«Пирамард ва сипоҳӣ»-и Азизи Азиз бо ҳуруфи брайлӣ

Пирамард-Азизи-Азиз-брайлиКитоби мазкур бо ҳуруфоти брайлӣ бо кумаки  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои нобиноён чоп шудааст. Ин китоб аввали соли равон ба толори  хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ворид шудааст.

Повести «Пирамард ва сипоҳӣ» аз ҷасуриву шуҷоати як пирамарди савдогар, ки аз деҳа ба шаҳр барои савдо мерафт, вале асири лашкари Чингизхон мешавад, нақл мекнуад. Муаллиф тасвир менамояд, ки ин марди солманд бо чӣ тадбире  саркардаи лашкари Чингизхонро мағлуб менамояд.

Адиби маъруф ба тасвири асар ҷасорату мардонагии халқи тоҷикро дар он солҳо тасвир намудааст. Ин воқеа тақрибан ҳашсад сол пеш, вақте лашкари муғул дар Осиёи Миёна бедодгариҳо мекард, руй додааст.

Азизи Азиз аз ҷумлаи маъруфтарин адибони кӯдакнависи кишвар буда, гулчини офаридаҳояш дар китобҳои «Афсона ва ҳикояҳо» (1989), «Хандонак» (1998), «Қиссаи пирамарди тоҷик ва сарлашкари муѓул» (1998), «Қарзи сарлашкар» (2001), «Донишманд ва девдарахт» (2010),  «Баҳор омад» (2012), «Фил аз чӣ метарсад?», «Афсонаи об», «Шаш ва нуҳ», «Саргузашти заргўшак», «Афсонаи тарс», «Ҷануб кадом тараф аст?» (2013) ба чоп расидаанд.

Чанд афсонаи ӯ ба забонҳои ўзбекӣ, русӣ, чехӣ ва қирғизӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Таҳияи Раҳмон Фирӯз,
мутахассиси пешбари шуъба