳое пайдо шудаанд, ки ҳам дорои яроқи ядроӣ ва ҳам дорои ракетаҳои навтарини ҷангӣ мебошанд. Ва имрӯз кӯшишҳои пайгиронаи офаридани аслиҳаҳои навтарини қатли ом чӣ дар Шарқ чӣ дар Ғарб ба як мусобиқаи бардавому рӯзафзун табдил ёфта, чандин давлатҳои хурду бузурги дигар кӯшиши дастёбиро ба силоҳи ядроӣ доранд.
Худ аз худ суоле пеш меояд, ки агар кор бо ҳамин ранг ҷараён ёбад, тақдири ояндаи инсоният, тақдири ояндаи сайёраи мо ва тақдири ояндаи давлати тоҷикон чӣ хоҳад шуд? Оё ягон роҳи аз ин фоҷиабор берун омадан ҳаст ё не? Оё сайёраи сабзи Замин, ки ягона гаҳвораи ҳаёт ва нишемангоҳи тамаддуни башарист, чун муъҷизаи нотакророе дар арсаи беинтиҳо боқӣ мемонад, ё аз асари ҷангҳои мудҳишу таркиши аслиҳаи пуриқтидори ядроие аз мадори худ берун рафта фоҷиаи кайҳонигиеро ба сар мебарад?
Ин ва дигар суолҳо хоҳу нохоҳ дар пешорӯйи инсоният қарр мегиранд ва аз мову шумо посух мехоҳанд. Ба назари ман, асри XXI ва оғози ҳазорсолаи сеюм барои сайёраи мо ва кулли бошандагони асри тақдирсоз ва сарнавиштофарин аст. Бо ибораи одӣ гӯем, дар пеши инсоният ду роҳ вуҷуд дорад. Роҳи ҳастӣ ва роҳи нестӣ. Оре, нидои пурфоҷиаи Ҳамлети Шекспир аст, ки чанд аср муқаддам дар қолаби шахсияти як фарди шӯридаву аз сарнавишт норозӣ меғунҷид. Вале дар оғози асри навин ин нидои кайҳонгири ҳастию нестӣ дар назди сармоядорони ҳарису сиёсатмадорони кӯтоҳназар меистад. Ва интихоби роҳ аз хираду заковати фарзандони Одаму Момоҳаво вобаста аст. Ё ҳаёт бар асари ҷангҳои ядроӣ аз рӯйи сайёраи сарсабзи мо барҳам мехӯрад ё сокинони курраи арз хатари ин ҷангҳоро дарку пешгирӣ намуда, дар асри XXI чун як тан таҳти сулҳу ваҳдат муттаҳид мегарданд.
Ва шояд дар саросари курраи арз Соли байналмиалаии Фарҳанги сулҳ эълон намудани соли вопасини асри XX тасодуфи қисмат набошад. Таърих ба бошандагони чаҳор самту шаш қитъаи олам, сарфи назар аз ирқу нажод, эътиқоду мазҳаб, сохти давлатдорию ақоиди сиёсӣ, табақаи иҷтимоию дараҷаи зиндагӣ, як бори дигар шароит фароҳам овардааст, ки аз пешомади худ дар асри ҷадид андеша кунанд. Даҳшати ҷангҳои хурду бузурги ҷаҳонӣ сабақҳо андӯзанд. Аз тақдири наслҳои гузаштаву имрӯзаву оянда андеша ронанд ва ба ҷойи худ ворисони арзандаеро ба амол расонданд.
Баъзан дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе мебаинам, ки кӯдакону бачаҳои ноболиғ ба ҷойи бозича дар даст пистолету автоматҳои бадҳайбат доранд, ки аз ярқи аслӣ онҳоро фарқ кардан душвор аст. Онҳо тақлиди филмҳои пурмоҷарои хориҷию терминатору ҷанговарони саропо мусаллаҳ сӯйи якдигар тир меандозанд, дар пайравии онҳо мушту лагад мебардоранд, тохта худро ба замин меафкананд, яроқҳои хурду бузург дар даст сангар мегиранд ва бозӣ ба бозӣ ҳарифи худро нобуд мекунанд.
Ба андешае меравам, ки мо киро ба камол мерасонем? Тифли парвардаи мо ба яроқу ҷангбозиҳо дил банданд, оқибати кор чӣ мешавад? Оё фарзандону набераҳои мо ба қадри Офтоб, ба қадри Замин, ба қадри борону шабнами баҳор, ба қадри рангинкамону зебоии нотакрори табиат мерасанд? Оё онҳо меҳнати деҳқон, заҳмати ҳалоли падару модар ва обу хоки Ватанро қадр мекунанд? Мо тақдири Замин, тақдири ояндаи сайёра ва тақдири Ватану сарзамини аҷдодиро ба кӣ месупорем?
Медонам, ки ин манзараи бозӣ ба бозӣ сангар гирифтану ҷанг карданҳо дар миёни бачаҳо чандон маъмул нест. Вале дили кас ба тақдири насли оянда месӯзад ва эҳсос мекунам, ки ба ин кор танҳо бачаҳо гунаҳкор нестанд. Баъзан падару модарон ба ҷойи тарбияи солим, ба ҷойи одобу донишандӯзӣ, ба ҷойи ёд додани меҳнати ҳалол фарзандони худро ба тамошои видеонаворҳои пурмоҷаро ва филмҳои пастсифати хориҷӣ машғул медоранд, ба ҷойи афсонагӯйӣ ё адабомӯзӣ ба онҳо бозичаҳои ҷангӣ тӯҳфа мекунанд.
Агар фарзанд ноқобилу ҷиноятпеша гардад, ин гуноҳи кист? Қабл аз ҳама гуноҳи падару модар, мураббию муаллим ва муҳити тарбия. Ва гузашта аз ин, бетарафии аҳли ҷомеа ва паҳнавии ғояҳои носолиме, ки аз воситаҳои иттилоот пахш мегардад, филму китобҳое, ки зӯроварӣ, инсонбадбинӣ, куштору ваҳшониятро тарғиб менамоянд. Ин тамоюл танҳо дар сарзамини кӯчаки Тоҷикистон не, қариб дар ҳамаи кишварҳои пешрафтаи олам бо рангу шеваи гуногун идома дорад. Асарҳои санъат, адабиёти бадеӣ ва филмҳои ҳунарию телевизионӣ кайҳо боз ба воситаи тиҷорат табдил ёфтаанд. Бигузор тафаккури насли ҷавон ва кӯдакону наврасон заҳролуд шавад, онҳо дар рӯҳияи носолим ба камол расанд, вале филми тақлидкунандаи куштору хунрезиҳо бояд миллионҳо доллар даромади соф биёрад. Беҳуда нест, ки актёрони машҳуре, ки дар филмҳои моҷароҷӯёна нақши асосиро мебозанд, миллион доллар ҳаққи заҳмат мегиранд ва ҳозиранд, ки ба хотири пул ба ҳама пастию разилӣ даст бизананд.
Аҷобати кор дар он аст, ки актёрони оламшумули филмҳои моҷароҷӯёна – Арнолд Швартснегер ва Силвестер Сталлоне фарзандони худро аз тамошои нақшҳои офаридаашон дар филмҳои моҷароҷӯёна дар канор медоранд. Дар рӯзномаҳои марказии Россия мусоҳибаеро бо ин актёрони соҳибшӯҳрат хонда, басо ҳайрон шудам, ки онҳо нақшҳои офарида ва филмҳои таҳия намудаашонро ба фарзандон нишон намедиҳанд ва пешаи худро як василаи рӯзгузаронӣ мешуморанд.
Пӯшида нест, ки дар ниҳоди кӯдак ду неру ҷой дорад. Агар нерӯи бадию бераҳмӣ, зӯроварию ҷангҷӯйӣ дар ниҳоди онҳо бар нерӯи инсондӯстӣ ва адлу инсоф ғолиб ояд, вой бар ҳоли инсоният, ки ҳазорон сол пушт ба пушт заҳмат кашида, барои мо ва наслҳои оянда мероси бузурги маънавӣ ва тамаддуни оламшумул ба ёдгор гузоштаанд.
Манбаъ: Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”. Душанбе, 2009
Таҳияи кормандони Медиатекаи Президаентӣ
Марзия Зардодхонова
Меҳрангез Муҳаббатова