РӮ БА ИЛМ. Дар бораи сурмасанг чиро бояд донист?
Сурма маъдани табииест, ки дар гурўҳи V – и унсурҳои даврии Менделеев ворид шуда, массаи атомиаш 121,75 мебошад. Сурмасанг дар табиат дар конҳо ба шакли (сангмонанд, хокаӣ) сафеди нуқраӣ ва тирраранг дучор меояд. Кони сурмасанг дар кўҳсор аст. Сурмасангро аз он ҷо бадар менамоянд, қисмашро ба пораҳо ҷудо карда, аз порачаҳои нисбатан мустаҳкамтараш қаламчаи ҳанвор месозанд.
Сурмасанг, аз лавозимоти ороишии маҳаллии занон аст. Маъмулан барои таровати рўю мўй ва ҷазобу диланггезтар шудани чеҳра бонувони тоҷик аз айёми қадим лавозимоти ороишии табии фаровонро истифода мебурданд. Мардуми мо аз қадим дар баробари истифода намудани гулу гиёҳ барои ороиш ва нигоҳубини андомгони хеш аз сангҳое ба монанди cурмасанг, ки дар радифи лавозими ороишӣ буданаш арзиши бахшидани шифоро низ дорад, хеле фаровон кор гирифтаанд.
Сурма маъдани табииест, ки дар гурўҳи V – и унсурҳои даврии Менделеев ворид шуда, массаи атомиаш 121,75 мебошад. Сурмасанг дар табиат дар конҳо ба шакли (сангмонанд, хокаӣ) сафеди нуқраӣ ва тирраранг дучор меояд. Кони сурмасанг дар кўҳсор аст. Сурмасангро аз он ҷо бадар менамоянд, қисмашро ба пораҳо ҷудо карда, аз порачаҳои нисбатан мустаҳкамтараш қаламчаи ҳанвор месозанд.
Се навъи истифода намудани сурмасанг ривоҷ дорад: авалӣ он осон аст, ки қаламчаро, ки ё аз сурмасанг ё аз санги одӣ таҳия шуда бошад, ба сурмасанг месоянд ва пас аз ранггирифтанаш ба пилкҳои чашм мекашанд. Дувум, қадре сурмасангро кўфта, хока карда, дар сурмадонхалтачаи махсусе меандозанд ва қаламчаро дар вақти зарурат ба хока зада ба килҳо мемоланд ва пилкҳо ранг мегиранд. Дар тарзи сеюми истифодаи сурмасанг қадре хокаи онро дар сурмадон давотшакл боандаке оби чашма (зеро он ҳанўз бо олудагию уфунатҳо омехта нашуда) меомезанд ва бо қаламча ба чашм мекашанд.
Сурмасангро дар боварҳои мардум нахуст ба чашми тифл мекашанд, то дар оянда чашмонаш пурнур ва калон шаванд. Дар замонҳои пеш бонувон барои сурмаву бўнҷ (қаламча барои сурмамолӣ) сурмадон ё бўнҷхалтаи зебое дўхта, онро ба сўзанак дар барии куртаашон меовехтанд ва дар ҳар маврид аз он истифода мекарданд. Чун дар нисбати хосияти ороишӣ хусусияти табобатиаш афзалтар буд, мардҳо низ сурма мекашиданд.
Дар табиат аксаран ранги нуқрагуни сурмасанг маъмул аст, вале занони соҳибтаҷриба чунин анвои сангро муддати ним соат дар зарфе ҳамроҳ бо шир меҷўшониданд. Дар натиҷа санг нармтар («пухта») шуда, ранги он сиёҳи ҷилодор мегардид. Бўнҷ (сангқалами сурмамолӣ)- ро ба ҳам ё аз сиёҳсанги соҳили дарёҳо ё аз худи сурмасанг таҳия карда, ба ҳамин тартиб «мепухтанд».
Ҳоло ба сурмасангу бўнҷ бештар сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ кардаанд. Хокаи табии сурмасанг (Sb2S3) –ро дар замони муосир дар полиграфия, аз ҷумла хокаи принтерҳои компютер ва аккумуляторҳо васеъ истифода мебаранд. Чун сурмасангҳои табиӣ дар пайвастагиҳои хеле гуногуни химиявӣ дучор меоянд, вобаста ба ин баъзе анвои онҳо музиранд, вале қисман, минҷумла сурмасанг махсуси лавозими ороишӣ, бахусус чашм, баъди «пухта» шуданаш хосияти шифоӣ гирифта, безарар мегардад.
Бозчоп аз «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ. 2 . – С. 356-357.
Муаллифон Б. Раҳматов., Р. Алимшоева