Се китоби адиби маъруф Зиё Абдулло дар Телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ

Зиё АбдуллоШоир ва донишманди маъруфи кишвар устод Зиё Абдулло се китоби электронии худро барои Телеграмканали сомонаи Китобхонаи миллӣ тақдим намуд, ки аз имрӯз дастраси хонандагон мегардад. Инҳо: “Нигоҳи вожгуна ба ҷанги воруна” (Шарҳе барои “Шоҳнома”, таҳрири аввал), “Сухан аз Авасто то Қурон” (коркарди дуввум), “Гулзори нур” (баргузидаи ашъор аз китобҳои чопшудаи адиб).

ЗИНДАГИНОМАИ ШОИР

ЗИЁ АБДУЛЛО (Абдуллоев Зиёдулло) тав. 10 декабри соли 1948, зодаи деҳаи Хишткӯпруки ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, маълумоти миёнаро (1966) дар ҳамон ҷой, маълумоти олии омӯзгориро соли 1971 дар Душанбе соҳиб шудааст. Солҳои 1971–76 муаллими мактабҳои миёнаи зодгоҳаш будааст. Дар ин миён соле хидмати аскарӣ карда, солҳои 1976–77 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), 1977–1983 дар маҷаллаи «Садои Шарқ», 1983–1991 дар Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 1991–2007 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолият бурдааст. Ду сол (1989–1990) дар рухсатии озоди маошдори эҷодӣ будааст. Солҳои 2007–2017 корманди нашриёти «Адиб».

Офаридаҳояш аз соли 1970 дар васоити ахбори умум ва маҷмуаҳои дастҷамъии «Шоир» (Мадрас, Ҳиндустон, 1982), «Литературная газета» (Маскав, 1984), «Истоки» (Маскав,1986) ва «Сузирия» (Киев, 1987) ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инглисӣ, олмонӣ, булғорӣ, чехӣ, арманӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ тарҷума ва дар нашрияву маҷаллаҳои гуногуни Эрону Афғонистон чоп шудаанд. Иштирокчии Конфронси адибони ҷавони шӯравӣ (Лвов, 1982) ва Машварати адибони ҷавони шӯравӣ (Маскав, 1984) будааст. Дар ин Машварат, ки 400 шоир ширкат дошт, китоби ашъораш беҳтарин шинохта шуд ва барои чоп дар Маскав пешниҳод гардида, соли 1988 бо номи «Единою болью» (нашр. «Молодая гвардия») ба табъ расид. Соли 1986 дар Душанбе ва соли 1988 дар Маскав иштирокчии Симпозиуми адибони ҷавони мамлакатҳои сотсиалистии ҷаҳон буд ва дар Симпозиуми охирин сухан рондааст.

ЭҶОДИЁТ

Гулчини ашъору достонҳояш дар маҷмуаҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Фурӯғ» (1990), «Единою болью» (Маскав, 1988), «Тысяча родников» (дар ҳаммуаллифӣ; Маскав, 1998), «Лоластон» (се достон, 2003), «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум, 2003), «Бодгиреҳ» (2006), «Ҷоми Симурғ» (2008) ва «Нигоҳи вожгуна ба чанги воруна» (2023, дар шарҳи «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ, коркарди аввал), «Гулзори нур» (2024) «Нигоҳи вожгуна ба чанги воруна (дар шарҳи «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ)» (2025, ба хатти форсӣ) ба чоп расидаанд. «Достони коргар»-аш ба забони русӣ тарҷума ва дар маҷаллаи «Помир» (1989) чоп шудааст. Муаллифи ҳашт достони устуравӣ-таърихӣ-фалсафӣ – «Достони коргар» (1979–1984), «Фариштаҳои орзу» (1983–88), “Дар ҳошияи «Мухаммаси зери теғи Мушфиқӣ» (1984–89), «Лоластон» (1996), «Таҷовузи нур» (1997), «Аноҳиди пиндор» (2002), «Гули нур» (2011) ва «Бимандоз» (достони аз дари рубоӣ дар шарҳи «Гаршоспнома»-и Асадии Тўсӣ) мебошад.

Ашъори алоҳидаи Р.Бёрнс, В.Маяковский, П.Неруда, А.Нетто, Момансоно, В.Коротич, Е.Евтушенко, Д.Сэдэв, китоби шоири русизабони белорус Юрий Сапожков «Нуқтаи бебозгашт» ва шеърҳои Гулбаҳор Мирзоева, Алишер Қиёмов, (шоирони русзабони тоҷик), Игор Маленкий, Мария Ватутина, Сергей Бирюков, Сергей Стратановский, чанд шоири дигари рус, белорус, украин, ӯзбек, туркман, пйесаи «Суқрот ва…»-и Э.Радзинский, рисолаи Бобоҷон Ғафуров ва Николай Прохоров «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии Ватан» (ҳамроҳи Иосимзода)-ро тарҷума ва ҳамагонӣ кардааст. Силсилаи мақолаҳои илмӣ, иҷтимоӣ ва фалсафияш мӯҷиби баҳсу муҳокимарониҳои хоссу ом гардидаанд. 14 суҳбати иҷтимоӣ-илмиаш бо чордаҳ олими намоёни ҷумҳурӣ сазовори Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ гардидаанд. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1984).

Хидматҳояш бо «Ифтихорномаи Шўрои Олии Тоҷикистон» (1994) ва бо «Медали хизмати шоиста» (1998)-и ҷумҳурӣ қадр гардидааст. Ба ў унвони «Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон»-ро додаанд. Дорандаи «Диплом»-и ба номи Вилём Шекспири Иттифоқи нависандагони ҷаҳон дар назди Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

КИТОБҲОИ ЭЛЕКТРОНИИ АДИБИ МАЪРУФ ИН ҶОСТ:

ГУЛЗОРИ НУР

НИГОҲИ ВОЖГУНА БА ҶАНГИ ВОРУНА

СУХАН АЗ АВАСТО ТО ҚУРЪОН