Ғурбатии Лоҳурӣ ва Ғурбатии Ҳисорӣ

Ғурбатии Лоҳурӣ Хайруддин, маъруф ба Шоҳ Абулмаолӣ соли 1552 дар Шергаҳи Панҷоб ба дунё омадааст. Ғурбатии Лоҳурӣ шоир ва нависандаи форсизабони Ҳиндустон, орифи силсилаи қодирия мебошад. Гузаштагонаш аз Кирмони Эрон ба Ҳиндустон кўчидаанд ва Панҷобро макони сукунат ихтиёр намудаанд. Тарбияи ўро амакаш Шайх Довуди Кирмонӣ, ки аз орифони маъруфи тариқати қодирия буд, ба уҳда дошт.

Дар тариқат ба Шайх Довуд дасти иродат дод. Дар ашъораш Шайх Довуди Кирмониро ба ҳадде ситудааст, ки Адбулқодири Бадоунӣ дар ин маврид навиштааст:  «…ҷуз пирпарастӣ шеваи дигар надониста».

Соли 1602 бо хоҳиши Шайх Довуди Кирмонӣ барои иршоди толибон ба Лоҳур рафт ва миёни мардуми он диёр маъруф гардид. Файзии Файёзӣ, Абдулқодири Бадоунӣ, Шайх Муҳаддиси Деҳлавӣ ва дигарон бо ў мукотиба доштанд. Дорошукўҳ дар «Сафинату-л-авлиё» соҳибкаромат будани ўро зикр намудааст. Ба қавли муаллифи «Тазкираи шуарои Панҷоб» Сарҳанг Хоҷа Абдуррашид «ошиқе дардманд» ва «солике поябаланд» будааст. Шайх Муҳаддиси Деҳлавӣ дар «Шарҳи «Футуҳу-л-ғайб» дар борааш маълумот меоварад. Ғурбатии Лоҳурӣ муаллифи китобҳои ақоиди суфия: рисолаи «Ғавсия» (дар манқабати Шайх Абдулқодири Гелонӣ), «Туҳфаи қодирия» (дар саргузашт ва каромоти Шайх  Абдулқодири Гелонӣ), «Шавқия» (дар баёни кайфияти муноҷот ва аҳволи шавқ ва беқарории суфиёна), «Мўниси ҷон» (дар ҳикоёт ва латоифи пандомўз ва зиндагиномаи бархе аз шоирони форсигў дар чаҳор мақола), «Заъфаронзор», «Нафаҳоти Довудӣ», «Гулдастаи боғи Ирам», «Ҳашт маҳфил» (суханони вай аз ҷониби писараш Сайид Муҳаммадбоқир гирдоварӣ шудаанд) мебошад.

Ғурбатии Лоҳурӣ ба забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Дар форсӣ Ғурбатӣ ва дар арабӣ Маолӣ тахаллус мекард. Шуҳрати суханварии ў на танҳо дар сарзамини Ҳинд, балки дар Эрону Хуросон ва Мовароуннаҳр низ паҳн гардида буд. Дар ғазал ба Ҳофиз пайравӣ намудааст. Аз шумори шоиронест, ки шатҳиёт (дар тасаввуф – суханони мухолифи зоҳири шаръ гуфтан ва калимоти мухолифи шариат ба забон овардан)-ро дар шеъри форсии Ҳинду Покистон ворид намуд.

Аз Ғурбатии Лоҳурӣ девони ашъор иборат аз ғазалиёт, қасидаҳо, қитъаҳо, муаммоҳо ва рубоиҳо (маҳфуз дар Китобхонаи Донишгоҳи Панҷоби Лоҳур) боқист. Дар бораи девонаш гуфтааст:

             Девони Ғурбатӣ ҳама сўз асту ошиқӣ,     

             Девонаест, дар пайи тазйин намешавад.

 

              Намунае аз ашъори Ғурбатии Лоҳурӣ:

                 Ишқбозонро нишони дигар аст,

                Ин маониро баёни дигар аст.

               Ин ҷаҳону он ҷаҳон маъвои туст,

               Сайри эшон дар ҷаҳони дигар аст.

               Гар нахоҳанд обу нон ҳаргиз, чӣ ғам?

                Қути эшон з-обу нони дигар аст.

                Худфурўшӣ нест дар бозори ишқ,

                Ҷойи ин савдо дукони дигар аст.

                Ғурбатиро чун Масеҳову Хизир

                Ҳар дам аз лаъли ту ҷони дигар аст.

Ғурбатии Лоҳурӣ соли 1615 дар Лоҳур аз олам чашм пўшидааст.

Бозчон аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 144-145.

Муаллиф: З. Ғаффорова.

 

    Ғурбатии Ҳисорӣ

Ғурбатии Ҳисорӣ шоири форсизабони Ҳиндустон будааст. Дар зодгоҳаш – Ҳисор таҳсили илм карда, дониши комил андўхта буд. Ба тасаввуф таваҷҷуҳ дошт. Дар синни камолот ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори Акбаршоҳ хидмат кардааст. Дар анвои гуногуни адабӣ шеър гуфтааст.

Ғурбатии Ҳисорӣ соҳибдевон будааст, аммо девонаш то ҳол дастрас нагардидааст.  Ин абёт аз ўст:

                                                             Мухтасар буд, ҳадисе зи лабаш фаҳм нашуд,

                                                   Хат ба гирди лаби ў ҳошияе мухтасар аст.

                                                                                            ***

                                                             Даҳони ёр бо ман дўш рамзе гуфт пинҳонӣ,

                                                  Ки ман сарчашмаи оби ҳаётам, ҳеҷ медонӣ?

                                                                                           ***

                                                             Қазо ҷудо зи ту хунам чаро намерезад,

Магар зи дасти қазо ин қадар намеояд?

Ғурбатии Ҳисорӣ соли 1558/59 дар шаҳри Аграи Ҳиндустон аз олам чашм пўшидааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 145.

Муаллиф: Ҳ. Қаландаров.

 

Таҳияи Ҳусния Назарова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.