Пурсиш ва посух. Аз Китобхонаи миллӣ киҳо ҳақи бурдани китоб ба хона доранд?

abonementАз ташрифоти чандсолаи меҳмонону хонандагони бешумори Китобхонаи миллӣ, ба натиҷа расидем, ки чанд нукоти муҳимро дар мавриди китоб мутолиа намудану ба орият гирифтани китоб, ки аз қоидаҳои китобхонаанд, онҳо намедонанд. Зеро аз онҳо бештари вақт ин суолро мешунавем: Оё китобро барои мутолиа ба хона бурда метавонем?

Аз ин ва дигар суолҳое, ки истифодабарандагони китобро машғул медорад, ба хулосае омадем, ки барои онҳо як роҳнамо лозим аст. Ба назардошти ин нукта тасмим гирифтем, ки дар зер руйхати нафаронеро, ки имкони ба хона бурдани китобро барои мутолиа доранд, биёрем.

узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раис, муовинони раис, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе;

хизматчиёни давлатии сиёсӣ;

хизматчиёни давлатии маъмурӣ;

хизматчиёни давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

хизматчиёни давлатии ҳарбӣ;

кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ;

аъзоёни пайвастаи (академикҳо) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

аъзоёни вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

ходимони илмӣ, докторони илм, номзадҳои илм, унвонҷўён, аспирантон, магистрантҳо;

кормандони Китобхонаи миллӣ.

Борҳо ба пурсиши хонандагони китоб, ки мегўянд чаро китобро барои мутолиа намедиҳед, то ба хона бубарем, дучор омадем. Мо низ барои посух гирифтан ба ин суол ба сармутахасиси Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллӣ Гадобег Маҳмудов муроҷиат намудем. Вай гуфт:

– Хидматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонахои миллӣ низоми махсуси худро дорад ва он  дар чанд самт роҳандозӣ мегардад: хидматрасонӣ тибқи дархости хонанда, хидматрасонӣ ба воситаи шабакаҳои электронии китобхона. Аммо додани китоб ба хона танҳо ба воситаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ роиҷ аст.

Ин тарзи хидматрасонӣ танҳо ба он гуруҳи истифодабарандаҳост, ки ба корҳои илмӣ,таҳқиқотӣ, пажўҳишӣ машғуланд. Ва онҳо тибқи мактубҳои кафолатӣ аз тарафи муассисаҳое, ки дар он ҷо кору фаъолият мекунанд, чун аъзои абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ ба китобхона қабул карда мешавад.

Нафарони номбурда барои гирифтани китоб тибқи меъёрҳои соҳа то 15 рўз ҳақ доранд китобро барои мутолиа ба хонаву коргоҳ бубаранд.

Хотиррасон менамоем, ки барои мутолиаи китоб, ҳамзамон хондан ё бо худ гирифтани китобҳои электронии Китобхонаи миллӣ шуморо лозим аст аъзои китобхонаи миллӣ бошед. Ба орият гирифтани китоб танҳо дар сурати узви Китобхонаи миллӣ ва шуъбаи абонементи байни китобхонавӣ ва будан имкон дорад.

Раҳима АЪЗАМ, бахши
матбуот ва робита бо ҷомеа.