Рӯ ба илм: Дар бораи ғунда чӣ медонед?

Ғунда (Lanthrodectes tredicimguttatus), рутайло, як навъ тортанаки заҳрнок. Рангаш сиёҳ буда, дар шикам 13 адад холи сурхи давраш сафед дорад. Дарозии модинааш 10-20 мм, наринааш 4-7 мм. Дар Африқои Шимолӣ, Осиёи Ғарбӣ, Аврупои Ҷанубӣ, доманкўҳу биёбонҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, паҳн гардидааст.

 Ғизои ғунда, асосан, ҳашарот мебошанд. Дар заминҳои бикр, канори ҷўй, ҷар ва дигар мавзеъҳо дучор меояд. Беҳтарин ҷойи зист барои ғунда маҳалли тобистонаш гарм ва тирамоҳаш муътадил аст.

Ғундаи модина дар тарқиши замин, лонаи хояндаҳо, иншооти обпартою ҳаводиҳӣ ва дигар ҷойҳои монанд ба инҳо тори мустаҳкам танида, тухм мегузорад. Тухмҳо зимистонро андаруни пила, ки ду ё чаҳортоӣ дар торҳо овехта мешаванд, паси сар менамоянд. Ғундабачаҳо моҳи апрел мебароянд ва шамол онҳоро якҷо бо торҳояшон бардошта мебарад.

Моҳи июн ғундаҳо болиғ мегарданд. Бо фаро расидани мавсими гармо ғундаҳои нарина ва модина барои муваққатан тор танидану ҷуфт шудан ҷойи мувофиқ меҷўянд. Вақте ки ғундаи нарина ғундаи модинаро бордор кард, ғундаи модина ҳамон лаҳза вайро дошта мехўрад. Баъд аз ин ғундаи модина боз дар ҷустуҷўи макони муносиб  барои сохтани лонаи доимӣ ва тухм гузошану пила танидан мешавад.

            Заҳри ғунда нисбат ба заҳри ҷарангмор 15 баробар пуртаъсир аст. Ҷойи газидаи ғунда сурх шуда, дарди тоқатфарсо падид меояд, ки он баъд аз 15-30 дақиқа ба тамоми бадан-шикам, миён, қафаси сина ва пойҳо паҳн мегардад. Аз таъсири заҳри ғунда дар аксари ҳолатҳо дамкўтоҳӣ, дилзанӣ, сарчархӣ, сардард, ларза, дилбеҳузуриву қай, серарақӣ ва беҳолӣ пайдо мешаванд; ранги рўй меканад ё баръкс, рўй сурх шуда, сандуқи сина ва зери шона тазйиқ меёбад. Пас аз 3-5 рўз дар пўст доначаҳо медаманд ва ҳоли бемор беҳ мегардад. Шахси ғундагазида, одатан, пас аз 2-3 ҳафта шифои комил ёбад ҳам, беш аз як моҳ худро бемадор ҳис мекунад. Дар сурати нарасонидани ёрии саривақтии тиббӣ ҳатто мумкин аст ў баъди 1-2 рўзи газидани ғунда бимирад.

            Барои муолиҷаи ғундагазида ба варид (сиёҳраг) ё зери пўст 30-70 мл подзаҳр, 10 мл маҳлули 10- фоизаи сулфати магний тазриқ мекунанд. Аз доруҳои дил ва оромибахш (новокаин, промедол, серофантин ва ғайра) низ истифода мебаранд. Олими рус П.И.Мориковский бо гўгирдчўб сўзондани ҷойи ғундагазидаро тавсия додааст. Ин корро бояд на дертар аз 1-2 дақиқа пас аз газидани ғунда анҷом дод (заҳр зери таъсири гармӣ таҷзия мешавад).

            Аз заҳри ғунда шутур, гов ва асп бештар зарар мебинанд. Бинобар ин, дар ҷойҳое, ки ғунда мавҷуд аст, бештар гўсфандонро мечаронанд, зеро онҳо аз заҳри он камтар зиён дида, лонаашро поймол мекунанд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 140-141.

Муаллиф:  С. Муҳиддинов.

 

Таҳияи Фируза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ