Профессор Аслиддин Низомӣ: Фалакхонӣ ҳеҷ гоҳ дарборӣ набуд
Дар ин бора доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ пас аз зуҳри имрўз дар маҳфили «Шинохти Фалак-шинохти миллат аст», ки ба Рўзи «Фалак» бахшида шуда буд, иборози назар намуд. Ин ҳамоиши басо ҷолибу муҳим бо талоши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар баргузор шуд.
Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуда, аз мақому манзалати Фалак ёдовар шуд. Вай руҷуъи кутоҳе ба таърихи фалаксароӣ дошт ва аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат барои рушди фалак ҳарф зад.
Сипас, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ суханронӣ намуд. Вай гуфт,ки суннатҳои фалакхонӣ дар аксари замон маҳз дар миёни мардуми куҳистон рушд намудааст. Фалакхонӣ дар дарборҳо, маҷлисҳои сершумор ва пуршукўҳи қишри болонишини ҷомеа маъмул набуд. Яъне, фалакхонӣ гарчанде навъи ҳунари устодона аст, вале ҳеҷ гоҳ дарборӣ набуд.
Ба андешаи ў анъанаҳои мухталифи ҳунари фалаксароӣ ҳамчунин дар Афғонистону Покистон машҳур аст. Ў аз намудҳои гуногуни фалаксароӣ-даштӣ, роғӣ, сафарӣ, паррон, равон ва дигар навъҳои он ёдовар шуд, ки бо баъзе сифатҳои бадеӣ ва тарзи иҷрояшон фарқ мекунанд.
Дар маҳфил меҳмонон аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Консерваторияи милии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари фарҳангии кишвар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ дастурҳои «Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2019, 2020 ва 2021 рўнамоӣ гардид. Дастурҳо аз муқаддима ва бахшҳои Президент, фарҳанг ва фарҳангшиносӣ, китобхонаҳо ва кори китобдорӣ, озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», осорхонаҳо ва осорхонашиносӣ, санъатшиносӣ, Шашмақом, Фалак, санъати рақс, театр, синамо, рассомӣ, балет, сирк, сайёҳӣ ва ғайра иборат аст, ки дар онҳо мақолаҳо ва натиҷаҳои пажуҳишҳои фарҳангшиносӣ ҷамоварӣ шудааст.
Дар қисмати фароғатии маҳфил ҳунармандон фалаксароӣ карданд.
Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.