Порсигӯёни Ҳинду Синд. Амир Хусрави Деҳлавӣ
Абулҳасан Ибни Сайфуддин Маҳмуд маъруф ба Амир Хусрави Деҳлавӣ. Мутаваффо баъди соли 825 ҳиҷрӣ, бузургтарин ва пуркортарин шоири порсигӯи Ҳиндустон, ки дар авоили ҳол “Султонӣ” тахаллус мекарда. Тасониф ва ашъори форсии ӯро дар тазкираҳо бештар аз чаҳорсад ҳазор байт навиштанд. Аз он ҷумла девони ашъор шомили панҷ қисмат “Туҳфат–ус–сағир”,”Васат–ул–ҳаёт”,”Ғурат–ул–камол”ва ҷавоби “Хамса”–и Низомӣ: “ Матлаъ-ул-анвор“,”Ширину Хусрав”,”Маҷнуну Лайлӣ”,”Оинаи Искандарӣ”ва “Ҳашт биҳишт” ва манзумаҳои дигар,монанди “Қирон-ус-саъдайн”,”Нуҳ сипеҳр”,”Мифтоҳ–ул–футуҳ”,”Дувалронӣ ва Хизрхон”,ки гузашта аз мазоёи адабӣ арзиш таърихӣ ва иҷтимоӣ низ доранд.
“Қирон–ус–саъдайн” маҷмӯаҳое аз як силсила ташбеҳоти олии қаламист, ки масоилу мавзӯоти мухталифро муҷассам месозад. Ба илова ду нуктаи комилан бикрро аз ашъори Амир Хусрав барои мо равшан мекунад:
1-Ашъори бо як вазну қофия,ки барои унвони фасли мухталиф бисёр муносибанд ва метавон онҳоро ба сурати қасида ба якдигар муртабит сохт.
2- Теъдоде ғазал, ки эҳсосоти фусулро қабл аз зикри он мунъакис месозад ва дар айни ҳол дорои ҳолати якнавохти вазни маснавӣ намебошад.
“Нуҳ сипеҳр”нуҳ бахш дорад ва дар баҳрҳои мухталиф суруда шудааст. Аз он ҷумла баҳри раҷази мусаддаси матвӣ (муфтаъилун,муфтаъилун,муфтаъилун), ки ибтикори Хусрав мебошад.
Дар ғазал пайрави шеваи Саъдӣ буда ва ғолибан мазомини ишқӣ ва масоили ирфониро ба забони сода ва пурсӯз дар баҳрҳои кӯтоҳу латиф баён кардааст. Дар қасоиде, ки аз ғазалиёташ матинтар аст, сухангӯёни бузург, монанди Камолуддини Исмоил,Ҳоқонӣ,Анварӣ пайравӣ кардааст.”Хамса”-аш аз “Хамса”-ҳои тамоми муқаллидони Низомӣ нисбатан беҳтару бартар аст. Дар миёни шуарои Эрон низ нуфуз дошта ва бисёре аз онҳо, махсусан дар ҳикоёт ва маснавиёти ишқангез сабки ӯро тақлид кардаанд ва ”ҳамеша орзуи Ҷомӣ–шоири бузурги қарни нуҳум (15 мелодӣ) он будааст,ки ба пойи ӯ бирасад”. Шеъраш лаҳну латофати хос дорад, чун туркинажоду ҳиндузода буд, каламоти туркӣ ва ҳиндӣ низ дар шеъри ӯ дида мешавад ва метавон “сабки вайро талиъаи сабки ҳиндӣ ба шумор овард”.
АЗ ӮСТ:
Абр мебораду ман мешавам аз ёр ҷудо,
Чун кунам дил ба чунин рӯз зи дилдор ҷудо?
Абру борону ману ёр ситода ба дуо,
Ман ҷудо гирякунон, абр ҷудо, ёр ҷудо.
Сабза навхезу ҳаво хурраму бӯстон сарсабз,
Булбули бахтсияҳ монда зи гулзор ҷудо.
*** *** ***
Рӯзҳо шуд, ки дилам рафту дар он зулф бимонд,
Ё Раб, он Юсуфи гумгашта ба зиндон чун аст?
*** *** ***
Гуфтӣ:Андар хоб гаҳ–гаҳ рӯйи худ бинмоямат,
Ин сухан бегонаро гӯ, к–ошноро хоб нест.
*** *** ***
Агар фирдавс ба руйи замин аст,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
*** *** ***
Кофири ишқам,мусулмонӣ маро даркор нест,
Ҳар ранги ман тор гашта, ҳоҷати зуннор нест.
Аз сари болини ман бархез, эй нодон табиб,
Дардманди ишқро дору ба ҷуз дидор нест.
Нохудо дар киштии мо гар набошад, гӯ:Мабош,
Мо Худо дорем,моро нохудо даркор нест.
Халқ мегӯяд, ки Хусрав бутпарпстӣ мекунад,
Оре, оре мекунам, бо халқи олам кор нест.
*** *** ***
Меравию гиря меояд маро,
Соате биншин,ки борон бигзарад.
*** *** ***
Гуфтам: Чӣ гуна мекушиву зинда мекунӣ?
Аз як нигоҳ кушту ҷавоби дигар надод.
*** *** ***
Тан пир гашту орзуи дил ҷавон ҳанӯз,
Дил хун шуду ҳадиси бутон бар забон ҳанӯз.
Умрам ба охир омаду рӯзам ба шаб расид,
Мастию бутпарастии ман ҳамчунон ҳанӯз.
Бедор монд шаб ҳама халқ аз нафири ман,
В-он чашми ниммаст ба хоби гарон ҳанӯз.
*** *** ***
Ба маҳшар гар зи ту пурсанд Хусравро чаро куштӣ?
Сарат гардам, чӣ хоҳӣ гуфт, то ман ҳам ҳамон гӯям.
*** *** ***
Забони шӯхи ман туркиву ман туркӣ намедонам,
Чӣ хуш будӣ, агар будӣ забонаш дар даҳони ман!
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Он бо қарори ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Манижа Ибрагимова,
шуъбаи тарғиб ва
чорабиниҳои фарҳангӣ.