Рӯ ба илм. Барф чӣ гуна тавлид мешавад?

Барф оби фусурдашуда, ки ба шакли булўрҳо (кристаллҳо)-и реза дар фасли сармо аз абрҳо ба рўйи Замин мерезад ва рангаш сафед аст. Барф дар абрҳо дар натиҷаи дар ҳарорати  аз 00С паст ба зарраҳои чанг часпида, ях кардани қатраҳои об ба вуҷуд меояд.

Ба булўрҳои яхи дар аввал қутрашон то 0,1 мм дар вақти афтиш ба Замин дар натиҷаи конденсатсия нами ҳаво часпида, ҳаҷмашон бузург мешавад ва булўрҳои шаклашон шашқира ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи булўрбандии молекулаҳои об байни шуоъҳои булўр кунҷҳои 600 ва 1200 ҳосил мешаванд. Булўри асосии об дар ҳамворӣ шакли шашкунҷаи мунтазамро дорад. Ба қуллаҳои чунин шашкунҷа булўрҳои нав часпида, шаклҳои гуногуни ситорачаҳо-барфакҳо ба вуҷуд меоянд.

            Ранги сафеди барфро ҳавои дар барфак мавҷуд ҳосил мекунад. Рўшноии басомадҳояшон  гуногун дар сатҳҳои сарҳаддии байни булур ва ҳаво инъикосгардида, пароканда мешавад. Қисми зиёди таркиби барфакҳоро ҳаво ташкил медиҳад (95 %), ки зичии хурд ва суръати нисбатан пасти афтиши онҳо (0,9 км/соат)-ро таъмин мекунад.

            Калонтарин барфак дар ИМА ба қайд гирифта шудааст, ки қутраш 38 см буд (1887). Одатан қутри барфак 5 мм, вазнаш 0, 004 г мешавад (вазни барфи лаклакӣ то 0,5 г-ро ташкил дода метавонад.

            Ахтаршиноси лаҳистонӣ И. Кеплер барфро дар асари худ «Дар бораи барфакҳои шашкунҷа» на чун ҳодисаи табиӣ, балки ҳамчун шакли ҳандасӣ баррасӣ намуд. Олими фаронсавӣ Р. Декарт дар асарҳои худ шакли барфакҳоро омўхтааст. У. Бентли (фермери амрикоӣ) бори аввал акси саҳеҳи барфакро зери микроскоп ба даст овард (1855). Ў дар давоми 46 сол зиёда аз 5000  акси барфакҳоро ҳосил кард. Дар натиҷаи омўзиши ин аксҳо маълум шуд, ки ду барфаки сохташон яксон вуҷуд надорад.

Аз миқдори боридани боришот, бахусус барф намнокии сол муайян карда мешавад.

Бозчоп аз “Энсиклопедияи Миллии Тоҷик”. – Душанбе, 2013. – Ҷ.2. – С. 389.

 

Муаллиф А. Абдувалиев

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.

 

Теги: