Порсигӯёни Ҳинду Синд. Зебуннисобегим

ЗебуннисобегимМутахаллис ба «Махфӣ” 1113-1048 ҳиҷрӣ, духтари бузурги шоҳаншоҳ Аврангзеб ва шогирди аршади Мулло Муҳаммадсаид Ашрафи Мозандаронист. Вай бузургтарин шоири форсизабони Ҳинд аст, ки дар улуми арабӣ ва форсӣ доно буд.

Аксари авқот дар суҳбати аҳли адаб ва ташвиқашон  мегузаронд  ва ба тазвиҷ (хонадор шудан) нигароид. Дар сурудани шеър сеҳр мекард. Девонаш болиғ ба понздаҳ ҳазор байт, муштамил бар ғазалиёту қасоид ва мухаммасоту рубоиёт ва тарҷеъбанду таркиббанд аст. Аз сабки Урфӣ пайравӣ карда, барои шӯхиҳои шоирона шуҳрати хоссе дорад.

Аз ӯст:

Булбул аз гул бигзарад, чун дар чаман бинад маро,

Бутпарастӣ кай кунад, гар барҳаман бинад маро?

Дар сухан махфӣ шудам монанди бӯ дар барги гул,

Ҳар кӣ хоҳад  диданам, гӯ, дар сухан бинад маро.

****    *****     *****

Ишқ чун ояд, барад ҳуши дили фарзонаро,

Дузди доно мекушад аввал чароғи хонаро,

Ончи мо кардем ба худ ҳеҷ нобино накард,

Дар миёни хона гум кардем соҳибхонаро.

****    *****     *****

Бирав тавофи диле кун, ки Каъбаи Махфист,

Ки он Халил бино карду ин Худо худ сохт.

****    *****     *****

Гарчи ман Лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,

Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост.

Баски бори ғам бурун андохтам бар осмон,

Ҷома нилӣ кард, инак бин, ки пушти ӯ дутост,

Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,

Зебу зинат бас ҳаминам, номи ман Зебунисост.

****    *****     *****

Аз қазо оинаи чинӣ шикаст,

Хуб шуд, асбоби худбинӣ шикаст.

****    *****     *****

Аз тобу табам меҳру саморо кӣ хабар кард?

В-аз гиряи ман абру ҳаворо кӣ хабар кард?

Берун ҳама сарсабзу дарунам ҳама пурхун,

Аз ҳолати ман барги ҳиноро кӣ хабар кард?

****    *****     *****

Май чунон кард муридам, ки агар пир шавам,

Дар кафам ҷои асо гардани мино бошад.

****    *****     *****

Бишканад дасте, ки хам дар гардани ёре нашуд,

Кӯр беҳ чашме, ки лаззатгири дилдоре нашуд.

Кори мо охир шуду охир зи мо коре нашуд,

Мушти хоки мо ғубори кучаи ёре нашуд.

Солҳо хуни ҷигар дар нофи оҳу шуд гиреҳ,

Мушк шуд, аммо чӣ шуд, холи рухи ёре нашуд?

****    *****     *****

Шамъему хондаем хати сарнавишти хеш,

Моро барои сӯзу гудоз офаридаанд.

****    *****     *****

Эй садаф, ташна бимиру суи найсон манигар,

Баҳри як қатраи обе шикамат бишкофанд.

****    *****     *****

Парвона нестам, ки ба як шӯъла ҷон диҳам,

Шамъам, ки ҷон гудозаму дуде наёварам.

****    *****     *****

Эй обшор, навҳагар аз баҳри чистӣ?

Чин бар ҷабин фиканда зи андӯҳи кистӣ?

Дардат чӣ дард буд, ки чун ман тамоми шаб

Сарро ба санг мезадию мегиристӣ?

****    *****     *****

Гуфтам: Эй маҳ, бо рақиби рӯсияҳ камтар нишин,

Зери лаб хандиду гуфт: Ӯ низ мегӯяд чунин.

****    *****     *****

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.